Соҳаи фармасевтии мамлакат, хушбахтона, рӯз то рӯз рушд намуда, сатҳи хизматрасонӣ дар дорухонаҳо боз ҳам беҳтар мегарданд.
“Аслфарм “ — шабакаи дорухонаҳо дар шаҳри Хуҷанд аст, ки бо усули нави хизматрасонӣ ба фа- ъолият оғоз намудааст. Ин амал аз тарафи соҳибкори ватанӣ аз шаҳри Истаравшан Шӯҳрат Саидалихонов сурат гирифт. Ҳадаф аз ташкили чунин дорухонаҳо беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи саломатии мардуми кишвар мебошад.
Дорухонаҳои ин ширкат дар чор маҳаллаи шаҳри Хуҷанд, соҳили рос- ти дарё- дар микроноҳияҳои 13 ва 31, дар соҳили чапи Сирдарё бошад, дар автовокзал ва кӯчаи Гагарин ҷойгир шудааст. Фарқияти ин шабака аз дигарон дар он аст, ки дорухонаҳои “Аслфарм “ аз панҷ қисмат иборат ҳастанд: модару кӯдак, ортопедӣ, растаниҳои шифобахш, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ. Фарқият дигар ҳам ин аст, ки хизматрасонӣ тариқи онлайн ва офлайн сурат гирифта, дастраскунӣ низ ройгон ва шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Пардохти мавод бошад, нақдиву ғайринақдӣ сурат гирифта, барои мизоҷони доимӣ аз 5 то 10 фоиз тахфиф вуҷуд дорад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки танҳо дар ин дорухонаҳо барои нигоҳдории доруворӣ махсус рафҳои навъи «Сторекс» гузошта шуда, ҳам қулай ва ҳам ҳарорат дар он мӯътадил нигоҳ дошта мешавад. Рақами кӯтоҳ барои арзу шикоятҳои мизоҷон 33-03 буда, бе танаффус 24 соат фаъол аст.
Доруҳо ва дигар маҳсулоти тиббии дар он ба фурӯш гузошташуда истеҳсоли кишварҳои Русия, Фаронса, Ҳиндустон, Олмон буда, ҳангоми фармоиши мизоҷон дар мӯҳлати то 7 рӯз дастрас карда мешавад. Нархи доруворӣ дар “Аслфарм” нисбатан арзон буда, он шаффоф ва бо нархномаи ягона дар ин шабака амал мекунад.
Бино ба гуфтаи роҳбари ин шабака Ҷӯрабек Абдуҷабборов, ID код барои мизоҷон ташкил карда шуда, вазъи саломатии онҳо аз тарафи кормандон баъди истеъмоли доруҳо пурсида мешаванд, ки ин навгонӣ дар соҳаи дорухонадорӣ хеле бамаврид аст. Дар шабакаҳои “Аслфарм” дар маҷмӯъ 30 нафар бо ҷои корӣ таъмин шуда, маоши онҳо аз 800 то 1500 сомонӣ муайян карда шудааст. Кормандони шабака тариқи тест ва имтиҳон ба кор қабул карда шуда, барои онҳо дар давоми моҳ ду- се маротиба тренинги омӯзишӣ оид ба муомилаи хуш бо мизоҷон гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки “Аслфарм” ягона шабакаи дорухонаҳо дар шаҳри Хуҷанд аст, ки бо чунин методи кор куллан аз дигар дорухонаҳо фарқ намуда, барои мизоҷон хизмат менамояд. Дар ин шабакаҳо мӯҳлати доруворӣ дар барномаи ягонаи компютерӣ васл шуда, саривақт назорат карда мешавад. Кормандони шабака бошанд, барои беҳтар намудани фаъолияти худ мунтазам кӯшишу талош менамоянд.
Доим бо кормандони шабака машваратҳо гузаронида шуда, оид ба арзу шикояти мардум ва ҳаллу фасли он корбарӣ карда мешавад. Ҳамчунин, дар ин шабака беҳтарин кормандон аз рӯи фаъолияти босамар баҳри пешрафти кор ҳар моҳ қадрдонӣ карда мешаванд. Роҳбарияти “Аслфарм” барои ниёзмандон низ дасти кӯмак дароз намуда, баъзе аз маводи тиббиро ройгон пешниҳод менамоянд.
Бояд гуфт, ки аз рӯи лоиҳа низ сохт ва намуди шабакаи “Аслфарм” дигаргун буда, аз даромад то баромад барои харидорон тамоми шароит муҳайё аст. Тозаву озода, муомилаи хуши кормандон, нархи дастрас, муҳайё будани дилхоҳ мавод ва дастраскунӣ то манзил дар ин шабакаи дорухонаҳо мушоҳида карда мешавад.
Шабакаи “Аслфарм” дар оянда нақша дорад, ки то 50 адад чунин дорухонаҳоро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд. Лоиҳаи ин дорухонаҳо аз тарафи ширкати бонуфузи Русия “Бауфарм” бо иштироки экспертҳои хориҷӣ сохта шудааст.
Мадина Почоева, шаҳри Хуҷанд




