• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Сино САФОӢ: Шояд номам маро ба касбам бурд

от user
в Фарматсевтика
0

«Падарам омӯзгор буд, аммо бо растаниҳои шифобахши Ватан мардумро низ табобат мекард. Шояд бинобар эҳтироми бузург ба нобиғаи илми тиб Абуалӣ ибни Сино доштанаш маро Сино ном кардааст, — мегӯяд дорусоз Сино Сафоӣ.

Сино зодаи яке аз деҳаҳои зебоманзари ноҳияи Айнӣ буда, хатмкардаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ мебошад.  Беш аз 10 сол инҷониб бо ихтисоси дорусоз дар хидмати халқ буда, ба дарди мардум то андозае даво мебахшад.

-Шояд исмам буд, ки маро ба ин касб пайваст ва ё шифокории падарам ба беморон буд, ки аз хурдӣ ба ин касб завқ пайдо намудам. Беҳуда дар урфият намегӯянд, ки «мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз» ва ҳамин тавр худро дар ин соҳа дарёфтам, — бо табассум изҳор намуд Сино.

Сино Сафоӣ дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, баъди хатми коллеҷи тиббӣ фаъолияти худро дар дорухонаи ширкати «Дар-дар» – и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, донишу малакаашро сайқал медиҳад. Бо тақозои рӯзгор чанд муддат ба Русия ҳиҷрат намуда, он ҷо низ дар дорухона фаъолият мекунад. Баъди чанд соли фаъолият бо пешниҳоди соҳибкори муваффақ Амирхон Ҳабибуллоев дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди бозори Панҷшанбе дорухонаеро бо номи «Бадри мунир » боз намуданд.

-Орзу доштам, ки дорухонае кушояму ба ҳар корафтода, ки наздам меояд, хидмат намоям. Хушбахтона, ҳоло чунин аст, ман ба орзуи хеш расидам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки корафтодагон аз дорухонаи ман қонеъ раванд. Мабодо ягон дору набошад, аз ҳамкасбони гирду атроф ёфта медиҳам. Ҳамчунин ҳаракат менамоям, ки ба ниёзмандон бо нархи дастрас дору пешкаш созам, — афзуд Сино.

Бино ба маълумоти ҳамсӯҳбатамон дар дорухонаи » Бадри мунир » айни замон зиёда аз 2000 номгӯй дорувориҳои истеҳсоли Русия, Олмону Ҳиндустон, Покистону Эрон ва дигарон ба фурӯш гузошта шудааст. Ба ғайр аз ин, боз дар ин дорухона маҳсулоти гуногуни тиббӣ, гигиенӣ, солимгардонӣ, тавоноӣ, лавозимоти кӯдакона ва ғайра пешкаши мизоҷон гардидааст.

-Дар дорухонаи мо барои нигаҳдории доруҳо шароити зарурӣ фароҳам шуда, муҳлати истифодаи онҳо зери назорати доимӣ қарор дорад. Пеш аз охирин мӯҳлати истифода, ҳамоно тибқи санад доруворӣ ба мақомоти дахлдор – Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супорида мешавад. Ҳамзамон, он ширкатҳои бонуфузи фармасевтӣ, ки ман бо онҳо ҳамкории зич дорам, ҳатман маҳсулоти дорувории аз мӯҳлат гузаштаро бозпас мегиранд, — изҳор медорад Сино Сафоӣ.

Сино ба замми дорусоз будан боз ба шеъру шоирӣ низ майли беандоза дорад. Аз кӯдакӣ, ки бо садои таронаҳои мардумии водии Зарафшон нафас кашидаву аз чашмаоби мусаффои кӯҳистон чун аз абёти ҷонбахши шоирони классик ва муосири адабиёт нӯши ҷон намудааст,  рози дилаш, орзуву армон ва шодии вуҷудашро дар қолаби назм  рӯйи саҳфа меоварад. Ӯ ҳамин гуна арзи муҳаббат ба модару падар, Ватан, ба зодгоҳ, ба ёру дӯстон, пайвандону фарзандон, ба дилбаре, ки дӯсташ медорад, баён менамояд. Ва ин ҳама дар дӯкони доруфурӯшие, ки ҳар субҳгоҳон ӯро ба сӯяш мехонад, сурат мегирад.

— Абӯалӣ Ибни Сино дар яке аз асарҳояш гуфтааст: » Ман беморро аввал бо сухан ва шеър, баъдан бо гиёҳу алаф ва ҳангоми хеле зарур будан бо теғ табобат мекунам.» Воқеан, суханони ҳикматомези ибни Сино касро ба ваҷд меоварад. Бешак, табиб бояд дили гарм, забони нарм ва лутфу марҳамати хоса дошта бошад. Беҳуда нест, ки мегӯянд: » Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст…». Дар ин росто Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо қайд намудаанд, ки ҳолпурсӣ беҳ аз сӯзанзанист «. Хушбахтона навиштаҳои шогирдонаи ман дар рӯзномаву маҷаллаҳои мухталиф ба табъ расидаву ба наздики китобам бо номи «Нӯшдору» пешкаши ҳаводорон гардид, — илова намуд Сино.

Сино аз касби худ розист. Агар давоҷӯе аз дасти ӯ доруи шифобахш бигирад, худро хушбахт медонад. Шод аст, ки волидон ба ӯ бо умед Сино ном гузоштаанд. Ин номи бузург ба ӯ ҳамеша раҳнамост. Имрӯз ӯ таҳсили худро дар факултаи «Биология ва кимиё»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров идома дода истодааст. Ҳадафу мақсади ӯ дар оянда боз намудани як силсила дорухонаҳо буда, баҳри солимии миллат хидмат кардан аст. Ҳамчунин, пеш ва беш аз ҳама, ба номи худ ва умеду боварии волидон сазовор гардидан бошад:

Ман ба фарҳанги бузурги Тоҷикон,

Боз бахшоям ҷилои тозае!

Номи ман Синост, бо ин номи нек,

Боз орам ишқи беандозае!

Мадина ПОЧОЕВА, шаҳри Хуҷанд

Мақолаи гузашта

Анемия. Чаро ба он гирифтор мешаванд?

Мақолаи навбатӣ

Оромии рӯҳ шақиқаро «дур» мекунад

user

user

Мақолаи навбатӣ
Оромии рӯҳ шақиқаро «дур» мекунад

Оромии рӯҳ шақиқаро «дур» мекунад

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ