• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Баъди таваллуд занро чил рӯз бояд эҳтиёт кард

от user
в Бемориҳои занона
0

Дар баробари миомаи бачадон, безурётӣ, саратони гарданаки бачадон ва дигар бемориҳои тариқи алоқаи ҷинсӣ гузаранда солҳои охир иддаи бонувон бо маризии норасоии мушакҳои коси хурд ба табибон муроҷиат менамоянд. Роҷеъ ба хусусиятҳои ин беморӣ бо Дилбар ҚАРОБЕКОВА, мудири шуъбаи амрози занонаи Маркази ташхисӣ — табобатии «Шифо», суҳбате доштем, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.

— Дар кадом ҳолатҳо занҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд? Шумо ҳамчун мутахассиси варзида сабабҳои онро чӣ гуна тафсир медиҳед?

— Воқеан, имрӯз бемории норасоии мушакҳои коси хурд байни занон хеле зиёд аст. Мушкили асосӣ сари вақт ба духтур муроҷиат накардани занҳост, ки боиси пинҳон мондан ва табобат наёфтани беморӣ мегардад. Онро фуромадани девораҳои маҳбал ва бачадон низ мегӯянд, ки солҳои пештар дар занони аз 40-45 — сола боло зиёдтар мушоҳида мешуд. Вале имрӯз имрӯз бонувони қобили таваллуд низ аз ин дард ранҷ мекашанд.

Аксаран ба душвор таваллуд кардан занҳое дучор меоянд, ки коси танг доранду кӯдак бо вазни зиёд таваллуд мешавад. Мебоист то давраи таваллуд духтурони табобатӣ ба зани ҳомила машварат диҳанд, ки кӯдакро бо кадом роҳ сиҳату саломат ба дунё оранд. Шояд зарурати тариқи ҷарроҳӣ гирифтани тифл бошад, ё дигар роҳҳои дигаре, ки модар низ саломатиашро аз даст надиҳад.

Дар натиҷаи таваллуди душвор девораҳои маҳбал ва бачадон поин шуда, зан ба истилоҳ «маъюб» мегардад. Баъзан зоиши табиӣ низ занро мубталои норасоии мушакҳои коси хурд ва дигар бемориҳои занона менамояд. Ғайр аз сабабҳои дар боло зикрёфта метавон чанд омили дигари ин бемориро овард: сустшавии мушакҳо дар занҳои аз 45-50-сола боло, камҳаракатӣ, фарбеҳӣ, иҷрои корҳои вазнин, вайроншавии фаъолияти ҳормонҳо, таваллудкунии зиёд, ки боиси поин фуромадани маҳбал ва бачадон мешаванд.

— Табиист, ки бе машварати духтур муайян кардани беморӣ имконнопазир аст. Вале шояд нишонаҳое низ бошанд, ки бо зуҳури онҳо занҳо фурсатро аз даст надода, бояд ҳатман ба духтур мурофиат кунанд? 

— Бале, эҳсоси аввалин нишонаҳои беморӣ метавонад ба пешгирии саривақтии маризӣ мусоидат кунад. аст. Зеро табобати саривақтии беморӣ кафили солимӣ мебошад. Воқеан, таҷрибаи андӯхта дар соҳа собит месозад, ки ҳар беморӣ давраи муайяни авҷгирӣ дорад. Паст фуромадани девораҳои маҳбал ва бачадон низ бо гузашти вақт, яъне аввал девораҳои пеш ва ақиб, баъдан вақте девораҳо суст шуданд, фаъолияти мушакҳо низ суст гардида, маҳбал ва бачадон поин мефарояд. Зан дар давраҳои аввали паст фуромадани маҳбал дар организм қариб, ки чизеро ҳис намекунад. Давраҳои нахустини ин беморӣ табобатшаванда буда, ҳеҷ хатаре ба саломатии зан надорад. Масалан, гимнастикаи кегелӣ имкони раҳоӣ аз марҳилаҳои ниҳоии бемориро фароҳам меорад.

Дар марҳилаи сеюм ва чоруми беморӣ зан аз дарди поини шикам, ки ба миён мегузарад, нороҳат мешавад. Раванди нигоҳ доштани пешоб низ вайрон шуда, асосан ин ҳолат ҳангоми тарс ё афсурдаҳолӣ мушоҳида мегардад. Бояд гуфт, ки марҳилаҳои ниҳоӣ табобати хосаро тақозо намуда, зарурати ҷарроҳӣ пеш меояд.

Боиси зикр аст, ки занҳо аксар вақт бо эҳсоси нишонаҳои беморӣ ба ташхисгарони ултрасадо муроҷиат менамоянд, ки на ҳар вақт ташхиси дуруст гузошта мешавад. Танҳо духтурони соҳа, яъне табибони амрози занона бо гузарондани ташхиси маҳбалӣ бемориро аниқ менамоянд.

— Шумо гуфтед, ки аксаран занҳои қобили таваллуд ҳангоми таваллуд ба ин маризӣ, яъне паст фаромадани маҳбал ва бачадон гирифтор мешаванд. Ҳол он ки имрӯз дар таваллудхонаҳо барои таваллуд шароит хуб аст… 

— Барои зан пас аз таваллуд муҳити орому бароҳат лозим. Агар баъзе аз занҳоро боиси беморӣ вазнин гузарондани зоиш бошад, аксарият пас аз таваллуд роҳат надоранд. Бахусус, дар деҳот, ки бештари занҳо пас аз чанд рӯзи таваллуд ба корҳои вазнини рӯзгордорӣ машғул мешаванд. Дар урфият ҳам «чилла» гуфтаанд, ки бояд зан дар давоми чил рӯз саломатии худро барқарор намуда, баъдан ба зиндагии муқаррарӣ гузарад. Мутаассифона, ҳамин қоида на ҳамеша аз ҷониби худи занҳо ва хонаводаашон риоя мешавад.

— Шумо ҳамчун мутахассис дар ин маврид ба онҳо чӣ маслиҳат медиҳед? 

— Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Пеш аз ҳама, ҳар зан новобаста аз синну сол бояд мунтазам ба духтури амрози занона муроҷиат намояд. Зеро марҳилаҳои аввали ин беморӣ бенишонаанд ва таъхири табобат давраи шифоёбиро дароз мекунад.

Паймонаи ҶОВИДОН

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Ризвон Уппал: «Омодаи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон ҳастем»

Мақолаи навбатӣ

Мораторий. Боздошти санҷишҳо ба соҳибкорон чӣ суд меорад?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Мораторий. Боздошти санҷишҳо ба соҳибкорон чӣ суд меорад?

Мораторий. Боздошти санҷишҳо ба соҳибкорон чӣ суд меорад?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рокфеллер: «Бог научил меня, что все принадлежит Ему»

Рокфеллер: «Бог научил меня, что все принадлежит Ему»

06.06.2026
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ се масъалаи калидӣ баррасӣ шуд

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ се масъалаи калидӣ баррасӣ шуд

05.06.2026
5 лекарств, которые родились в космосе

5 лекарств, которые родились в космосе

04.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ