
МУОЛИҶАИ ГАСТРИТ
— Бемории гастрит бо дард ва ё сўхтани меъда, дилбеҳузурӣ, исҳол ва гум шудани иштиҳо зоҳир мешавад. Картошка сабзавоти аз калий ва крахмал бой аст. Тавсия дода мешавад, ки онро барои барқарор кардани
бадан ва тақвияти масуният дар маҷмўъ истеъмол кунед. Аммо, ҳангоми гирифтори гастрит шудан метавонед танҳо картошкаи пухтаро бихўред ва мавҷудияти картошкабирён, чипс ва картошкаи
фаронсавиро фаромўш кардан лозим аст.
-Чойкаҳак 50,0 г, гули дарахти липа 25,0 г, решаи лух (аир) 20,0 г, гули бобуна 30,0 г ва меваи розиёна (фенхел)-ро 50,0 грамм гирифта, бо якдигар омехта кунед. Аз он 2 қошуқ гирифта, ба чойнике андохта, аз болояш 0,5 литр оби ҷӯшон резед ва гарм пӯшонед, 40 дақиқа дам диҳед. Дар давраи авҷи беморӣ дар давоми рӯз аз рӯи принсипи «кам ва зуд-зуд» истеъмол кунед. Дар давраи табобат ин даворо ним соат пеш аз хўрок истеъмол кардан беҳтар аст.
-Ҳангоми гастрит шумо метавонед себ ва ноки ширин, қот (смородина)-и сиёҳ, банан, гелос, тамашк (малина) ва қулфинайро бидуни хатар бихўред, аммо истеъмоли меваҳои ситрусӣ, ангур ва анорро маҳдуд кардан лозим аст. Бананҳои пурра пухтагиро интихоб кунед, зеро онҳо дар меъда ба осонӣ ҳазм мешаванд.
-Дар аксари ҳолатҳо, бактерияҳои Helicobacter ба пайдоиши гастритҳои музмин мусоидат мекунанд. Барои мубориза бо онҳо, доруҳое, ки онҳоро нест мекунанд, бояд истеъмол карда шаванд. Антибиотики муассири табиии зидди ин сироят асали табиӣ мебошад. Он илтиҳоби луобпардаи меъдаро коҳиш медиҳад ва масуниятро тақвият медиҳад. Хўрокҳои биринҷдор ба луобпардаи меъда таъсири мусбат мерасонанд ва онро аз ҳассосияти минбаъда муҳофизат мекунанд. Барои гирифторони бемории гастрит хўрдани шўрбои биринҷӣ, ширӣ ё шавлаи биринҷии хуб пухташуда, ки дар шир пухта шудааст, муфид аст. Аммо, барои одамоне, ки ба қабзият майл доранд, хўрокҳои биринҷб мувофиқ нестанд.
МУОЛИҶАИ ЗАХМИ МЕЪДА
— Бист граммӣ гулҳои бобуна, баргҳои пудина, шибит, решаи лух ва решаи ширинбияро бо ҳам омехта, 2 қошуқ аз он гирифта, ба як истакон оби ҷӯшон андозед ва 20 дақиқа дам диҳед. Рўзе се маротиба сеяки истаконӣ 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед.
-Карами дар намак хобондашуда барои меъда ва рўдаҳо нисбат ба тару тозаи он хеле муфид аст. Он тамоми ҷузъҳои ғизоӣ, витаминҳо, минералҳо ва нахро дар худ нигоҳ медорад.
-Исфаноҷ аз ҳисоби миқдори зиёди антиоксидант доштанаш ба суперфудҳо дохил карда мешавад. Инҳо пайвастагиҳои табиие мебошанд, ки радикалҳои озодро безарар гардонида, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунанд. Фоидаи исфаноҷ дар пешгирии бемориҳои меъдаю рӯда исбот шудааст. Исфаноҷ организмро бо маводи ғизоии зарурӣ, ба монанди аминокислотаҳо, витаминҳо, минералҳо ва ғайра таъмин мекунад. Дар исфаноҷ миқдори зиёди нах мавҷуд аст, ки кори рӯдаҳоро беҳтар ва қабзиятро пешгирӣ менамояд.
-Беморони захми меъда бояд аз хўрокҳои бирёнӣ, шўрбоҳои сергўшт ва моҳӣ парҳез кунанд, аз ҳад зиёд нахўранд. Дар як шабонарўз 5-6 маротиба кам-кам бихўранд. Маҳсулоти ба зардаҷўшӣ мусоидаткунандаро истеъмол накунанд, мисли чойи талх, қаҳва, шоколад, нўшокиҳои газдор, спиртӣ, пиёз, сирпиёз ва ғизоҳои серравған. Агар хоҳиши истеъмоли чизи ширин ба миён ояд, афзалият бояд ба асал (ба миқдори кам) ё мураббои хонагӣ дода шавад.
-Истеъмоли зардчўба метавонад дар бемории захми меъда таъсири пешгирикунанда дошта бошад.
-Як қошуқ гули бобунаро дар як истакон оби ҷўш андохта, 20 дақиқа дам диҳед. Рўзе се маротиба 20 дақиқа пеш аз ғизо сеяки истаконӣ онро истеъмол кунед.
-Стрессро, ки бо зиёд шудани хавфи пайдоиши захм алоқаманд аст, назорат кунед. Ба реҷаи ҳаррӯзаи худ фаъолиятҳоеро дохил кунед, ки ба рафъи стресс кӯмак мекунанд, ба монанди машқҳои оромкунандаи асаб ё йога.
-Як қошуқӣ барги зуф (подорожник) ва мармарак (шалфей)-ро ба чойникчае андохта, аз болояш ду истакон оби ҷўш резед. Баъди ду соат дам додан рўзе се маротиба ним истаконӣ истеъмол кунед.
-Як ё ду қошуқ тухми зағирро ба термос бо ду пиёла оби ҷӯшон рехта, то субҳ гузоред. Субҳ онро ба дегча андозед, пеш аз ҷўш омадан фавран аз оташ дур кунед.Ҷўшобаро сеяки истакон субҳгоҳон ним соат пеш аз наҳорӣ истеъмол кунед.
МУОЛИҶАИ БЕМОРИҲОИ РЎДА
-1-2 қошуқча решаи розиёна (девясил)-ро дар чойникчае андохта, як истакон оби ҷўшон бирезед ва гарм пўшонида, 20 дақиқа дам диҳед. Ним соат пеш аз хўрок ду маротиба дар як рўз давоми ду ҳафта ним истаконӣ гармогарм бинўшед.
-2 қошуқ гули ҳамешабаҳор (календула)-ро дар чойнике андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯш бирезед ва гарм пўшонида, ним соат дам диҳед. Пасаз хӯрокхӯрӣ дар як рӯз се маротиба 2 қошуқӣ аз ин даво истеъмол кунед. Дар муолиҷаи кандидози рӯда, тибқи таҳқиқот, календула аз доруи маъруфи флуканозол камӣ надорад. Он бар зидди дигар занбӯруғҳо ва вирусҳо низ самаранок аст. Ва ҳамаи ин хосиятҳои аҷибе, ки дар ин гиёҳ бо ҷилавгирӣ аз фаъолияти микроорганизмҳои гуногун алоқаманданд, бо таъсири пурқуввати зиддиилтиҳобӣ ва барқароркунанда якҷоя карда мешаванд!
-Якуним қошуқ чойкаҳак (зверобой)-ро дар зарфи сирдор андохта, як истакон оби хунук резед. Баъд онро пўшонида, 15 дақиқа ҷўшонед. Баъди хунук шудан аз дока гузаронед. Пеш аз хўрок рўзе ду маротиба 40 мл (панҷяки истакон) гарм намуда, истеъмол кунед. Курси ҳадди ақалли табобат 1 ҳафта аст.
-Як қошуқ мармарак (шалфей)-ро дар чойникчае андохта, аз болояш як истакон оби ҷўш резед. Давоми ду ҳафта ҳамарўза сеяки истаконӣ рўзе се маротиба истеъмол кунед. Мармарак хосияти зиддиуфунӣ ва бедардкунӣ дошта, халаи рӯдаро бартараф мекунад.
-Як қошуқ гули бобуна (ромашка)-ро дар чойникчае андохта, аз болояш як истакон оби ҷўш резед ва ним соат дам диҳед.Тайи ду ҳафта аз ин даво рўзе се маротиба ним истаконӣ истеъмол кунед. Бобуна раванди ҳозимаро беҳтар намуда, мушакҳои рўдаро ором ва халаи онро бартараф мекунад.Таъсири зидди диарея дошта, пайдошавии газро дар рўдаҳо коҳиш медиҳад.
-Ба тарзи дар боло зикршуда аз пудина ҳам метавон ҷўшоба тайёр кард. Пудина дарди рўдаро рафъ намуда, дилбеҳузурӣ ва халаро бартараф месозад, таъсири зидди диарея ва антисептикӣ дошта, ҳазмро беҳтар мекунад.
Омодасоз С. Наҷмиддинзода



