
Анемияро дар миёни мардум «камхунӣ» мегўянд, вале ин маънои онро надорад, ки дар рагҳо хуни кам ҷорӣ мешавад. Дар асл, зимни анемия дар хун миқдори гемоглобин (моддаи сурхкунандаи ранги хун) кам мегардад.
Ин беморӣ сабабҳои гуногун дорад, аз норасоии оҳан то вайроншавии гемоглобин. Оҳан муҳимтарин омили пайдошавии гемоглобини сурх ба шумор меравад. Қариб 70 дарсади оҳани таркиби ҷисми инсон дар хун ҷой гирифтааст. Боқимондаи он дар ҷигар, сиёҳлабак ва мағзи устухон мебошад.
Нишонаи норасоии оҳан рангпаридагӣ, хасташавии доимӣ (беҳолӣ) ва зуд- зуд задани набз аст. Дарди сар, асабоният ва нафастангӣ ҳангоми кори ҷисмонӣ низ азият медиҳад. Пўст хушк шуда, нохунҳо шикананда мешаванд. Дар гўшаи лабҳо донача баромада, сўзиш мекунад. Забон сўзиш намуда, раванди фурўбарӣ душвор мешавад. Аз ин шакли анемия бештар занон азият мекашанд, ки сабабаш талафи хун зимни ҳайзбинӣ ва таваллуд аст. Дар ин давраҳо занон бояд бештар ғизои дорои миқдори зиёди оҳан бихўранд.
Ғайр аз ин анемия метавонад аз сабаби норасоии витамини В12 ва кислотаи фолат низ сар занад. Одатан ҷисми инсон витаминро аз ғизоҳо мегирад. Агар меъда бемор бошад, азхудкунии витамини В 12 маҳдуд мегардад. Кислотаи фолат низ дар ҷисм захира намешавад. Аз ин рў, мудом ғизои кислотаи фолатдор истеъмол кардан лозим аст.
Бо мақсади рафъи норасоии витамини В бештар карами дар намак хобондашуда ва лўбиёгиҳоро истеъмол бояд кард. Моҳӣ, гўшт, тухм ва маҳсулоти ширӣ аз оҳан ва витамини В12 бой мебошанд. Зимни норасоии кислотаи фолат истеъмоли ҷигар, маҳсулоти ширӣ ва кабудиҳо муфиданд.
С. НАҶМИДДИНЗОДА



