• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Мораторий. Боздошти санҷишҳо ба соҳибкорон чӣ суд меорад?

от user
в Хабарҳо
0

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар эълом доштанд, ки ба хотири дастгирии бештари соҳибкорӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби афзуни сармоя то соли 2027 ҳама гуна санҷиши субъектҳои хоҷагидор манъ карда шавад. Ҳамин буд, ки 10 январи соли 2025 таҳти №915 фармонро “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ба имзо расонданд. Зимнан, ин аллакай панҷумин мораторий аст, ки солҳои охир ба хотири дастгирии давлатӣ аз соҳибкорон роҳандозӣ мегардад.

Фармони мазкур дар тавсеаи фаъолияти ширкатҳои фармасевтӣ, муассисаҳои хусусии тиббӣ, ки теъдодашон рузафзун аст, чӣ нақш мебозад, худи соҳибкорон, ҳамчунин намояндагони мақомоти назоратӣ нисбати зарурату аҳамияти ин тасмим чӣ андеша доранд?

Назорати дохилиро бояд пурзур кард

Маҳмадшариф Мирзоев директори ҶДММ “Беназир” мебошад, ки солҳои зиёд дар соҳаи фармасевтӣ фаъолият дорад. Ширкат дар заминаи яке аз дорухонаҳои бонуфузи шаҳри Бохтар “Аптекаи 4” таъсис ёфтааст. Он дорухонаи универсалӣ — истеҳсолие буд, ки замони шуравӣ натанҳо ба фурӯш, балки ба истеҳсоли чанд намуд доруворӣ машғул буд. Бо гузаштан ба бахши хусусӣ соҳибмулкон тавонистанд иқтидори дорухонаи номдорро афзун карда, дар асоси технологияи муосир истеҳсоли 20 номгӯй доруро роҳандозӣ кунанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки “Беназир” теъдоди зиёди муассисаҳои давлатии тиббиро низ бо дорувории хушсифат таъмин месозад.

Зимни суҳбат сарвари ширкат иқдоми нави Сарвари давлатро барои соҳибкорон ғамхории падарона мехонад ва меафзояд: “Ман як чизи оддиро бароятон мегӯям. Бубинед, имруз мақомоти зиёди назоратӣ фаъолият мекунанд ва мувофиқи вазифаю ваколат онҳо ҳамеша фаъолияти моро низ таҳти санҷиш қарор медиҳанд. Як чизи муҳим барои ҳар соҳибкор ин вақт аст. Санҷиши фаъолияти ин ё он ширкат бо як рӯзу ду рӯз тамом намешавад. Яъне чанд рӯз соҳибкор наметавонад бо кори бевоситааш машғул бошад. Роҳандозии мораторий ё худ манъи санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор як фазои мусоиду озодро барои мо соҳибкорон фароҳам меорад. Сарфаи вақт, сарфаи неру ва ғайра. Лекин ин беназоратӣ нест, ки ҳарчӣ хоҳӣ, кардан гирӣ. Мо соҳибкорон низ бояд фаъолияту сифати хизматрасониямонро аз руи инсоф ва қонунҳои амалкунанда ба роҳ монем. Бе назорати ҳамон мақомоти санҷишӣ ба сатҳу сифати маҳсулот, муносибати кормандон бо корафтодагон, сифати хизматрасонӣ диққати ҷиддӣ бидиҳем. Яъне вазифаи ҳамон сохторҳои назоратиро дар коргоҳу ширкатҳои худ мо, роҳбарон, иҷро кунем. Мо соҳибкорон бояд имиҷ сохтанро омӯзем, агар ин корро карда тавонем, ҳам корамон пеш меравад, ҳам дар бозор талабот ба маҳсулот ва хизматрасониҳоямон афзоиш меёбад ва албатта даромаднокии коргоҳу ширкатҳоямон зиёд мешавад. Яъне назорати дохилиро бояд пурзур намуд. Чун низоми дурусти кор ба роҳ монда шуда, маҳсулотат ба стандартҳо ҷавобгу аст, бовар дорам, мақомотҳои назоратӣ низ мушкиле эҷод намекунанд”.

Мораторий воқеан ба нафъи мост

Роҳбари маркази хусусии стоматологии “Муҳаммад”-и шаҳри Бохтар Муҳаммад Туйчиев изҳор дошт, ки эълони мораторийи нав аҳли бахши хусусиро хеле шод кард. “Ман мутахассиси ҷавонам ва таҷрибаи корам ҳамагӣ 7 сол аст. Мо соли 2021 маркази стоматологӣ бо номи “Алмос” ташкил кардем. Соли дигараш бошад, Пешвои миллат чунин мораторий эълон карда буданд. Он замон мо коргоҳи навтаъсис ҳисоб меёфтем. Муддате, ки ҳама гуна санҷишҳо манъ гаштанд, барои мо хеле дастгирии хуб шуд. Ва инак, боз то соли 2027 ҳама санҷишҳоро боздоштанд, изҳори қаноатмандӣ мекунад Муҳаммад. Ин муҳиту василаи хубест, ки доираи фаъолиятамонро васеътар карда, тарзҳои нави табобатро ҷорӣ созем, ҳамзамон сатҳу сифатихизматрасониро ба ниёзмандон баланд бардорем. Ягон соҳибкор як нуктаи бисёр оддӣ, вале муҳимро набояд фаромуш кунад, ки мораторий маънои ҳарчи хоста кардан надорад. Кори худро бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар пеш барем. Тозагию озодагӣ, риояи гигиена, тамизи саривақтии асбобу таҳҷизот, истифодаи дорувориҳои босифат ҳатмӣ гардад. Мо бештар бо Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон сару кор дорем ва хуб аст, ки кормандони он ба мо пайваста кумаки методӣ мерасонанд.

Нозирон аз санҷиш ба хониш гузаштанд

Сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Шайхаҳтам Саъдуллозода эълони мораторийро тадбири саривақтӣ унвон кард ва афзуд, ки ин давраи хубест барои гузаштан аз санҷиш ба … хониш. Яъне дар ин давра кормандони мақомоти назоратӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малака имкони бештар пайдо мекунанд.

Ба қавли Саъдуллозода “то замони эълони мораторий мутахассисони Сарраёсат тибқи нақша пайваста серкору серташвиш буданд. Ин буд, ки барои мутолиа ва бозомӯзӣ қариб, ки имкон намеёфтем. Айни замон дар сарраёсат барои такмили тахассуси нозирон машғулият ташкил карда шуд. Мутахассисони мо имкон пайдо карданд, дониши худро доир ба қонунгузории соҳаи тандурустӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки назораташ бар души мост, такмил диҳанд. Инчунин ҳафтае ду маротиба дарси забони англисӣ роҳандозӣ шуд”.

Дар ҷараёни суҳбат Шайхаҳтам Саъдуллозода аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати тафсири зарурату аҳамияти мораторий бо ҷомеаи соҳибкорӣ даҳҳо вохурию суҳбат гузаронданд. Бо таъкиди он ки ҳарчанд санҷишҳо гузаронида намешаванд, вале онҳо бояд дар доираи қонун фаъолият дошта бошанд. Аз ҷумла дар самти таъмини аҳолӣ бо маводҳои доруворӣ, парфюмерӣ, хизматрасонӣ ва молҳои тиббӣ. “Бешак, дар сурати шикояти шаҳрвандон аз фаъолияти ширкатҳо ё сифати доруворию парфюм мо ҳар ҳодисаро санҷида, баҳои ҳуқуқӣ медиҳем. Дигар санҷишҳои нақшавию ғайринақшавӣ манъ карда шудааст,- гуфт дар ниҳояти суҳбат Шайхаҳтам Саъдуллозода.

Сайраҳмон НАЗРИЕВ, “Даво”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Баъди таваллуд занро чил рӯз бояд эҳтиёт кард

Мақолаи навбатӣ

«Насли солим» барои насли солим аст

user

user

Мақолаи навбатӣ
«Насли солим» барои насли солим аст

"Насли солим" барои насли солим аст

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ғадуди сипаршакл:  мушкили пинҳоне, ки ба саломатии занҳо таҳдид мекунад

Ғадуди сипаршакл: мушкили пинҳоне, ки ба саломатии занҳо таҳдид мекунад

28.07.2026
15 интересных фактов о рейхане

15 интересных фактов о рейхане

27.07.2026
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи тиббӣ ба рейтинги «THE Asia University Rankings 2026» ворид шуд 

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи тиббӣ ба рейтинги «THE Asia University Rankings 2026» ворид шуд 

24.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ