• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

5 рукни комгории Ҳусноро

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Дар оғози суҳбатамон Ҳусноро Тағоева бо табассум гуфт, ки ҳангоми хатми мактаб ва интихоби роҳи ояндааш даъвои мероси падару модар накард, яъне хостори касбу кори онҳо нашуд. Дар ноҳияи Муъминобод модараш аз омўзгорони шинохтаи фанни забон ва адабиёти тоҷик буду падараш бошад, дар мақомоти қудратӣ ифои вазифа менамуд. Лекин онҳо намедонистанд, ки зуд-зуд ҷои кори холааш рафтани Ҳусноро бесабаб нест.

Баъди хатми мактаби миёнаи умумии №2 ба модарам рози дил кардам, ки монанди холаи Хосиятам табиби таҳлилгар шудан мехоҳам. Аз ин ниятам шод гашта, бо меҳр оғўшам намуду “дуои падаратро ҳам гир, духтарам” гуфт. Дилам пур буд, ки Қиблагоҳ дастгирам мешаванд. Ҳамин тавр ҳам шуд…

Ҳусноро соли 2016 ба факултаи тиббӣ -ташхисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуда, соли 2022 онро бомуваффақият ба итмом расонд. Фаъолияташро пас аз интернатура дар озмоишгоҳи номдортарин муассисаи тиббии кишвар — Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» оғоз намуд. Дониши амиқи тахассусӣ, омӯзиши пайвастаи навгониҳои илмию техникию кимиёии озмоишгоҳӣ, ҳамчунин муносибату муомилаи хуш бо ҳамкасбону беморон калиди комёбӣ ва некномияш гаштаанд.

Ба ҳамсуҳбатам мегӯям, ки бо таҷҳизоти муосири имрӯза гузарондани таҷзияю таҳлили, масалан хун кори саҳл шудааст. Чӣ душворӣ боқӣ монда дар кори табиби таҳлилгар?
— Албатта, таҷҳизоти замонавӣ кори моро хеле осон кардааст. Махсусан, дақиқии таҷзияҳо хеле боло рафт. Лекин кори аслии мо шарҳу хулоса ва тавсияи дуруст манзур кардан аст. Зеро маҳз тавассути хулосаи дурусти таҳлилҳо ба чӣ гуна табобат ниёз доштани бемор муқаррар мегардад. Маҳз дар ҳамин асос табиби таҳлилгар ба кадом пизишк муроҷиат намуданро низ тавсия медиҳад, — мегӯяд Ҳусноро.

Масалан, вақте таҳлили таҷзияи бемор нишонаҳои саратон, ВНМО ё диабети қандро ошкор месозад, онҳоро назди табибони тахассусӣ мефиристем. Бо муайян кардани нишонаҳои аввали беморӣ ва табобати саривақтӣ шахс аз дард халос ё ҳеҷ набошад, саломатияш беҳтар мешавад.

Табибон вақте дар аниқ муайян кардани намуди маризӣ ва ангезаҳои он дармемонанд, ташхисҳои махсус, аз ҷумла МРТ, УЗИ, таҷзияи хуну дигар биомаводро мефармоянду табиби таҳлилгар низ ёвару мушкилкушояшон мегардад.

Бино ба ақидаи кормандони шуъбаи таҳлилгоҳ Ҳусноро Тағоева алъон ба чунин унвони ғайрирасмӣ сазовор гаштааст. Мусоҳибам муътақид аст, ки табиби таҳлилгари имрӯза бояд технологияҳои навини соҳаашро омӯхта, дуруст истифода бурда тавонад, зеро танҳо бо найчаҳо (пробирка) ва заррасанҷҳо кор буд намешавад ва ҳоло ташхису таҷзияи мураккаби компютерӣ авлавияту афзалият пайдо кардаанд ва ин тақозои табиии тибби муосир аст.

— Аз ин хотир, барои табиби таҳлилгар натанҳо дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи корӣ, ҳамчунин саводу маҳорати техникӣ ҳатмист. Пайванди ин се рукн бо замми меҳри касб ва масъулиятшиносӣ ӯро муваффақ месозад, — изҳори назар мекунад Ҳусноро.

ХУЛОСАИ ВОҚЕӢ. Ва аз ҷониби худ дар фарҷоми сухан мегӯям, ки комёбии Ҳусноро Тағоева аз ҳамин рукнҳо таркиб ёфтаасту барояш ман низ тавфиқ мехоҳам.

Қутбия, “Даво”

Мақолаи гузашта

Аз «Саратоншиносӣ» то «Омосшиносӣ»

Мақолаи навбатӣ

Чаро ихтилоли сутунмӯҳра маъмул гашт?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Чаро ихтилоли сутунмӯҳра маъмул гашт?

Чаро ихтилоли сутунмӯҳра маъмул гашт?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

18.06.2026
Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

Зафаробод ва Деваштич: таваҷҷуҳ ба саломатии аҳолӣ

15.06.2026
Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ