• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Муроҷиат ба табибони оилавӣ бештар аст

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Сӯҳбати хабарнигори маҷаллаи «Даво» бо директори Маркази саломатии №15-и шаҳри Душанбе ТОҲИР ҒАЙРАТЗОДА

— Дар ибтидо чанд сухан аз шӯъбаи нави дастгирии модару кӯдак мегуфтед, ки ба қарибӣ дар муассисаи шумо ба фаъолият шурӯъ кард.

— Шӯъбаи номбурда 29 майи соли равон бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳамкорӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Дар он 10 мутахассиси таҷрибадор бевосита бо кӯдакони маъюб ва аз нигоҳи ақлонӣ сустинкишоф сарукор мегирад. Алҳол зиёда аз 20 кӯдак таҳти назорати доимии духтурони шӯъбаи навташкил мебошад. Фаъолияти он се соҳаи муҳим — тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоиро ба ҳам тавъам месозад. Ҳамчунин, ифтитоҳи шӯъба барои пурратар фаро гирифтани кӯдакон дар ҷойи истиқомат мусоидат мекунад.

— Фаъолияти шӯъбаҳои дигари марказ чӣ гуна роҳандозӣ шудааст? Оё гуфта метавонед, ки шаҳрвандон бештар ба кадоми онҳо муроҷиат мекунанд?

— Дар Марказ 6 шӯъба: тибби оилавӣ, ҷарроҳӣ, мутахассисони соҳавӣ, солимии репродуктивӣ, озмоишӣ, гиёҳдармонӣ ва ташхис амал мекунад. Кормандони онҳо дар маҷмуъ ба зиёда аз 56 ҳазор аҳолии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ мерасонанд. Акнун ҷавоб ба саволатон: қисми зиёди муроҷиати шаҳрвандон ба табибони оилавӣ рост меояд. Алҳол таҳти назорати табибони оилавӣ 5651 бемор қарор дорад. Дар маҷмӯъ, дар давоми шаш моҳи соли равон 27100 ниёзманд ба марказ муроҷиат кард, ки аз ин 18632 нафар дар муассиса ва 8468 нафар дар хона муоина шуд.

— Дар ҷомеа аз коста шудани ахлоқи иддаи наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ мекунанд ва сабаби асосиро дар интернет мебинанд, ки дар мессенҷерҳои он маводи ғайриахлоқӣ ниҳоят зиёд аст. Шояд ба маркази Шумо низ нафароне муроҷиат кунанд, ки бинобар алоқаҳои тасодуфии ҷинсӣ мубталои бемориҳои сироятӣ шудаанд.

— Воқеан, дуруст қайд кардед. Пӯшида нест, ки афзудани баъзе бемориҳо бинобар алоқаи бармаҳали ҷинсӣ миёни наврасон сар мезананд. Дар шӯъбаи марказ табибон бо наврасону ҷавонони мактабу донишгоҳҳо ва коллеҷҳо ҳамкориро роҳандозӣ намудаанд. Ба онҳо оқибати гарони алоқаҳои бармаҳали ҷинсӣ, аҳамияти тарзи ҳаёти солим, танзими оила, пешгирии исқоти ҳамли номатлубро мефаҳмонанд. Таъкид кардан мехоҳам, ки ба онҳо хизмат ба таври ройгон ва махфӣ расонда мешавад.

— Солҳои охир бисёриҳо аз бемории дилу раг ва асаб шикоят доранд. Шумо ҳамчун мутахассис афзоиши онро аз чӣ медонед?

— Воқеан, ҳар беморие, ки дар мавсими муайян байни аҳолӣ хуруҷ мекунад, дар сурати муроҷиати саривақтӣ бе ягон оқибати хатарнок муолиҷа мешавад. Вале боз бемориҳое ҳастанд, ки аз истеъмоли нодурусти ғизо, камҳаракатӣ ва риоя накардани тарзи ҳаёти солим ба вуҷуд меоянд. Бемории фарбеҳӣ, ки аз камҳаракатӣ ва истеъмоли хӯрокҳои серчарб пайдо мешавад, яке аз сабабҳои гирифторӣ ба бемориҳои диабети қанд ва дилу раг мебошад. Дар шаш моҳи соли равон 1010 бемори дилу раг, 339 бемори ишемӣ, 1749 бемори фарбеҳӣ ба қайди диспансерӣ гирифта шуд. Омили афзоиши шумораи беморони асаб стресс ё афсурдаҳолии бардавом мебошад. Табиист, ки навгониҳои технологӣ ва иттилои бешумори мусбию манфӣ ба равони одам таъсиргузор аст. Ҳамчунин, тағйир ёфтани иқлим боиси афсурдаҳолӣ ва авҷи ҳар гуна маризиҳо мегардад, ки одамро ҷисман ва рӯҳан ба истилоҳ «маъюб» мекунад. Бахусус, гармои тобистон метавонад ҳолати беморони дилу рагро вазнинтар созад.

— Нарасидани мутахассисони соҳавӣ дар аксар марказҳои саломатӣ мушкили рӯз аст. Вазъият дар маркази шумо чӣ гуна бошад?

— Ин ҳолат, асосан, дар ноҳияҳои дурдаст мушоҳида мешавад. Хушбахтона, дар маркази мо чунин мушкил вуҷуд надорад. Дар шӯъбаи мутахассисони соҳавӣ 16 табиб ва 17 ҳамшира, инчунин кормандони хурди тиб кор мекунанд. Дар шӯъбаҳои дигар низ фаъолияти мутахассисон хуб роҳандозӣ шудааст. Сирри муваффақияти корамон ҳам дар интихоби дурусти кадрҳост. Бо дастрасии пурра ба таҷҳизоти замонавӣ табибон сари вақт беморонро муоина ва табобат менамоянд. Ҳамчунин, тамоми намуди таҳлил дар ташхисгоҳи марказ гузаронда мешавад. Дар охир боз як навиди хуш. Чанде пеш ба марказ бо мусоидати сафорати Ҷопон таҷҳизоти муосир, аз қабили рентгени рақамӣ, се дастгоҳи ултрасадо ва колпоскоп ворид гардид, ки сифати корамон ва муолиҷаи маризонро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

Паймонаи ҶОВИДОН,

“Даво”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Вақти ниқобҳои тирамоҳӣ расид

Мақолаи навбатӣ

Чаро санги гурда «беҷо» мешавад?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Чаро санги гурда «беҷо» мешавад?

Чаро санги гурда "беҷо" мешавад?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026
Как воспаление простаты погубило космическую станцию

Как воспаление простаты погубило космическую станцию

13.06.2026
Фишоратон баланд? 2 финҷон какао нӯшед!

Фишоратон баланд? 2 финҷон какао нӯшед!

12.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ