• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Нигоҳубини мўю дастон дар фасли зимистон

от user
в Зебоӣ
0

Нигоҳубини мӯй

Фасли зимистонро барои мўйҳои сар як муддати нохуш метавон гуфт. Чунки дар ин фасл дар хона асбобҳои зиёди гармидиҳанда гузошта мешавад, ки мўйҳоро зуд хушк мекунад. Ҳатто ҳавои сарди ин фасл таъсирашро ба мўйҳои сар мерасонад. Бо кашидани кулоҳ дарҳол ҳис мекунед, ки мўйҳоятон хушк шуда, ҷаззобии худро гум кардаанд. Аз ин рў, мўйҳои сар дар сардии зимистон ба нигоҳубини махсус ниёз доранд. Барои ин шумо бояд аз якчанд маслиҳат истифода баред

Кулоҳ. Дар хотир доред, ки чӣ тавр модарон моро ба кулоҳпўшӣ маҷбур мекарданд. Ва шояд қисми зиёди он нафароне, ки маљбурӣ кулоҳ ба сар мекарданд, дар ними роҳ онро аз сар мегирифтанд. Кулоҳ на танҳо шуморо аз шамолхўрӣ, балки мўйи сарро аз хунукӣ нигоҳ медорад. Агар хоҳиши пўшидани кулоҳ надошта бошед, пас ақаллан як рўймол ё гарданбандро ба саратон бандед. Аз ҳама муҳим ин аст, ки дар сардӣ ҳеҷ гоҳ бо мўйҳои нам ба берун набароед. Зеро мўйҳои нам дар хунукӣ ях карда, ба зудшикании онҳо оварда мерасонад.

Тарзи ороиши мўй. Дар зимистон аз сабаби он ки дохили бино аз ҳад гарм асту берун сард, мўйҳо ҳамеша зери хатаранд. Аз ин рў, зимистон хубтараш ба ороиши мўйи сар машғул нашавед. Дигар намудани ранги мўй ё химия карданро ба фасли баҳор гузоред, ки фоидаовар хоҳад буд.

Шустани мўйҳои сар дар фасли зимистон. Дар зимистон мўйи сарро бо оби ширгарм шўед. Зеро оби гармтар метавонад онҳоро зудшикан намояд. Ҳамчунин бо ҳарорати баланд истифода бурдани мўйхушкунак (фен) мўйҳои шуморо ба ҳолати дар боло зикршуда оварда мерасонад. Аз ин рў, бояд зимистон аз фен ва дигар асбобҳои барои ороиши мўй пешбинишуда даст кашид. Дар сурати ба фен одат карданатон ҳарорати онро пасттар карда, истифода баред. Аз шонаҳои чўбин истифода баред. Интихоби дурусти шона низ муҳим аст, зеро он пўсти сарро маҳс мекунад. Маҳси хуб бошад, гардиши хунро беҳтар мегардонад. Шампуни махсусеро, ки барои нигоҳбини мўйҳо пешбинӣ шудааст, интихоб намоед, зеро он шона кардани мўйи сарро осон мегардонад. Ҳар бор баъди шустани мўйи сар ба он балзам молед. Агар шампуни харидаатон ба мўйҳоятон мувофиқ набошад, онро иваз намоед. Ин маслиҳат ҳатман ба шумо кўмак хоҳад кард. Агар мўйҳои дароз доред, пас ба нўгҳои он диққати ҷиддӣ диҳед. Чунки дар сардӣ маҳз нўгҳои мўйи сар азоб мекашанд. Имрўзҳо дар мағозаҳо малҳамҳои махсус барои нигоҳубини нўгҳои мўйҳои сар фурўхта мешаванд. Метавонед аз онҳо истифода баред.

Нигоҳубини даст

Мегўянд, ки аз рўйи даст синну сол ва вазъи саломатии занро муайян кардан мумкин аст. Дастон нисбат ба дигар узвҳои бадан бештар ҳаракат карда, аз таъсири маводи кимиёвие, ки дар воситаҳои шустушўӣ ва тозакунанда ниҳоят зиёданд, эмин нестанд. Ғадудҳои равған, ки чандирии пўстро таъмин мекунанд, танҳо дар пушти кафи даст ҳастанд. Бинобар ин, дастҳо хушктарин узви бадани инсон дониста шудаанд. Онҳо дар муқоиса бо рўю гардан зудтар ожанг пайдо мекунанд.

Дар фасли сармо бошад, дастони мо бештар зери хатар қарор мегиранд, зеро шамол ва ҳавои сард дар муқоиса бо офтоб пўстро зудтару бештар хушк мекунад. Вақте аз кўчаи хунук ба хонаи гарм медароем ё баръакс, ин ҳолат ба пўсти дастон бетаъсир намемонад. Дар чунин ҳолатҳо бояд аз малҳами муҳофизаткунандае, ки махсус барои дастон пешбинӣ шудааст, истифода бурд, вагарна пўсти даст ба дастони кампири 80-сола монанд мешавад. Малҳамҳои муҳофизаткунанда як қабати ноаёнеро ба вуљуд меоваранд, ки пўст тавассути он нафас мегирад ва оби табиии худро нигоҳ медорад. Глитсерин, муми занбўр, равғани зайтун, какао ва сисанбар дар дастҳо як пардаи тунукеро ба вуҷуд меоранд, ки онро аз таъсири бади шамол, сармо ва оби хунук эмин нигоҳ медорад.

Нигоҳубини ҳаррўза

Саҳар дастҳоро бо оби ширгарм шуста, баъдан малҳам молед. Ин амалро рўзе чанд маротиба такрор кардан лозим аст. Пеш аз ба кўча баромадан малҳам молиданро фаромўш накунед. Тавре ки гуфтем, малҳами муҳофизаткунанда пўсти дастонро аз таъсири бади шамол ва хунукӣ муҳофизат мекунад. Ҳамчунин дастпўшак пўшиданро фаромўш накунед. Шаб пеш аз хоб ба дастон қабати ғафси малҳами ғизодиҳанда молед.

Омодасоз Фаррухрўз

 

Мақолаи гузашта

Дар бораи дандонҳо чиро бояд донист?

Мақолаи навбатӣ

Табобати чашм бо гиёҳҳои шифобахш

user

user

Мақолаи навбатӣ
Табобати чашм бо гиёҳҳои шифобахш

Табобати чашм бо гиёҳҳои шифобахш

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Голодать, чтобы похудеть: за и против

Голодать, чтобы похудеть: за и против

16.01.2026
Муолиҷаи артроз бо гиёҳ

Муолиҷаи артроз бо гиёҳ

15.01.2026
12 самых важных фактов о крови

12 самых важных фактов о крови

14.01.2026

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ