• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Дар пирӣ ҳам хотираи қавӣ доштан мумкин

от user
в Донистан хуб аст
0

Касоне, ки мунтазам ба варзиш ва ё меҳнати ҷисмонӣ машғуланд, ба бемориҳои фишорбаландӣ, артрит ва дигар бемориҳо кам гирифтор мешаванд.

НАФЪИ СЕРҲАРАКАТӢ

Бо рафтани синну сол баъзеҳо камҳаракат шуда, ба пирӣ тан медиҳанд. Олимон муайян кардаанд, ки мўйсафедони ба варзиш ва меҳнати ҷисмонӣ машғулбуда фикру андеша ва ҷисми солим доранд, зеро меҳнати ҷисмонӣ боиси беҳтар гузаштани табодули оксиген шуда, фаъолияти майнаро беҳтар мекунад. Ҳамчунин сайру гашт дар ҳавои тоза барои фаъолияти майна бисёр муфид аст.

Мўйсафедоне, ки варзиши пагоҳирўзӣ мекунанд, на танҳо нафасгириашон беҳтар мешавад, балки сурати андешидан ва тасмимгирияшон меафзояд. Ҳамчунин масъулияти онҳо нисбати саломатиашон бештар мешавад. Касоне, ки мунтазам ба варзиш ва ё меҳнати ҷисмонӣ машғуланд, ба гипертония (баландшавии фишори хун), артрит ва дигар бемориҳои вобаста ба синну сол хеле кам гирифтор мешаванд.

МАШК ДОДАНИ ХОТИРА

Хотираро ҳамеша машқ дадан лозим меояд, вагарна он заиф мешавад. Барои пешгирии заифшавии хотира онро ҳамеша дар ҳолати фаъолнокӣ нигоҳ бояд дошт. Ҳал кардани кроссворд, азёд кардани шеър, хондани китобу нақл кардани он ба дигарон як навъ машқи хотира аст. Ҳангоми аз хона берун баромадан ба худ савол дода истед: «Ман дар куҷоям? Чӣ кор карда истодаам? Бояд куҷо равам?» Ин барои фаъол гардонидани диққат мусоидат мекунад. Зимни аз бозор харид кардан рўихати ашёи заруриро тартиб диҳед, то фаромўш накунед, ки барои чӣ ба бозор омадаед. Дар роҳ ба чизҳои назаррас диққат диҳед, то ин ки вақти бозгашт роҳро гум накунед. Диққатро ба ин чизҳо ҷалб кардан ҳалқаҳои иловагии нейрониро ба кор дароварда, хотираро беҳтар мекунад.

Чизҳои азёд карданаш душворро ба қисмҳо ҷудо карда, сипас дар хотир нигоҳ доред. Масалан, агар рақами телефонро се қисм кунед, дар хотир гирифтанашон осон мешавад. Ба набераҳо сарукор доштан на танҳо боиси хуб тарбия ёфтани кудакон мешавад, балки хотираи пиронро мустаҳкам месозад.Чунончи, бо онҳо якҷоя китоб хондан, мисол ҳал кардан, байтбарак кардан, шаҳрёбӣ намудан. Масалан, бобо ба наберааш шаҳри Амстердамро мегўяд, набера бояд шаҳреро ёбад, ки бо ҳарфи «М» оғоз меёбад. Масалан, Макка, Мадина, Минск, Москва… Ё ба наберааш мегўяд, ки 10 номи бачагонаю духтаронаро гўй, ки бо ҳарфи «А» оғоз ёбад. Ин бозиҳо душвор нестанд, вале хотираро сайқал медиҳад. Агар ин бозиҳо дар вақти сайру гашт бо набераҳо гузаронида шаванд, фоида дучанд мешавад.

ФОИДАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ПИРӢ

Ҳама медонанд, ки машруботи спиртӣ ва заҳри тамоку ба саломатӣ зарар доранд. Ин ду чизи зарарнок ба фаъолияти зеҳнии инсон низ таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, истеъмоли машруботи спиртӣ боиси заифшавии хотира мегардад. Дуди тамоку бошад, ба рагҳои мағзи сар таъсири бад мерасонад. Аз ин сабаб, ҳанўз дар ҷавонӣ аз одатҳои бад дурӣ ҷустан лозим аст.

Барои хуб нигоҳ даштани хотира истеъмоли чарбиҳо, алалхусус равғани ҳайвонотро кам бояд кард, зеро чарбиҳо хотираро заиф месозанд. Барои фаъолияти хуби мағзи сар истеъмоли чормағз, испанох (шипинат), картошкаи ҷўшонидашуда (бирёнаш зарар дорад), мавз (банан) муфид аст.

Дар баробари истеъмоли ғизоҳои табиӣ аз ғазабу асабоният худдорӣ кунед. Таъби худро хуш доред ва аз дидану ба ёд овардани ашё ва воқеаҳое, ки табъатонро хира месозад, парҳез намоед.

Мақолаи гузашта

Чойи сабз ревматизмро пешгирӣ мекунад

Мақолаи навбатӣ

Якчанд тавсияҳо аз Маслиҳатхонаи Даво

user

user

Мақолаи навбатӣ
Якчанд тавсияҳо аз Маслиҳатхонаи Даво

Якчанд тавсияҳо аз Маслиҳатхонаи Даво

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Тарзи ҳаёти солим бо усули доктор Тоҳирӣ

Тарзи ҳаёти солим бо усули доктор Тоҳирӣ

11.11.2025
Уфуқҳои тибби хусусӣ 

Уфуқҳои тибби хусусӣ 

10.11.2025
5 далели мудҳиш оид ба зарари сигоркашӣ

5 далели мудҳиш оид ба зарари сигоркашӣ

08.11.2025

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ