
Ё чӣ тавр китоби нави дарсӣ иштибоҳи беш аз 60-солаи пиндорию истилоҳиро ислоҳ кард
Доктори илми тиб, профессор Ҷумъабой Сангинов, ки аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи омосшиносист, якҷо бо ҳамтои номвари русаш М.Ю. Риков китоби калонеро (671 саҳифа) бо номи “Омосшиносӣ” (“Онкология”) таълиф намуданд, ки ба донишҷўён умдатарин масоили ташхису табобати бемориҳои омосиро тафсир мекунад. Бо забони тоҷикӣ! Ин иқдоми деринтизор таҳрике шуд барои вохўрӣ ва сўҳбат бо муаллиф, то ки ба ҷиҳатҳои умдаи асар рўшанӣ андозем.
ВАҚТЕ ТАЪЛИМ 60 ДАРСАД РУСИСТ…
— Аввалан Шумо, муҳтарам Ҷумъабой Раҳматович ва ҳаммуаллифатонро бо нашри китоби нави дарсӣ табрик мекунем. Зеро он ғайр аз нахустин дастури мукаммали таълимӣ барои донишҷўён будан бори аввал ба забони давлатӣ иншо шудааст. То ин дам Шумо доир ба намудҳои гуногуни бемориҳои онкологӣ чандин китоб навишта будед. Ба забони русӣ. Тасмими эҷоди асари мукаммали таълимӣ маҳз ба забони тоҷикӣ чӣ тавр пайдо шуд?
— Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар давраи шӯравӣ таҳсили донишҷӯён пурра ба забони русӣ буд. Дар замони истиқлол бошад, таълим ба забони давлатӣ ва англисӣ низ тадриҷан ба роҳ монда шуд. Бо вуҷуди ин ҳоло ҳам забони русӣ афзалияти комил дорад: 60 дарсади донишҷӯён бо он сабақ меомўзанд, 20-25 дарсад бо забони давлатӣ ва боқӣ англисӣ. Зарурати донистани ин забонҳо бебаҳс аст. Лекин он ҳам ҷои баҳс надорад, ки дар раванди таълим забони модарӣ низ бояд мақоми сазовор дошта бошад.
Медонед, аснои лексияхонӣ дар курси шаш мушоҳида мекардам, ки сатҳи донишандӯзии нафароне, ки бо забони давлатӣ мехонанд, нисбат ба ду забони дигар баландтар аст.
Аз нигоҳи дараҷаи азхудкунӣ.
— Яъне бо забони давлатӣ осонтар гуфтаниед?
— Аз як тараф осонтар, лекин аз тарафи дигар манбаи омӯзиши мавзуъ ба забони давлатӣ маҳдуд аст, яъне аксарияти кулли адабиёт ба забони русист. Аз ҳамин лиҳоз, ба хулоса омадам, ки доир ба онкология бояд як китоби му-каммали дарсӣ ба забони давлатӣ нависам.
“ШОЯД КИТОБРО ЯКҶОЯ НАВИСЕМ”
— Интихоби ҳаммуаллиф чӣ гуна сурат гирифт?
— Соли 2022 ҳангоми иштирок дар Анҷумани онкологҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Маскав бо профессор Максим Юревич Риков, яке аз онкологҳои машҳури рус ҳамсуҳбат шудам. Мо якдигарро хуб мешиносем. Максим Юревич доир ба онкология беш аз 20 китоби дарсӣ навиштааст, ки аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.
Гуфтамаш, ки кайҳо боз дар фикри иншои китоби дарсӣ бо забони давлатӣ мебошам, хеле мавод ҷамъ ҳам кардаам. Пешниҳод намудам, ки онро ҳамроҳ нависем. Дар доираи тақсимбандии мавзуъҳои китоб вай матнро ба забони русӣ таҳия месозаду ман онро ба забони тоҷикӣ тарҷума. Ин ба ғайр аз маводе, ки худ омода мекунам. Пешниҳодро хуш пазируфт. Аз пайи кор шудем, ки зиёда аз се сол давом ёфт. Боз соле бо мувофиқасозию тарҷума гузашту ниҳоят охири соли 2025 “Омосшиносӣ”- ро чоп намудем.
Табибону мутахассисони омосшиноси тоҷик дар фазои ИДМ қавитарин ҳамкориро маҳз бо ҳамтоёни руси худ доранд, зеро хадамоти онкологии Русия бо дастовардҳояш дар ташхису ҷарроҳию табобати бемориҳои омосӣ ва кашфиёти илмӣ шуҳрату эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Нашри китоби “Омосшиносӣ” шаҳодати он аст, ки олимони ду кишвар метавонанд дар таълифи асарҳои таълимӣ низ ҳамкории судманд дошта бошанд.
ТАШХИСИ ҲАМСОНИ ТАБИБОНИ ТОҶИКУ РУСУ ФАРОНСАВИЮ АРАБ
— Ҳангоми мутолиаи китоб нуктае бароям ҳайратовар тофт, ки шахси ноогаҳ ба он бовар карданаш душвор аст. Шумо чунин овардаед: ташхисе, ки табиби тоҷик ба бемори ин ё он намуди омос мегузорад, ба тахшиси ҳамтои рус, амрикоӣ, олмонӣ ё эронияш монанд аст.
Дар ҳақиқат ҳамин тавр? — Бешубҳа. Лекин пеш аз шарҳи ин нуктаи ба назари шумо “феноменӣ” як масъалаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам. Дар китоб навтарин маълумотро оид ба дастовардҳои 10 соли охири илму амалияи омосшиносӣ овардем, ки дар заминаи комёбиҳои чанд даҳсолаи пешин ҳосил шудаанд.
Аз ҷумла оид ба гирифтори аҳолии ҷаҳон, ИДМ ва Тоҷикистон ба ин бемориҳо, паҳншавии онҳо, имконияти баҳогузорӣ, пешгирӣ, ташхису табобати беморӣ бо истифодаи ин ё он усулҳои муосири озмоишӣ, дастгоҳӣ, ҳам морфологӣ, ҳам молекулярӣ, генетикӣ, аз лиҳози имконияти усулҳои муосири табобати самараноки бемориҳои саратон.
Таъкиди фарогирии ҷаҳонии маълумот аз кадом хотир аст? Аз он хотир, ки онкология аз камтарин фанҳое мебошад, ки масоили ташхис, тасниф ва табобати беморӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар шакли протоколҳои клиникӣ давра ба давра бо дастовардҳои илмӣ ғанӣ гардонда, ба ҷомеаи онкологҳо пешниҳод карда мешавад. Аз ин рў, ташхисе, ки имрӯз омосшиноси тоҷик ба бемори ягон намуди он мегузорад, ба ташхиси омосшинос дар ИМА, кишварҳои Аврупо ё Осиё айният дорад. Инро хусусияти универсалии онкология ном мебаранд, ки дар тиб камназир аст.
БА ОЛИМИ АНГЛИС НИСБАТ ДОДАНИ КАШФИЁТИ ИБНИ СИНО
— Қисмати аввали китоб, ки таърихи омосшиносиро аз замонҳои қадим то имрўз таҷассум кардааст, бисёр фактҳои ҷолиб дошта, натанҳо барои донишҷўён шавқангез аст. Шахсан барои ман зикри кашфиёти Ибни Сино оид ба хусусияти решадавонии омосҳои бадзот маълумоти нав буд, бо назардошти он ки дар Аврупо бори аввал олими англис Уолш ба чунин хулоса баъди қариб ҳазор сол расидааст. Инро ман боз аз он хотир бо қаноатмандӣ гуфта истодаам, Ҷумъабой Раҳматович, ки китоби “Омосшиносӣ” лексияҳои хушку дилгир набуда, тафсири ҳар мавзуъ бо забони фаҳмою равон бо тақвияти далелу арқому хулосаҳои илмию тадқиқотӣ сурат мегирад.
— Китоби мо аз ду қисм иборат аст: умумӣ ва ҷузъӣ. Дар қисми умумӣ сухан дар бораи онкология ҳамчун фан, таърихи дирӯзу имрӯзи он, нақши олимони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ меравад, ки устодони мо буданд ва барои ташаккули онкологияи тоҷик хизмати беназир карданд.
Чаро мо ҳангоми иншои китоб ва инъикоси таърихи онкология ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули он махсус таваҷҷуҳ кардем? Чунки ин масъала то ба ҳол дар адабиёти тиббии ҳам мо ва ҳам хориҷа ба дараҷаи бояду шояд баррасӣ нашудааст. Ин мутлақо норавост. Дар ҷараёни омўзиши нақши Ибни Сино дар рушди омосшиносӣ мо ба бисёр нуктаҳои муҳим расидем. Аз ҷумла ба хулоса омадем, ки вай баъд аз Гиппократ, Ҷолинус, Гален, Абўбакр Закариёи Розӣ аввалин шахсе мебошад, ки дар илми тиб ба бемориҳои онкологӣ ба таври системавӣ муносибат карда, дар ҳамин шакл масоили сабаб, намуд, ташхис, табобат ва пешгирии омосҳои бадзотро дар “Ал-қонун” хеле аниқу боэътимод баён доштааст. Гузашта аз ин, маҳз Ибни Сино муқаррар карда, ки омосҳои саръ ё худ бадзот хусусияти решадавонӣ тавассути роҳҳои лимфа ва хун ба дигар узвҳоро доранд. Дар ин росто дар китоб иштибоҳи дағали роиҷшударо таъкид кардем, ки имрӯз адабиёти расмии илмии тиб кашфи хусусияти решадавонии омосҳои бадзотро бе ягон асос ба олими асри 19-и англис Уолш нисбат медиҳад.
МУАММОЕ, КИ ТО ҲОЛ МУАММО МОНДА
— Ё дигар нуктаи басо муҳим. Ҳолатҳое кам нестанд, ки мо дар бадани бемор омосро ошкор мекунем. Вале он калон набуда, сабаби нороҳатии одам намегардад. Бо ин омос чӣ бояд кард? Гурӯҳе тарафдори назорату гурӯҳи дигар ҷонибдори ҳатман бурида партофтанаш мебошад. Яъне як фикри ягона нест. Ибни Сино дар вақташ таъкид карда буд, ки агар ин омос на он қадар калон бошаду сабаби вайроншавии вазифаи узви гирифторшуда нагардад, беморро азият надиҳад, дар аксар ҳолатҳоҳоҷати дахолати табиб нест. Танҳо дар мавриди хурўҷи беморию дард онро бояд ҷарроҳӣ ё табобат кард. Вале чӣ хеле мебинем, то имрӯз дар омосшиносӣ уқдаи ин муаммо нокушуда боқӣ мондааст.
— Бахши дуввуми китоб ба 15 намуд омос бахшида шуда, доир ба онҳо маълумоти муфассали илмию амалӣ оварда мешавад. Бо кадом ваҷҳ маҳз ҳамин миқдор интихоб шудаст?
— Ин намудҳои бемории онкологӣ дар ҷаҳон бештар паҳн шуда, дар раддабандӣ дар сатрҳои аввал меистанд. Бинобар ҳамин, доир ба паҳншавӣ, сабабҳои пайдоиш, ҷараёни инкишоф, роҳу усулҳои ташхису ҷарроҳию табобат ва пешгирии ин бемориҳо мушаххасу муфассал сухан меравад.
Дар охири ҳар мавзуъ супоришҳои тестӣ барои донишҷӯён таҳия кардем, барои мустақилона ба дарсҳо тайёр шуданашон. Инчунин ҳолатҳои клиникӣ оварда мешаванд, то ки бо муоинаи бевосита донишҷӯ ташхис гузоштанро омӯзад.
САРАТОНШИНОСӢ ГУФТАН ҒАЛАТИ МАҲЗ АСТ!
— Даҳсолаҳо ин бемории ҷонкоҳу марговарро рак ё саратон мегуфтанду табибонро онколог ё саратоншинос ва илмашро саратоншиносӣ меномиданд. Китоби шумо ғайричашмдошт бо номи “Омосшиносӣ” интишор шуда, истилоҳи маъмулро рад мекунад. Ба чӣ далел?
— Дар ҷараёни таълифи китоб ва номгузории он мо аниқ кардан хостем, ки ба забони давлатӣ онкология кай саратоншиносӣ ном гирифт. Мутаассифона, ягон санад пайдо нашуд. Вале тақрибан аз солҳои 60-уми асри гузашта дар асару мақолаҳои илмӣ, маҷаллаҳо, мукотиботи расмию ғайрирасмӣ ба забони давлатӣ истилоҳи саратоншиносиро истифода мебурданд. Бароямон ҳайратовар буд, ки чаро онкология чунин ном гирифтааст, чунки хатои маҳз аст.
— Аз кадом лиҳоз?
— Бори аввал истилоҳи онкос (омос ё ба русӣ опухол) ва онкология ҳамчун фан дар бораи омӯзиши омосҳо аз тарафи Гиппократ пешниҳод шуда буд. 400 сол пеш аз мелод. Аз ҳамон замон то имрӯз ин фан ва бахши тиб онкология ном гирифта меомад ва дар тарҷума ба забони давлатӣ аз ду қисм: онкос омоси бадзот ва логос илм таркиб меёфт, яъне илми омосшиносӣ, на саратоншиносӣ.
Гузашта аз ин, омосҳои бадзот якчанд намуд доранд, ки як намуди паҳнгаштааш рак, яъне саратон аст. Аммо ба ғайр аз рак ё саратон ҳамчунин саркома, глиома, меланома, лимфома, лейкоз ва дигар ҳастанд. Аз ин рӯ, соҳаи онкологияро ба ҳеҷ ваҷҳ саратоншиносӣ тарҷума кардану гуфтан мумкин нест, зеро саратон танҳо як намуди омоси бадсифат маҳсуб меёбад. Мутаассифона, бинобар пиндору тарҷумаи хато истилоҳи нодуруст зиёда аз 60 сол мавриди истифода қарор дошт.
Бинобар ҳамин, мо ба Кумитаи истилоҳот ва забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелҳои қотеъ пешниҳод кардем, ки истилоҳи онкология дар забони давлатӣ на саратоншиносӣ, балки омосшиносӣ қабул шавад. Дар ниҳоят 25 майи соли 2025 Кумитаи истилоҳот истилоҳи омосшиносиро расман пазируфта, барои истифодаи умум пешниҳод кард. Чунин аст, таърихи “Омосшиносӣ” ном гирифтани китобамон. Зимнан, тибқи супориши вазири муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода дар сохторҳои тандурустӣ минбаъд маҳз истилоҳи “омосшиносӣ” мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,
“Даво”



