
Мусоҳиба бо табиби оилавии Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ Нурулло САФАРОВ
-Дар фасли сармо бо вуҷуди эҳтиёткории волидон кўдакон зиёд бемор мешаванд. Онҳо назди шумо фарзандонашонро бо чӣ шикоятҳо меоранд?
— Одатан дар давраи зимистон мо, табибон, дар кӯдакон, пеш аз ҳама, авҷгирии ОРВИ, ё худ бемориҳои роҳи нафасро мушоҳида мекунем. Ин тасодуфӣ нест, чунки дар фасли сармо зери таъсири ҳарорати паст организм ба вирусҳои гуногун мубтало мешавад. Агар одами калон иммунитети қавӣ дошта, ба вирус муқовимат карда тавонад, пас неруи муҳофизатии организми кўдак ҳануз кофӣ нест ва ба вирусҳо тоб оварданаш мушкил аст. Сирояти вирусҳо бо роҳи ҳавоӣ-қатраӣ ё ин ки тамоси бевосита сурат мегирад.
Инак, боз чанд маризӣ, ки дар зимистон миёни кӯдакон меафзояд:
• Грипп. Ҳарорати бадан якбора боло меравад,
устухонҳо ба дард меоянду кўдак сахт беҳол мешавад.
• Дарди гулӯ. Илтиҳоби гулӯ, дард ҳангоми фурӯбарӣ, ҳарорати баланд.
• Бронхит. Илтиҳоби нойчаҳои шуш. Сулфаи тӯлонӣ, баъзан бо балғам.
• Варами шуш. Бемории хавфнокест, бо нафастангӣ, дард дар сари дил ва ҳарорати баланд.
• Инфексияҳои рӯда, аз ҷумла, ротавирус.
Кӯдакон, махсусан, дар зимистон бисёр бемор мешаванд, чунки низоми масунияташон ҳанӯз дар раванди ташаккул аст ва на ҳамеша бо таъсири ангезаҳои беруна мубориза бурда метавонад.
— Нахустин аломате, ки беморшавии кўдакро ифода мекунад, таб карданаш мебошад, яъне аз 38 дараҷа гузаштани ҳарорати баданаш аст. Боз ба кадом нишонаҳо диққат додан лозим?
— Зуком, сулфа, дарди гулӯ, сурхшавии он, эҳсоси дард ҳангоми фурӯбарӣ, сардардӣ, бемадорӣ. Дар ин мавридҳо ҳатман кӯдакро ба духтур нишон додан зарур аст. Дар аксар ҳолатҳо беморӣ дар як-ду ҳафта мегузарад. Ҳарчанд зукому сулфа метавонанд боз чанд муддати дигар давом ёбанд. Махсус таъкид кардан мехоҳам, агар беморӣ сари вақт мулоиҷа карда нашавад, он то ба илтиҳоби шуш оварда мерасонад.
— Сабабу ангезаҳои ин бемориҳои кўдакон чӣ гуна тафсир мешаванд? Сабаби асосӣ шамолхўрӣ аст ё ҳастанд омилҳои дигаре, ки ба онҳо падару модарон ва фарзандонашон аҳамияти даркорӣ намедиҳанд?
— Ҳангоми пастшавии ҳарорати ҳаво ва болоравии намнокӣ зиндамонии вирусҳо, ки боиси шамолхӯрӣ мешаванд, меафзояд. Лекин бемориҳои роҳи нафаси кӯдакон сабабҳои дигар низ доранд. Дар зимистон бинобар рӯзҳои кӯтоҳ ва коҳиши нури офтоб дар организм витамини Д, ки дар кори иммунитет нақши муҳим мебозад, хеле кам мешавад. Зимистон хонаҳоро сахт гарм мекунанд, ки боиси хушкии аз ҳад зиёди ҳавои онҳо мегардад. Ин дар навбати худ ба хушкшавии пардаи луобии бинӣ меорад. Ҳол он ки маҳз пардаи луобӣ яке аз саддҳои муҳофизатӣ мебошад, ки ба организм инфексияҳои роҳҳои нафаскаширо даромадан намемонад.
Дар ҳавои хунук кўдакон кам ба кўча мебароянд. Дар мактабу боғча ҳам дар синфу гурўҳи худ машғулият мегузаронанду бозӣ мекунанд. Яъне дар тамоси пайваста бо ҳамдигар, аз ҷумла бо ҳамсинфу ҳамгурўҳи беморашон ҳастанду метавонанд осону номаълум сироят ёбанд.
-Дар кадом ҳолатҳо бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кард?
-Бо вуҷуди он ки бисёр волидон, махсусан, модарон ҳангоми ОРВИ духтарча ё писарчаашонро духтур набурда, дурусту нодуруст худ табобат мекунанд, ин беморӣ метавонад ҳар гуна бод гирад, то ба хатар ба ҷони кӯдак. ОРВИ махсусан, барои навзодон ва тифлони то яксола хатарнок аст.
Агар волидон чунин аломатҳоро дар фарзанди беморашон бубинанд, бояд дарҳол ба духтури бачагона муроҷиат кунанд:
• ҳарорати 38⁰С дар тифлони семоҳа;
• то ба 40⁰С боло рафтани ҳарорат, сарфи назар аз синну соли кӯдак;
• шикояти дарди гӯш;
• қай кардан, дарди шикам;
• кӯдак нӯшидан намехоҳад ва кам пешоб мекунад;
• сахт дард кардани сару пайваста гирякардан;
• тарангшавии мушакҳои гардан;
• нафаскашии душвор.
— Бемориҳои сироятии кўдакона чӣ тавр табобат карда мешаванд?
— Табобати комплексии бемориҳои сироятӣ дар кӯдакон бояд чаҳор масъаларо ҳал кунад:
— безараргардонии ангеза, таъмини фаъолияти мӯътадили узвҳои организм, барқарорсозии шароити муқаррарии ташаккули иммунитет ва тақвияти он, пешгирии вазниншавии беморӣ.
Ин вазифаи табиб аст, ки дар ҳар мавриди мушаххас вобаста ба ҳолати кӯдак ва дараҷаи беморӣ барои муолиҷа дору мефармояд.
Ҳамчунин, махсус таъкид кардан мехоҳам, ки дар ин давра ҳарчи тезтар шифо ёфтани кӯдак аз волидон ҳам вобаста аст. Чиро дар назар дорам? Аввалан ҳаминро, ки ба фарзандашон антибиотик надиҳанд, зеро аснои ОРВИ он ба вирусҳо ягон таъсир намекунад. Танҳо доруҳои тавсиякардаи табибро бояд дод.
— Рост аст, ки тоза нигоҳ доштани дастҳо сирояти вирусҳоро пешгирӣ мекунад?
— Бале. Як чизро бояд дар хотир дошт: вирус худаш аз даст ба организм роҳ ёфта наметавонад. Аз пардаи луобии бинӣ, даҳон ва чашм истифода мебарад, вақте мо бо даст ба онҳо мерасем. Зинҳор аз ин кор даст кашид. Ҳамчунин, дастҳоро бо собун шустан басо зарур, зеро ба ин васила беш аз 90%-и вирусҳои ҷамъшуда нобуд мешавад. Ғайр аз ин, аз ҷойҳои серодам, ки манбаи сироятанд, бояд дур буд, ё ниқоб пӯшид. Мактабу кӯдакистон ҳам метавонад ҷои сироятёбӣ бошад, лекин дар ҳавои тоза гаштан барои ҳарчи тезтар шифо ёфтан нақши муҳим дорад.
Мусоҳиб Мадина ДАВЛАТОВА



