• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Аз дуди ангишт эҳтиёт бошед

от user
в Донистан хуб аст
0

Ҳангоми сӯхтани ангишт ба ҳаво як қатор газҳо ва моддаҳои барои саломатӣ хатарнок хориҷ мешаванд. Аз ҷумла, оксиди карбон (CO) — гази беранг ва бебӯй буда, заҳролуд ва марговар маҳсуб меёбад, зеро ба хун ворид шуда, расидани оксигенро ба узвҳои ҳаётан муҳим қатъ мекунад ва метавонад дар муддати кӯтоҳ боиси беҳушӣ ва марг гардад. Илова бар ин, аз дуди ангишт диоксиди карбон (CO₂), диоксиди сулфур (SO₂), оксидҳои нитроген (NO) ва заррачаҳои майдаи дуд хориҷ мешаванд, ки ҳарчанд марговар нестанд, аммо ба роҳҳои нафас, дилу шуш ва саломатии умумии инсон таъсири манфӣ мерасонанд.

Бо фарорасии фасли сармо аксари сокинони кишвар, бахусус аҳолии деҳот, барои гарм намудани манзили истиқоматии худ аз ангишт истифода мебаранд. Гарчанде ангишт гармиро муддати дароз нигоҳ медорад, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи он метавонад боиси заҳролудшавии вазнин ва ҳатто марги инсон гардад. Чунин ҳолатҳо ҳамасола дар мавсими зимистон ба қайд гирифта мешаванд.

Оксиди карбон асосан дар ҳолати нопурра сӯхтани ангишт ва ё халалдор будани дудбаро ба вуҷуд меояд. Ин газ беранг ва бебӯй буда, инсон онро эҳсос намекунад ва маҳз ҳамин хусусият онро ниҳоят хатарнок мегардонад. Дар муҳити пӯшида ҷамъ шудани он метавонад дар муддати кӯтоҳ боиси заҳролудшавии шадид гардад.

Заҳролудшавӣ аз дуди ангишт одатан бо дарди сар, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, хоболудӣ, сустӣ, торикшавии чашмон ва душвории нафаскашӣ оғоз меёбад. Дар ҳолатҳои вазнин вайроншавии фаъолияти дилу шуш ва беҳушшавӣ ба мушоҳида мерасад. Хатар дар он аст, ки шахс метавонад бе дарк кардани вазъият беҳуш шавад, зеро гази оксиди карбон ягон бӯй ё нишонаи ҳушдордиҳанда надорад.

Дар ҳолати гумонбарӣ ба заҳролудшавӣ аз дуди ангишт бояд фавран дару тирезаҳо кушода шуда, шахси осебдида ҳарчи зудтар ба ҳавои тоза бароварда шавад. Агар имконият бошад, манбаи сӯзиш қатъ карда мешавад, вале бехатарии шахси кӯмакрасон бояд дар ҷои аввал қарор гирад. Либосҳои танги бемор кушода кпрда, ҳолати нафаскашӣ ва ҳушёрии бемор назорат карда шавад. Дар ҳамаи ҳолатҳо даъвати фаврии мошини ёрии таъҷилӣ ҳатмист ва ба худтабобат роҳ додан мумкин нест.

Барои пешгирии чунин ҳолатҳои хатарнок зарур аст, ки пеш аз истифода ҳолати техникии печ ва дудбаро пурра санҷида шавад. Печ бояд қобилияти хуби ҳавокашӣ дошта бошад ва ҳавои хона мунтазам иваз карда шавад. Истифодаи печи пур аз ангишт беназорат, махсусан шабона, хавфи ҷиддӣ дорад. Назорати раванди сӯхтани ангишт бояд танҳо аз ҷониби шахсони калонсол анҷом дода шуда, кӯдакон ба ин кор ҷалб карда нашаванд.

Риояи қоидаҳои оддии бехатарӣ метавонад ҷони инсонро наҷот диҳад ва аз фоҷиаҳои ногувор пешгирӣ намояд.

Мақолаи гузашта

Голодать, чтобы похудеть: за и против

Мақолаи навбатӣ

Лучшие рецепты зимних масок

user

user

Мақолаи навбатӣ
Лучшие рецепты зимних масок

Лучшие рецепты зимних масок

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

15 интересных фактов о рейхане

15 интересных фактов о рейхане

27.07.2026
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи тиббӣ ба рейтинги «THE Asia University Rankings 2026» ворид шуд 

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи тиббӣ ба рейтинги «THE Asia University Rankings 2026» ворид шуд 

24.07.2026
Истиқлолияти доруворӣ: низоми мушаххаси ҳамоҳангсозӣ лозим

Истиқлолияти доруворӣ: низоми мушаххаси ҳамоҳангсозӣ лозим

23.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ