
Бемории санги гурда, ки онро санги пешобдон ҳам мегўянд, аз зумраи маризиҳои байни аҳолӣ паҳншуда мебошад. Чӣ боиси дар ин узви одам пайдошавии санг мегардад? Дар ин мавзуъ ҳамсӯҳбати мо Ёқуб ИБРОҲИМЗОДА, муовини директори Маркази миллии ташхиси ҷумҳуриявӣ, мутахассиси соҳаи урология, чанд андешаи худро барои хонандагони маҷаллаи “Даво” иброз дошт.
-Санги гурда чӣ гуна беморист ва киҳо бештар мубталои он мешаванд?
— Ин маризӣ асрҳост, ки мардуми моро ҳам азоб медиҳад ва то имрӯз табибону олимони соҳа барои дарёфти роҳҳои муфиди табобат ва пешгирии он басо пажӯҳиш анҷом додаанд. Сар задани дарди ҷонкоҳ одамро назди табибон меорад ва пас аз ташхис маълум мегардад, ки ин ё он узваш санг доштаст, бахусус гурда ва пешобдон.
Коршиносони соҳа се аломати гирифторӣ ба бемории санги гурдаро муайян намудаанд: 1.экзоменӣ (беруна), 2. эндогенӣ (дохила) ва 3. омехта. Яъне, ин маризӣ комплексӣ буда, ҳар як аломати он роҳу усули хоси худро дорад.
Таъсири об, иқлим, шароити зиндагӣ омилҳои берунаи гирифторӣ ба маризии санги гурдаанд. Ба омилҳои дохила бошад, бемориҳои нуқсонҳои модарзодии гурда, вайроншавии ҳормонҳо ва бемориҳои узвҳои ҳозима, ба мисоли иллати ҷигар, меъда, испурҷ дохил мешаванд. Пай дар пай дарунрав шудан ва шикастани устухон сабабҳои дигари пайдоиши санги гурдаанд.
Дар баъзе беморон аз меъёр зиёд будани калтсий низ сабаби пайдо шудани санг дар гурда мегардад, ки инро табибон ба ирсият тавъам медонанд.
— Оё рост аст, ки санги гурда назар ба занҳо дар мардҳо бештар пайдо мешавад?
— Рост. Аслан ин маризӣ хоси мардҳо буда, занҳо зиёдтар аз илтиҳоби гурда азият мекашанд. Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш бемории санги гурда хоси калонсолон буд.
Имрӯз бошад, ҳолати тамоман дигар ба мушоҳида мерасад. Бо назардошти он ки аз ҷумла бемориҳо 5 дарсадаш ба санги гурда рост меояд, 50 дарсади гурдадардҳо аз 20 то 45 сола мебошанд.
Боз як нуктаи муҳим, ки пешгирии беморӣ ё сари вақт аз он огоҳ шуданро душвор мегардонад. Дар гурда ё пешобдон мавҷуд будани санг аксаран танҳо ҳангоми ташхис маълум мешавад, зеро дар давраҳои аввали ташаккули санг шахс дарде ҳис намекунад.
— Дар байни мардуми мо истилоҳи “беҷошавии санги гурда” роиҷ аст. Оё воқеан ҳам санг “беҷо” мешавад?
— Ҳа. Дурустии ин “ташхиси мардумӣ”-ро илм собит кардааст. Ҳамаамон дар гармои тобистон бисёр об менушем. Аз гармии ҳаво роҳҳои пешобгузар васеъ шуда, бо нӯшидани оби зиёд фаромадани санг ба амал меояд. Ба куҷо? Аз гурда ба роҳи пешобгузар. Ин лаҳзаҳо дар камар дарди ҷонкоҳ пайдо мешавад. Ҳамчунин дилбеҳурӣ, сӯзиш дар роҳи пешобгузар, хунолуд омадани пешоб.
— Микронефролитиаз, сода карда гўем, дар пешоби бемор будани таҳшини намак дар шакли қумро метавон нишоназои аввалини пайдоиши санги гурда гуфт?
— Бечунучаро. Сари вақт табобат накардани бемориҳои илтиҳобӣ, аз қабили илтиҳоби роҳҳои пешоббарор ва ғадуди пешоб, ки аз истеъмоли ғизо ва об дар ин узвҳо намак таҳшин мешавад, сангро ба вуҷуд меоранд. Бо муайян шудани микронефролитиаз ба табобат фаро гирифтани бемор муҳим аст.
-Барои муайян кардани санги гурда боз кадом ташхисҳо муҳим мебошад?
— Ташхиси рентгенӣ. Зеро тавассути дастгоҳи ултрасадоӣ на ҳамеша маълумоти аниқ ба даст меояд. Ҳамчунин ҳарчи бештар томографияи компутерӣ истифода мешавад дар муайянсозии ҳаҷм, андоза ва ҳолати санг (нарм ё сахт будани он).
— Имрўз табибон аз кадом усулҳои муосири ҷарроҳӣ бештар истифода мебаранд? Ҳамчун мутахассис барои пешгирӣ аз бемории санги гурда ва роҳҳои табобати он чӣ маслиҳат медиҳед?
— Пеш аз ҷавоб ба саволатон ба ду масъалаи муҳим дахл карданиям. Аввал ин ки риояи қоидаҳои гигиенӣ, интихоби тарзи ҳаёти солим, машғулият ба варзиш, кам кардани намак дар ғизо ва истеъмоли намак ва таомҳои бирёнӣ асоси пешгирӣ аз тамоми бемориҳост, аз ҷумла санги гурда. Баъдан, ашхосе, ки тӯли беш аз 5 сол аз ин маризӣ ранҷ мекашанд, ҳар се моҳ дар озмоишгоҳ таркиби пешобашонро санҷида, аз ташхиси ултрасадо гузаранд. Амалиёти ҷарроҳӣ охирин илоҷ аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти навин гузаронда мешавад. Яке аз намудҳои муосири ҷарроҳӣ нефролитолапаксия аст, ки сангҳои гурда пурра гирифта шуда, бемор дар муддати кӯтоҳ шифо меёбад.
Паймонаи ҶОВИДОН,
“Даво”



