«Ал – қонун» — асари монадагор.
Оқилон се сол пеш аз беморшавӣ, ҷоҳилон се соат пеш аз марг фикри саломатиро мекунанд. (Абўалӣ ибни Сино).
Андар ташреҳи дандонҳо.
Дандонҳо сиву дутоанд. Гоҳо дар баъзе одамон дандонҳои хирад набошад, ки онҳо чаҳор дандони вопасинанд. Дар ин ҳолат шумораи дандонҳо бисту ҳашт хоҳад буд. Аз ҷумла, ду дандони пеш ва ду рубоӣ аз забар (боло) ва ҳамин қадар аз зер (поён) барои пора кардан, ду неш аз забар ва ду неш аз барои шикастан ва курсиҳо аз ҳар як тарафи забарин ва зерин, ки чор ё панҷтоанд, барои орд кардан бошанд. Маҷмўи онҳо 32 ё 28 дандон аст. Дандонҳои хирад одатан андар миёни синни болиш (болиш арабӣ буда, маънои нумуъ, сабзиш, инкишофро дорад – Ҳ. Ҳ) бирўянд, ки он баъд аз балоғат то синни бозистодан аз болишро фаро бигирад. Азбаски синни аз болиш бозистодан ба сисолагӣ наздик аст, бинобар ин, онҳоро «дандонҳои хирад» номанд.
Дандонҳо дорои реша ва шохаҳои тез буда, дар мағокиҳои устухонҳои ҳар ду манаҳ, ки ҳомили дандонҳоянд, устувор гардидаанд. Дар канори ҳар мағоке як фузунии гирд ва бар фазои он як устухони хурдест, ки дандонро фаро гирад ва маҳкам нигоҳ дорад. Андар ин ҷой пайвандҳои қавие ҷой доранд. Ҳар як дандон ба ғайр аз курсиҳо як реша дорад. Курсиҳои андар манаҳи зерин устувор буда, ҳадди ақал ду реша доранд ва гоҳе хусусан, ҳар яке аз ду дандони хирад дорои се решаанд. Аммо курсиҳои андар манаҳи забарин устувор буда, ҳар яке ҳадди ақал се реша доранд ва гоҳе хусусан ҳар як дандонҳои хирад соҳиби чаҳор решаанд. Беш будани решаҳои курсиҳо ба сабаби бузургӣ ва серкории онҳост. Решаҳои курсиҳои забарин барои он зиёданд, ки онҳо овезон буда, гаронӣ майли онҳоро бар хилофи ҷиҳати решаҳои онҳо равон кунад. Аммо поёниҳо бошанд, вазнашон бар хилофи марказашон нест.
Албатта, ҳеҷ гоҳ устухон ба ҷуз дандонҳо соҳиби ҳис нест. Бинобар ин, Ҷолинус гуфтааст ва таҷриба ҳам шаҳодат додааст, ки онҳо дорои ҳис буда, ба ин восита бо қуввае онҳо қувватнок карда шудаанд, ки аз мағз бад – онҳо бирасад ва низ барои фарқ кардани чизи гарм аз хунук бошад.