Бемории ҷоғар аз зумраи маризиҳои эндокринологӣ буда, байни мардум бо номи “зоб” низ маълум аст. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар олам наздики 1,5 миллиард одам мубталои бемории ҷоғар мебошад, ки сабабашро мутахассисони соҳа, пеш аз ҳама, дар норасоии табиии йод медонанд. Дар Тоҷикистон низ беш аз 60 ҳазор бемори ҷоғар ба қайд гирифта шудааст.
Мусоҳибаи мухбири маҷаллаи «Даво» бо духтури эндокринологи Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ Фирӯза ҚУРБОНОВА дар доираи ҳамин мавзуи муҳим сурат гирифт.
— Маълум аст, ки норасоии йод боиси пайдоиши бемории ҷоғар мегардад. Он бо чӣ аломатҳо зуҳур мекунад ва бештар кињо мурољиат менамоянд?
— Сабаби бемориро дуруст қайд кардед. Пайдо шудани варам дар қисми пеши гардан нишонаи маъмулии ҷоғар аст. Аксар вақт мубталоёни он ягон дардеро эҳсос намекунанд. Сари вақт ба духтур муроҷиат накардани беморон низ аз аломатҳои қаблии ҷоғар нороҳат нашудани онҳост. Баъдан, нишонаҳои дигар рӯ мезананд. Аз ҷумла, эҳсоси фишор дар ҳалқ, нафастангӣ, бемадорӣ, бо душворӣ фурӯ бурдани оби даҳон, тез-тез сулфидан, тағйирёбии овоз, вайроншавии давраи ҳайз дар занон, коҳиши қобилияти ҷисмонию равонӣ, хушкшавии пӯст ва ғайра.
Дар байни бемороне, ки ба духтури эндокринолог муроҷиат менамоянд, занон, мардон, наврасон ва ҳатто кӯдакон низ ҳастанд. Бахусус, дар наврасон ин беморӣ ташвишовар аст, зеро ба иллати ин маризӣ аснои дарсҳо зуд хаста, дилтангу асабӣ мешаванд, қобилияти фикрронӣ, неруи ҷисмонияшон коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, волидон бояд бо эҳсоси аввалин нишонаҳои беморӣ дар фарзанд ба духтури эндокринолог муроҷиат намоянд. Таъкид карданиям, ки ҳар қадар онҳо барвақттар назди духтур оянд, ҳамон андоза муолиҷа осону натиҷабахш хоҳад шуд. Зеро ғадуди сипаршакл аз муҳимтарин узвҳои организм буда, ба мубодилаи моддаҳо, инкишофи рӯҳӣ ва ҷисмонии одам таъсир мерасонад. Ҳормонҳои сипаршакл барои фаъолияти мӯътадили системаи масуният ва истеъмоли оксиген аз ҷониби бофтаҳо масъуланд.
Роҳи маълумтарини пешгирии норасоии йод дар организм истеъмоли намаки йоддор мебошад.
— Бемории ҷоғар чӣ хатаре ба занони ҳомила дорад? Чаро онҳо маҳз дар давраи ҳомиладорӣ мубталои он мешаванд?
— Бале, норасоии йод дар организм дар давраи ҳомиладорӣ бештар эҳсос мегардад ва ин ҳолат ба саломатии модару тифли батнаш хатар дорад. Дар давраи ҳомиладорӣ ғадуди сипаршакл ба модар ва тифли батнаш хизмат менамояд ва бинобар ин кораш дучанд зиёд мешавад. Йод дар се моҳи аввали ташаккули ҷанин дар батни модар ва дар се соли аввали ҳаёти кўдак хеле муҳим аст, зеро инкишофи ҳуҷайраҳои мағзи сар аз таъминоти кофии ҳормонҳои ғадуди сипаршакл бо йод вобастагии калон доранд. Яъне он дар организми зан бояд ба миқдори кофӣ бошад, вагарна… Духтурони гинеколог дар машваратҳои тиббӣ ба бонувон пеш аз ба нақша гирифтани ҳомилашавӣ ташхис ва табобати ғадудҳои сипаршаклро тавсия медиҳанд.
— Оё худмуолиҷа барои табобати ҷоғар манфиатбахш аст?
— Дар муддати 15 соле, ки бо беморони ҷоғар сарукор дорам, шоҳидам, ки аксарашон ба худмуолиҷа машғул мешаванду танҳо баъди ягон беҳбудӣ надидан назди мо меоянд. Ҳамчунин, тариқи шабакаҳои интернетӣ ҳар гуна усулҳои табобат бидуни асоси илмӣ тавсия дода мешаванд. Ба монанди нӯшидани шири йоддор гӯё камйодиро дар организм бартараф мекарда бошад, ки афсонае беш нест. Фақат духтури эндокринолог метавонад бо ламси ғадуди сипаршакл дараҷаи ҷоғарро муайян ва дар ҳолати зарурӣ ташхиси ултрасадоии ғадуди сипаршакл ва ҳормонҳои онро таъин кунад. Аз ин рӯ, нафароне, ки аввалин нишонаҳои бемориҳои эндокринӣ,
бахусус ҷоғарро дар худ пайдо карданд, фурсатро аз даст надода, илоҷро аз духтур ҷӯянд.
Паймонаи ҶОВИДОН, “Даво”



