• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Инсоне шариф ва роҳбаре масъулиятшинос

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Бори нахуст ба бинои нави Вазорати тандурустӣ меомадам. Басо зебою бошукӯҳ бо тарҳи ҷолиб бунёд кардаанд онро. Дарвозаи калони кандакорияш низ чашмрабо буд. Лекин ҳарчанд кўшидам, он кушода нашуд. Ҳайрон мондам, ки чаро рўзона он маҳкаму чӣ гуна ворид шавам. Хайрият, писарчаи хушодоби раҳгузаре ин муаммои маро пай бурда гуфт: “Амакҷон, дари даромад аз паҳлуи бино”.

Бе мушкил ба ошёнаи нўҳум баромадам, ки он ҷо дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат муовини сардор Давлатмурод Олимов мувофиқи маслиҳати пешакӣ интизор буд. Утоқи корияш низ барҳавою муҷаҳҳаз. Баъди азволпурсӣ нав суҳбатамон сар шуд, ки телефон занг зад. Ҷонибам нигарист. “Бемалол” гуфтамаш. Ў гўшакро бардошту ман мусоҳибамро нашинохтам: кадом як ҷанобе англис ба мухотабаш ким-чиҳо мегуфт (дар англисӣ банда пиёда). Бори нахуст чунин англисии зебою равонро аз забони мансабдорони тоҷик чанд сол пеш дар конфронси байналмилалӣ дар меҳмонхонаи “Сирена” аз вазир Азим Иброҳим шунида будам, ки бароям басо гуворо буд. Ва ҳоло ҳам бандаро ҳисси ифтихор аз кадрҳои донишманди феълӣ фаро гирифт. Чун баъди чанд дақиқа гуфтугўяш анвом ёфт, тавзеҳ дод, ки дар Сарраёсати Хадамот барои кормандон омўзиши забони англисӣ ташкил кардаанду ба ў соати баргузорӣ ва мавзўи навбатии машғулиятро гуфтанд. Мо суҳбатамонро идома додем.

Падар — фелдшери ордендор

Чун мо фарзандонро ба камол мерасонем, дар ҷараёни он мувофиқи орзуҳои худ ба онҳо пешакӣ касб интихоб мекунем, ки дар кору рӯзгор муваффақ шаванд. Баъзеяшон моро гӯш мекунанд, баъзеи дигарашон аз пайи ҳавою ҳаваси худ мераванд, ки ин ҳам ҳеҷ ҷои накӯҳиш надорад. Баъзеи дигарро муҳити оила раҳнамо мегардад. Давлатмурод аз тоифаи сеюм аст. Соли 1989, пас аз хатми мактаб -интернати №13-и ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, суоли “кадом касбро интихоб кунам” сараш ба дард наовард. Зеро кайҳо ба хулосаи қатъӣ омада буд: мисли падараш ҳатман табиб мешавад. Абдухалил Олимов натанҳо дар ҷамоат, балки дар ноҳия аз чеҳраҳои шинохта буд. Ин фелдшер, як муборизи матини хатти аввали тиб алайҳи бемориҳо даҳсолаҳо шабу рӯз софдилона дар хизмати мардум буд. Ҳатто вақте дар фасли зимистону боронгариҳо роҳи байни деҳаҳо баста мешуд, ӯ илоҷе карда, ба имдоди беморон мерасид.

Равоншод Абдухалил Олимов миёни фелдшерҳои ҷумҳурӣ аз камтарин нафароне буд, ки сазовори нишони “Аълочии тандурустии СССР” (1980) ва ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат” (соли 1981) гаштааст.

Бародари калонияш Тағоймурод ва додаронаш Ҳокимҷону Комилҷон чун пайравони падар дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, ҳар се фармасевтанд. Аз ин рӯ, вай ҳам роҳи Донишгоҳи давлатии тиббиро пеш гирифт. Зимнан баъди вай додаронаш Хӯҷамурод ва Абдураҳим Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кулоб ва Донишгоҳи давлатии андозро хатм кардаанд. Як оилаи калони табибон.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро Давлатмурод соли 1995 хатм намуд, бо ихтисоси ҷарроҳ, интернатураи клиникиро дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ, дар кафедраи ҷарроҳии рақами 1 гузаронд. Он барояш аз беҳтарин мактаби тавонёбӣ дар касб гашт. Баъд ба зодгоҳ баргашта, он ҷо хизмати мардумро баҷо оварда, боз ба Душанбе баргашт ва дар ординатураи клиникӣ ду сол кор кард. Сипас, соле чанд дар Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” фаъолият дошту дар ин муддат чун “ҷарроҳи дасташ сабук” ном баровард.

Чӣ тавр ҷарроҳ хизматчии давлатӣ шуд?

Соли 2007 дар ҷараёни рӯзгори ҷарроҳ Давлатмурод Олимов гардиши куллӣ ба амал омад. Ба Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ (бо ҳуқуқи хадамот), ки дар Вазорати тандурустӣ сохтору таҷрибаи нав буд, ба кор даъваташ намуданд. Аввал мутахассиси пешбар, пас аз ним сол сармутахассис шуд. Соли 2008 сохтори навро такмил доданду дар заминааш ду сохтор ташкил ёфт: Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтӣ.

Дар хадамоти нав ӯ корро аз сифр оғоз намуд, яъне ба ҳайси сармутахассис. Дар тӯли қариб даҳ сол бо кори хубу маҳорати ташкилотчигӣ мадди назарҳо шуд: сардори шуъба, баъдан сардори раёсат таъин шуданаш ва сипас муовини сардори хадамот баргузиданашон эътирофу қадрсозии ҳамин сифатҳояш буд.

Охири соли 2017 аз се хадамот: Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ як хадамот сохтанд: Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Пас аз адами эпидедияи коронавирус аз он Хадамоти санитарию эпидемиологиро боз алоҳида карданд. Дар муассисаи пешин вай аввал сардори сарраёсат, баъдан муовини сардори хадамот шуд. Чунин аст баёни мухтасари силсилаи воқеоте, ки давоми беш аз чоряк аср дар пойтахт дар рӯзгори ин ҷавони рустоӣ ба вуқуъ пайваста, ӯро ин ҷо даврае ҷарроҳи номӣ карду сипас роҳбари муваффақ.

Шӯхиомез мепурсамаш, ки аз хилъати сафедро ба костюму галстук ва теғи ҷарроҳиро ба қаламу коғазу компютер иваз кардан пушаймон нест ва оё дилаш ба ҷарроҳӣ гум мезанад? Чуноне иброз дошт, кайфияти касби ҷарроҳ мисле надорад, чунки беҳтарин кори дунё ба бемор шифо бахшидани табиб, аз ҷумла ҷарроҳ аст. Албатта, дилаш гум мезанад, ҳатто борҳо дар хоб дидааст, ки ҷарроҳӣ мекунад. Ҳар вақт бо устодону ҳамкурсонаш вомехӯрад, ки бисёрашон ҷарроҳони шинохта, олимони маъруф, доктору профессоранд. Бешак, аз ин комёбии онҳо шод мешавад, ҳавас ҳам мекунад, лекин ҳеҷ ҳасад намебарад. Надорад чунин хислат.

Ҳадаф ислоҳи камбудиҳост!

Аммо аз табдили кор кардан таасссуф намехӯрад, зеро ҳамон кори пешина табобати беморонро идома дода истодааст. Бо шакли дигар бошад ҳам, моҳият ҳамон аст. Фақат ҳамин қадар фарқ дорад, ки бори масъулияташ ба маротиб бештар шуда, зеро рисолати хадамоти онҳо назорати пайвастаи фаъолияти муассисаҳои тиббии кишвар ҷиҳати фароҳамории шароити зарурӣ барои ташхису табобати беморон, фаъолияти хуби табибону дигар кормандони муассисаҳои тиббӣ дар доираи қонуну меъёрҳо ва протоколҳои мавҷудаи табобатист.

— Мутахассиси назоратӣ кадом вақт муваффақ мешавад?

Вақте тамоми раванду нозукиҳои ташхису табобат, талаботи санадҳои меъёрии танзимкунандаи соҳаро донад ва талаби риояашонро кунад, — мегӯяд Давлатмурод Олимов. — Омадани назоратчӣ ба муассиса на ба хотири чирк зери нохун кофтан аст, балки ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва кӯмаки амалӣ дар беҳтар сохтани ташкили фаъолияти он аст. Фишороварӣ бояд набошад, назорату тафтишот аз ҷониби кормандони хадамот бояд бо маданияти баланди муносибату муошират сурат гираду дар баҳогузорӣ ба фаъолияти муассиса ва кормандонаш холис бошанд. Мо ана ҳамин тарзи кору рафторро аз нозирони худ пайваста ва боисрор талаб мекунем.Ва ин ҷо аз Пешвои миллат, Президенти кишвар Э. Раҳмон ёдовар мешавад, ки дар Паёми охирин баъзе хадамоти назоратиро танқид карданд. Ба он маънӣ, ки баъзан тафтиш бисёр бошад ҳам, онҳо кам тағйироти мусбат меоранд. Албатта, сабабҳо гуногунанд, аз ҷумла дар муассисаҳои тиббӣ.

Ба андешаи Давлатмурод Олимов, як василаи муассири рафъи камбудиҳо дар муассисаҳои тиббӣ фаъол кардани комиссияҳо оид ба сифат ва бехатарии ёрии тиббӣ аст. Яъне назорат, аудити дохилӣ бояд ҷиҳати ташкили кори муассиса, табобати беморон ва таъмини бехатарии онҳо доимӣ бошад. Ин ниҳоят муҳим ва зарур аст, зеро ҳар қадар назорати дохилӣ пурзӯр гардад, ҳамон андоза ҳоҷат ба дахолати беруна намемонад, оризаҳо, сироятёбӣ, ҳодисаҳои фавт камтар мешаванд.

Чуноне зикр намуд, дар баробари беҳбуд ёфтани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоту воситаҳои муосири ташхису табобат таъмин шудани онҳо масоили ҳалталаб ҳанӯз кам нестанд. Мо ин камбудиҳоро медонем, донистани онҳо бошад, имкони ёфтани роҳҳои ислоҳашонро беҳтар мекунад, — таъкид мекунад ӯ.

Имтиҳони низоми тандурустии кишвар

Аз гуфтаҳояш рӯшан мефаҳмам, ки фаъолияти хадамот ниҳоят серҷабҳаю гуногунҷанба аст ва дар як навиштаи хурд онҳоро фаро гирифтан наметавон. Бо вуҷуди ин боз як фикри воқеии ҷолиберо баён дошт, ки бояд ҳатман ин ҷо орам.

Солҳои охир тамоюли болоравии касбият миёни духтурон баръало мушоҳида ва сафи мутахасссисони баландихтисос тавассути такмили тахассус ҳам дар худи ҷумҳурӣ ва ҳам дар хориҷа пайваста мушоҳида мегардад. Дар ин росто ҳарчи бештар ба истифодаи роҳу усулҳои муосири табобат рӯ овардани духтурон, ба хусус ҷавонон тавассути технологияҳои замонавӣ тақвият меёбад. Имрӯз дониши онҳо ҳам дар ҷарроҳию ҳам табобат аз ҳамтоёни хориҷияшон ҳеҷ камӣ надорад. Ҳамчунин, ин далели он аст, ки ҳам Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳам вазорат ба масъалаи таъминоти кадрҳои баландихтисос, техникию технологияи муосири соҳавӣ диққату ғамхории пайваста зоҳир мекунад. Дар натиҷа, ба шаҳрвандони бемори мо зарурати барои ташхису табобат бо харҷи маблағи калон ба кишварҳои хориҷӣ рафтан торафт кам мешавад.

Зимнан, эпидемияи коронавирус, ки ҷаҳонро фаро гирифта буд, барои системаи тандурустии кишвари мо низ як имтиҳони ҷиддӣ шуд. Маҳз тавассути дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои саривақтӣ ва сафарбарнамоии тамоми иқтидор ва зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамоҳангии фаъолият бо тамоми вазорату идораҳо, ВАО ва ҷомеа имконият дод, ки сатҳи омодабошии муассисаҳои тандурустӣ таъмин гардида, паҳншавии сироят дар кӯтоҳтарин муддат пешгирӣ ва вазъи ногувори баамаломада муътадил карда шавад. Ин аз устувории низоми тандурустии кишвар шаҳодат медиҳад, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ низ эътироф гардид.

Боз як оилаи табибон

Ва ниҳоят, боз як далели ҷолиб аз рӯзгори Давлатмурод Олимов, ки мероси падарро дар касби падар дарёфта. Фарзандони ӯ ҳам айнан чунин карданд. Дӯстмуроду Олимҷон

Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм карда, яке стоматологу дигаре фармасевт шуданд, духтараш Амина низ фармасевт шуданист. Писари кенҷааш Сиёвуш муҳассили факултаи стоматологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, яъне боз як оилаи табибон.

Дар кору пайкори ин марди шариф, сарвари комёбу масъулиятшинос барору муваффақият мехоҳем.

Ш.Насриддин, «Даво»

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

Чаро санги гурда «беҷо» мешавад?

Мақолаи навбатӣ

Лоиҳае, ки солимии миллатро тақвият мебахшад 

user

user

Мақолаи навбатӣ
Лоиҳае, ки солимии миллатро тақвият мебахшад 

Лоиҳае, ки солимии миллатро тақвият мебахшад 

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

Дар Душанбе маъракаи хунсупорӣ баргузор шуд

14.06.2026
Как воспаление простаты погубило космическую станцию

Как воспаление простаты погубило космическую станцию

13.06.2026
Фишоратон баланд? 2 финҷон какао нӯшед!

Фишоратон баланд? 2 финҷон какао нӯшед!

12.06.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ