• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Бемориҳои пўст сироятшаванда нестанд

от user
в Бемориҳои пӯст
0

Бо фаро расидани фасли гармо, бархе аз бемориҳои пўст, хурўҷ мекунанд. Аз ин рў, мо тасмим гирифтем дар бораи бемориҳои пўст, аз ҷумла бемории псориаз ва витилиго, пешгирӣ ва сабабу омилҳои ба он гирифтор шудан бо духтури бемориҳои пўст, номзади илмҳои тиб Ҳаёт Алиев мусоҳибае ороем.

Сараввал мегуфтед, ки псориаз чӣ гуна беморӣ аст?

— Псориаз (шукуфаи фаслӣ, ё шукуфаи хушки пулакчадор) — бемории бисёромилае (мултифакториалӣ) мебошад, ки дар инкишофи он тамоюлҳои ирсӣ, вайроншавии функсияи системаҳои масунӣ, эндокринӣ, асаб, таъсири номусоиди муҳити атроф ва ѓайра таъсир мерасонанд.

Оё ин беморӣ аз шахси бемор ба шахси солим мегузарад?

— Псориаз бемории сироятӣ нест, яъне ҳеч гоҳ аз одам ба одам намегузарад. Азбаски дар инкишофи псориаз тамоюлҳои ирсӣ роли асосӣ мебозанд, аз волидайн ба фарзандон, на ин ки худи беморӣ, балки майл (предрасположенность) мегузарад ва баъдан аз таъсири омилҳои мухталиф метавонад псориаз оѓоз шавад.

Ин беморӣ бештар дар кадом мавсими сол хурўҷ мекунад?

— Одатан псориаз баъд аз ангина (дарди гулў) ва ё зуком шурўъ мешавад. Аз ин рў, ин беморӣ бештар дар фасли тирамоҳ ва баҳор ба назар мерасад.

Оё метавон ин бемориро пурра табобат намуд?

— Дар айни замон пурра табобат намудани псориаз ѓайриимкон аст. Муолиҷаи беморони мубталои псориаз ба кам намудани падидаҳои клиникӣ ва басомади хуруҷҳои такрории беморӣ, бартараф намудани эҳсосоти манфии субъективӣ ва беҳтар намудани сифати ҳаёти бемор равона карда шудааст. Ҳангоми интихоби усули табобат синну сол ва ҷинси бемор, маълумотҳои анамнез, шакли клиникӣ, паҳншавии раванди пўст ва мавҷуд будани иллатҳои ҳамроҳикунанда ба назар гирифта мешаванд.

Барои пешгирии ин беморӣ чӣ бояд кард?

— Барои пешгирии псориаз табобати пешгирикунандаро саривақт гузаронидан лозим аст. Ин табо бат истифодабарии маводи танзимкунандаи масуният ва витаминҳоро дар назар дорад.

Ба онҳое, ки ба бемории псориаз гирифтор шудаанд, чӣ тавсия медиҳед?

— Тавсияи асосӣ ба беморони гирифтори псориаз ин аст, ки ноумед нашуда, тарзи ҳаёти солимро риоя намуда, бемориро таҳти назорати духтур бурдан лозим аст

Ҳамчунин, мехостам дар мавриди бемории витилиго мегуфтед. Бемории витилиго (барас) чӣ гуна беморӣ аст?

— Барас (витилиго) бемории музмини дар давоми ҳаёт пайдошуда мебошад. Ҳангоми ин беморӣ дар пўст лаккаҳои сафед, ки майл ба зиёдшавӣ доранд, аз сабаби кам шудани миқдори меланин дар пўст пайдо мешаванд. Барас новобаста аз синну сол, ҷинс, нажод метавонад дар қисмҳои гуногуни пўсти одамон пайдо гардад. Тақрибан 1 фоизи одамони курраи замин ба ин касалӣ дучоранд.

Сабабҳои аниқи пайдошавии ин беморӣ то ҳол муайян нест, аммо омилҳои ирсӣ дар ин беморӣ нақши калон мебозанд. Зиёда аз 30 фоизи ин беморон дар байни волидайн ё хешовандони барас ба назар мерасад.

Оё бемории витилиго сироятшаванда аст?

Бояд гуфт, ки барас бемории сироятӣ нест ва ҳеҷ гоҳ аз шахси бемор ба шахси солим намегузарад, аммо тавре дар боло гуфтам, ирсӣ буда метавонад.

Чаро ин беморӣ дертабобатшаванда ва ё умуман табобатнашаванда аст?

— Аз сабаби номуайян будани сабаби беморӣ табобати самараноки он то ҳол вуҷуд надорад. Ҳангоми табобати барас, ки одатан хеле тулонӣ аст, танҳо тақрибан 40 – 45 фоизи беморон аз ин беморӣ раҳоӣ меёбанд. Бояд қайд кард, ки ҳатто баъди аз байн рафтани лаккаҳои сафед шахс бояд ҳамеша зери назорати духтури пўст бошад, зеро барас такрор шуда метавонад.

— Барои пешгирии ин беморӣ чӣ бояд кард?

— Агар дар авлод ин беморӣ ба назар расад, бояд дар як сол ақаллан як маротиба аз назорати духтури пўст гузаранд.

Сўҳбатнигор Мазҳаб Ҷумъа

Мақолаи гузашта

Вақтҳои хӯрдани даво

Мақолаи навбатӣ

Гиёҳдармонии бемориҳои пӯст

user

user

Мақолаи навбатӣ
Гиёҳдармонии бемориҳои пӯст

Гиёҳдармонии бемориҳои пӯст

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ