• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Авиценна ва медицина чӣ маъно дорад?

от user
в Донистан хуб аст
0

Ба эътирофи ҷаҳонӣ тоҷикон аз халқияти
куҳантамаддун ва фарҳангофаре мебошанд, ки дар жарфнои таърих дар масофи дигар халқу қавмҳо бо устуворию матинӣ, далерию шуҷоат худро нигоҳ доштааст ва аз дастовардҳои беназири илму фарҳангии худ мардумони бисёреро бархурдор намудааст. Миллати тоҷик дар таърихи ғановатманди хеш даҳҳо қаҳрамони ҷаҳонпазируфта, шоиру мутафаккирони ба оламиён маълуму машҳурро додааст. Шоирони тоҷик дар дарозои беш аз даҳ қарн басо доди сухан доданд, гузашта аз ин, ҳатто асарҳои илмии риёзию пизишкӣ ба риштаи назм кашиданд. Дар ҷаҳон халқияте бадин назир ками андар кам бошад.

Дар байни он мутафаккирон фарзанди фарзонаи тоҷик Абуалӣ Ибни Сино низ чун ситораи дурахшон дар фазои беканори фарҳанг муҷалло гаштааст ва нақши беҳамтои худро дар илми ҷаҳонӣ гузоштааст. Ибни Сино тамоми илмҳои замони худро аз бар намуда, сарҳади онҳоро рахна кардааст.

Ибни Сино нобиғаест, ки дар илмҳои замони хеш кашфиёти беназир намудааст. Ӯ ҳам энсиклопедисту файласуфу шоир аст, ҳам ахтаршиносу риёзидон, ҳам фиқҳу мантиқдон, кимёгару табиб, набототшинос. Алалхусус, илми пизишкиро ба дараҷае омӯхтаву такмил додаву пеш бурдааст, ки ҷаҳониён ангушти ҳайрат газидаанд. Сино аввалин пизишкест, ки тавассути ҳаво ва тамос интиқол ёфтани баъзе бемориҳои сироятиро гуфтааст. Табобати
ҳар беморро нахуст бо муайян намудани мизоҷу табиаташ пеш мебурд ва ба кулли бемориҳои дар он замон маълум илоҷ ёфтааст. Ӯ дар рубоие мегўяд:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Худи ин байт бозгӯи соҳиби илму фарҳанги фарох ва муқтадиру нобиға дар илми пизишкӣ будани эшон аст. Ин сатрҳоро оне гуфта метавонад, ки тамоми илмҳои замонашро аз худ намудааст. Сино танҳо бо ду забон шеър эҷод кардааст, бо забони модариаш тоҷикӣ ва арабӣ.

Меоваранд, ки ӯ дар 17-солагӣ ба камолоти дониш расида, дар давоми чил соли фаъолияти эҷодӣ бештар аз 400 асар навиштааст. Аз байни онҳо хусусан “Китоб-уш-шифо”, “Ал-қонун фӣ-т-тиб” ва чанде дигар ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, ӯро шуҳраи офоқ гардонидаанд ва чандин садсолаҳо китоби асосӣ ва таълимии пизишкони дунё қарор гирифтаанд.

Ба зуфунунии Сино на танҳо мутафаккирони Шарқ, ҳамчунин олимони Ғарб, юнониёну румиён сари таъзим фуруд оварда, ӯро ба лотинӣ Авиценна ва илми тибро медицина хондаанд, ки бесабаб нест.

Сабаби Авицена хондани номи ӯ дар он аст, ки байни халқу қавмҳои Машриқзамин бо исми Абусино машҳур гашта буд, ки дар лотини аз табдили б > в ба с > ц шакли Авиценнаро пазируфтааст. Тавъам ба номи Сино табобат кардан, табобатро дар лотинӣ sānō (натиҷаи аблаут) ва илми табобатро medicīna гуфтаанд. Номи илми тиб, медицина аз лотинии medicīna, аз ҷузъи med- < mad < mata, ки ифодагари илм, таълимот аст, бо пайвастан ба ҷузъи cīna шакл гирифтааст.

Бояд зикр кард, ки дар забони ҳиндуи қадим, вожањои ‘matá-’ илм, таълимот, ‘matimand-’ доно, соҳибилм, дақиқкунанда, ‘matulha-’донишманд, хирадманд, ‘mati-’ таълимот, дониш; фаҳмиш, андеша-ро ифода мекунанд. Дар забони дигари қадим аккодӣ калимањои ‘mūdû-’ бо маънои хирадманд, соҳибилм,
‘lamādum-’ омӯхтан, аз худ намудани илм (аз ‘la-’+ ‘mādu’ + ‘-mа’) истифода шудааст. Забонҳои гурўҳи сомӣ, аз ҷумла, яҳудии қадим, ибронӣ, угарӣ ва ғ. идомаи забони аккодӣ мебошанд. Дар ибронии муосир низ як идда вожаҳо дар асоси решаи ‘мад-, муд-’ таркиб ёфтаанд, чун ‘мада’ илм, ‘мадан’ олим, ‘мадаи’ илмӣ.

Такя ба овардаҳо, бешак, метавон баён дошт, ки калимаи ‘медицина’ аз ‘мадисина’ ба маънои ‘илми Сино’ ва ‘илми табобат’ арзи вуҷуд кардааст.

Обиддин ТЎХТАСУНОВ,
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Мақолаи гузашта

Стресс — асоси бемориҳои асаб ва қалб

Мақолаи навбатӣ

Ҷоғар ва роҳҳои табобати он

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ҷоғар ва роҳҳои табобати он

Ҷоғар ва роҳҳои табобати он

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Тибби оилавӣ: низом ва мактаби фарҳанги тиббӣ

Тибби оилавӣ: низом ва мактаби фарҳанги тиббӣ

24.06.2026

“ЭМАЛ”-и доктор Фирўз Солиҳов

23.06.2026
Дарунравии кӯдак ва роҳҳои пешгирии он

Дарунравии кӯдак ва роҳҳои пешгирии он

22.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ