• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Корномаи Саъдинисо Ҳакимова 

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Ин навиштаро метавон «Меҳрномаи шогирд ба устод» унвон дод. Ҳини суҳбат оростан бо акушер-гинеколог, доктори илмҳои тиб, профессор, узви пайвасти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мунаввара Додхоева дарк намудам, ки ў аз зумраи шогирдони посдори ному кори устод асту бо камоли меҳр қадрдонӣ аз заҳматаш мекунад. Баъди лаҳзае аз гуфтугўямон Мунаввара Додхоеваро аз мақсади худ огаҳ намудам:

— Муаллимаи азиз, мехостам дар бораи кору рўзгори шумо дар маҷаллаи «Даво» маводе омода намоям…

— Ман розӣ ҳастам, вале хуб мешуд, ки қаблан дар бораи устодам Саъдинисо Ҳакимова мақола менавистед. Барои ин ҳар маълумоте заруратон шавад, пешниҳод мекунам, — гуфт ў.

Инак, фишурдаи суҳбати мо бо Мунаввара Додхоева дар бораи олими шинохтаи соҳаи тиб Саъдинисо Ҳакимова:

АВВАЛИН ДИДОР БО КИТОБ

Шавқи омӯхтани илм аз хурдӣ дар хунаш ҷӯш мезад. Падари аз олами илму маърифат бохабар, ки баҳра аз дунёи дониш, яъне аз мадрасаи машҳури замон, Бухорои Шариф гирифта буд, фарзандонро гирди хон сарҷамъ намуда, аз боби илму донишандӯзӣ суҳбатҳо меорост. Панди қиблагоҳ, ки тариқи андарзу ҳикоятҳо гуфта мешуд, чун нақше дар санг аз хотираҳо зудуда нагашта, барои фарзандон мисли фонусе дар торикиҳои рӯзгор равшангар монд. Ҳамин гуна зиндагии Саъдинисо, ки пур аз печутоб ва мушкилиҳо буд, рӯшан аз нури илму маърифат гардид.

Модар низ фарзандонро аз замони кӯдакӣ дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намуда, мекӯшид, то онҳо аз тамоми корҳои рӯзгордорӣ огаҳ бошанд, то дар гирудори зиндагӣ дарнамонанд. Саъдинисо фарзанди нахустини хонавода ва ёрирасони асосии модар дар нигоҳубини додару хоҳаракон буд. Гоҳе хаста аз корҳои рӯзгор шуда, дар хонаи модаркалон паноҳгоҳ меҷуст. Ӯ набераи дӯстдоштанӣ ва эркаи бибӣ буду нозаш ба қавле «болои дида».

Рӯзе Саъдинисо ба болохонаи бибӣ даромада, он ҷо ғарами китобу маҷаллаҳоро дид. Аз ин дидор таваҷҷуҳаш бештар ба ҳарфҳои калону хонои маҷаллаҳо ҷалб шуд. Чанде аз он китобу маҷаллаҳоро бағал гирифта, назди тағояш Набиҷон омад ва хоҳиш кард, то ҳарф-ҳоро барояш омӯзонад. Бо ёрии тағояш дар муддати кӯтоҳ алифбои лотиниро аз бар намуд, ки ӯ ҳамагӣ 5 сол дошт.

ДАР ТАЛОШИ ИЛМ

Рӯзи якуми сентябри соли 1930 бо умеди мактабхон шудан чанд дафтаре ва бурдаи нонро зери бағал карда, ба мактаб рафт. Аз сабабе, ки ҳанӯз ба синну соли мактабӣ мувофиқ набуд, ӯро ҷавоби рад дода, гуфтанд:

— Ту аққалан 6 — сола нестӣ, ки ба мактаб биёӣ. Рав ба хонаатон, бо дугонаҳоят зочабозӣ кун!

Пас аз соле Саъдинисо дар мактаби нави деҳаи Пӯлодон, ки ҳамагӣ як синфхонаи похсадеворӣ дошт, таҳсилашро оғоз намуд. Духтарчаи дустрӯяк ва ҳушманду зирак аз рӯзҳои аввали таҳсил таваҷҷуҳи муаллимаи ҷавону навкор Умринисо Назироваро ба худ ҷалб намуд. Устоду шогирд дарзуд лаҳзаҳои кӯтоҳ ба ҳам унс гирифтанд. Муаллима аз қобилияти фавқулодаи шогирди ҳозирҷавоб завқ бурда, роҳнамои донишандӯзиаш шуд. Саъдинисо барномаи мактабии чорсоларо дар ду сол бомуваффақият аз худ карда, синфи 4-ро хатм намуд.

Соли 1933 падар дасти духтарчаи 11- солаашро гирифта, барои идомаи таҳсил ба Омӯзишгоҳи тиббии назди беморхонаи ноҳияи Конибодом бурд. Ҳадафи қиблагоҳ ин буд, ки Саъдинисо касб аз бар намояд. Ӯ ба курси аввали бахши тайёрии тиббӣ қабул гардид. Аз он ки аз қаҳтӣ омадани сол мардум мушкилӣ аз озуқа доштанд, падарро зарурати пайдо намудани ҷойи кор ва ёфтани қути лоямут ба фарзандон ба Душанбе овард. Тирамоҳи соли 1934 Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Конибодом низ бо сабабҳои номаълум баста шуд. Саъдинисо соли дуюми таҳсилро дар бахши фелдшерии Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд ба итмом расонд. Сипас, аҳли хонавода ба пойтахти кишвар, шаҳри Сталинобод кӯч бастанд.

Саъдинисоро зарурати дуюм-бора таҳсил намудан дар курси дуюми бахши тайёрии тиббӣ дар Омӯзишгоҳи тиббии пойтахт пеш омад. Мушкили дигаре пешорӯяш омад, ки ин надонистани забони русӣ буд. Зеро омӯзиш дар ин мактаби касбомӯзӣ пурра бо забони русӣ роҳандозӣ шуда буд. Ин мушкилиро низ Саъдинисо агарчи бо машаққату заҳмати зиёд бошад ҳам, паси сар намуд. Дар муддати як сол бо пайваста шуғл варзидан ба омӯзиш ва мутолиаи адабиёти русӣ забонро аз худ намуда, байни ҳамсабақону устодон бо забони русӣ озодона ҳарф мезад.

«БАРОИ ҲИФЗИ МОДАРОН!»

Саъдинисо ҳанӯз қадам ба синни 12-солагӣ нагузошта буд, ки фоҷеаи сахту сангине зарба ба ҳаёташ зад. Модараш, ки ҳамагӣ 26 сол дошт, ба истилоҳ шаҳди зиндагиро начашида, бо сабаби беморӣ оламро тарк кард. Нигоҳубини чор фарзанди хурдсол ба сари Саъдинисо афтид. Пас аз ду соли хонавайронӣ падар ҳамсари нав интихоб карду ду писари хурдсолашро бо худ гирифта, баноҳияи Конибодом баргашт. Саъдинисо ҳамроҳи хоҳараш Қумринисо дар шаҳри ба қавле «бегона» танҳо монданд. Ҷойи зисташон хобгоҳи омӯзишгоҳ шуд, ки он ҷо ҳаёти нимгуруснагиро низ аз сар гузаронд.

Мегӯянд, ки ҳунарвар дар ҳама ҷо сарфароз аст. Касе соҳибҳунару соҳибилм аст, ҳамеша дарҳои хушбахтӣ ба рӯяш боз гардад. Аз он ки

Саъдинисо забони русиро хуб аз бар карда буд, боре аз ҷониби устодон тарҷума намудани фанҳои неврология, психиатрия ва рентгенология пешниҳод шуд. Ӯ бечунучаро розӣ шуд, зеро пайдо кардани маблағ дар ин лаҳзаҳои душвор барояш беҳтарин туҳфаи тақдир буд.

Ин фоҷиаи гӯшношунид, зиндагии пурмашаққати ятимӣ ва ҳаёти бо нимгуруснагӣ паси сар намуда, рӯҳияи ӯро нашикаст. Дар ин гирудори бераҳми зиндагӣ Саъдинисо обутоб ёфт. Зиндагии сангин қалби ӯро нарм намуд, бо эҳсоси дарду ғами дигарон меҳрубонтар ба одамон шуду ёрирасони дардмандон гардид. Ва ин ғарқшуданҳо дар дарёи пуртуғёни зиндагӣ буд, ки «Барои ҳифзи модарон!»-ро ба худ шиор кард.

Ӯ бо ҳама пасту баландиҳои рӯзгори басаромада бо сабрпешагиаш дар синни 15-солагӣ Омӯзишгоҳи тиббии Сталинободро хатм кард. Ба бахти Саъдинисо ва ҳамтақдиронаш соли 1939 дар шаҳри Душанбе (пештара Сталинобод) Донишкадаи тиббӣ дари худро барои донишандӯзон боз намуд. Саъдинисо Ҳакимова аввалин донишҷӯи ин донишкада гардида, дар синни 19-солагӣ онро бо тахассуси ҷарроҳ ба итмом расонд. Соли 1946 ӯ барои идомаи таҳсил шомили аспирантураи соҳаи акушер-гинекологияи Донишкадаи тиббии шаҳри Москва шуд.

ЧАНД АНДЕШАИ ҲАМКАСБОН

Талошу кӯшишҳо ва истеъдоди баланди доништалабии Саъдинисо овони таҳсил дар донишкада аз чашми олимони намоёни соҳаи тиб дур намонд. Олими шинохта, Арбоби хизматнишондодаи илми тиб, профессор К. Н. Жмакин ифтихормандона дар бораи шогирди худ мегӯяд: «Саъдинисо Ҳакимова бе ягон муҳобот шахсияти боистеъдод мебошад. Ман ба ояндаи дурахшони ин зани боистеъдод ва мумтоз боварии калон дорам. Он рӯз дур нест, ки дар мавриди муваффақиятҳои ин бонуи сарсупурдаи илм ҳарфҳои беҳтарин баланд садо диҳанд». Ходими намоёни соҳаи тиб дар самти акушерӣ-гинекологӣ, олима В.И. Бодяжина мегӯяд: «Рисолаи доктории Саъдинисо Ҳакимова, махсусан тақризи адабии ӯ, бешубҳа, моҳирона навишта шудааст. Истеъдод ва муваффақияти раднашавандаи ӯро дар раванди кори анҷомдодааш эҳсос кард. Бешубҳа, вай ояндаи бузург дорад».

Бале, воқеан, ин баҳои баланде, ки олимони соҳаи тиб ба як бонуи тоҷик додаанд, ифтихори ҳар яки мост. Бахусус, вақте сухан сари замони ҳимояи рисолаи доктории Саъдинисо Ҳакимова меравад, кас аз ҷасорату матонат ва боварии комил ба худ доштани ин бонуи соҳибилм ангушти ҳайрат мегазад. Дар ҷаласаи бузурги Шӯрои олимони Донишкадаи тиббии Маскав (МОЛМИ), ки 9 июни соли 1958 баргузор гардид, дар он аз тамоми ҷаҳон 64 олимони шинохта ширкат варзиданд. Саъдинисо Ҳакимова имтиҳони илмиро назди ин оли-мон бомуваффақият супурда, бори дигар истеъдоди баланд ва дониши амиқашро исбот намуд. Он замон вай ҳамагӣ 33 сол дошт.

АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМИ НОТАКРОР

Ӯ бо ҳазорон диди наву андешаҳои ҷолиб барои рушду такомули соҳаи тиб ба Ватан баргашт. Аз омӯхтаҳову дидаву шунидаҳо дар мавриди пешрафти соҳа ба ташаббус оғоз намуда, соҳиби даст- овардҳои зиёди илмию амалӣ гардид.

Саъдинисо Ҳакимова муддати 23 сол кафедраи акушерӣ- гинекологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро сарварӣ кард.

Таҳқиқоти Саъдинисо Ҳакимова дар илми тиб ба масъалаҳои танзими эндокринии фаъолияти насловарии зан, фаъолияти ҳормонии комплекси машимаю ҳамил ҳангоми ҳомилаи мӯътадил ва оризанок, фаъолияти усоравии тухмдон ва қабати қишрии ғадудҳои болои гурда дар шароити баландкӯҳ, камхунии занҳои ҳомила ва ғайра бахшида шудаанд. Маҳз бо кӯшишу талошҳои ӯ дар бисёр шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ машваратгоҳҳои занона ва таваллудхонаҳои замонавӣ сохта шуданд.

Соли 1971 дар кишвар Озмоишгоҳ барои муайян намудани бемориҳои занона, ирсӣ ва модарзодии кӯдакон таъсис ёфт, ки соли 1980 дар заминаи он Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдак (ҳоло Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва пери-натологӣ) таъсис ёфт. Баъдтар он бо номи «Мактаби Саъдинисо Ҳакимова» дар тамоми ҷаҳон шуҳратманд гардид.

Саъдинисо Ҳакимова шогирдони зиёдеро дар соҳаи тиб — 9 доктори илми тиб ва 30 номзади илми тиб, омода намудааст, ки имрӯз онҳо дар беҳдошти солимии мардуми кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Заҳматҳои олими шинохтаи тиб Саъдинисо Ҳакимова, бо мукофотҳои давлатӣ, аз қабили нишонҳои фахрии «Барои меҳнати босамар дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945», «Аълочии соҳаи тандурустӣ», «Аълочии соҳаи маориф», орденҳои Ленин, «Дӯстии халқҳо», «Нишони фахрӣ», ифтихорномаҳои зиёди давлатӣ ва соҳавӣ, унвони «Арбоби хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» ва Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

Соли 1969 соҳиби унвони узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Иттифоқи Шуравӣ гашта, аз аввалин бонуест дар Осиёи Миёна, ки узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии СССР буд.

Замоне, ки мушкилии зани тоҷик мавзӯи рӯз буд, Саъдинисо Ҳакимова, ягона бонуе буд, ки тавонист, таваҷҷуҳи хосаро ба ин масъала зоҳир намояду пайи ҳалли он масъулонро ба чораҷӯӣ водор кунад. Воқеан, Саъдинисо Ҳакимова чун дурдонае дар олами тиб ноёб дар тӯли умри хеш тавонист ҳамчун олими барҷаста нақши хешро дар пешрафти соҳаи тиб абадӣ гузорад.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

махсус барои “Даво”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Дар зимистон кӯдакон бештар бемор мешаванд 

Мақолаи навбатӣ

Аслиддин Осимӣ — поягузори илми урологияи тоҷик 

user

user

Мақолаи навбатӣ
Аслиддин Осимӣ — поягузори илми урологияи тоҷик 

Аслиддин Осимӣ - поягузори илми урологияи тоҷик 

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Тарзи ҳаёти солим бо усули доктор Тоҳирӣ

Тарзи ҳаёти солим бо усули доктор Тоҳирӣ

11.11.2025
Уфуқҳои тибби хусусӣ 

Уфуқҳои тибби хусусӣ 

10.11.2025
5 далели мудҳиш оид ба зарари сигоркашӣ

5 далели мудҳиш оид ба зарари сигоркашӣ

08.11.2025

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ