
Садои баланд аз омилҳое мебошад, ки ба сифати зиндагии мардум таъсир мерасонад. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ихтилоли равонии аз садо ба вуҷуд омада, тадриҷан зоҳир мешавад ва оқибатҳои манфии зиёд дорад.
Таҳқиқот нишон доданд, ки 16 дарсади ихтилоли шунавоӣ натиҷаи садои баланд дар муҳити кор аст. Ҳамчунин, тақрибан аз 0,2 то 2 дарсади даромади дохилӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ сарфи хароҷоти марбут ба садо мешавад ва тақрибан сеяки халали шунавоӣ аз таъсири садои баланд аст.
Дар маҷмӯъ, таъсири садоро ба инсон метавон дар ду қисмати алоҳида омӯхт: дастгоҳи шунавоӣ ва ғайришунавоӣ:
А — Таъсири садо ба дастгоҳи шунавоӣ:
Ҳарчанд садоҳои хеле баланд (150 дБ) пардаи гӯшро пора мекунанд ё дигар қисмҳои гӯшро вайрон мекунанд, аммо осеб ба шунавоӣ одатан дар сатҳҳои поёнтар (90-85 дБ) рух медиҳад, ки муваққатӣ ё доимӣ мебошад.
Аз даст додани шунавоӣ одатан бо ин роҳҳо сурат мегирад:
Тағйири муваққатии ҳадди шунавоии TTS, ки дар он шунавоӣ одатан дар давоми 16 соат пас аз тамос бо садои зараровар бармегардад.
Тағйири доимии ҳадди шунавоии PTS одатан як моҳ пас аз таъсири садои зараровар чен карда мешавад.
Тасвири микроскопии зер намунае аз мисоли таъсири харобиовари садои баландро ба сохтори ҳуҷайраҳои мӯйҳои ҳалазунӣ (узви хеле муҳими гӯши инсон, ки садоро қабул мекунад) нишон медиҳад:
Тасвири ҳуҷайраҳои мӯйи солим:
Тасвири ҳуҷайраҳои мӯйи вайроншуда:
B — Таъсири ғайришунавоӣ:
Садои мошинҳо, мусиқии баланд, сигнали мошин ва ғайра мисол шуда метавонанд, ки мо ҳама соат бо он мувоҷеҳ ҳастем ва он метавонад ба саломатӣ ва сифати зиндагии одамон таъсири харобиовар расонад.
Донишманди ҷопонӣ Накамура соли 1977 гузориш дод, ки агар модарони ҳомила ба садои баланд ва тӯлонӣ дучор шаванд, онҳо кӯдакони камвазн таваллуд хоҳанд кард (ҳарчанд ин баҳснок аст).
Дар зер мисолҳои таъсири манфии садо ба ҳаёти инсон оварда шудаанд:
Стресс ва изтироб
Тағйирот дар зарабони дил
Тағйирот дар нафаскашӣ
Таъсир ба рӯда ва меъда, андозаи мардумаки чашм ва кори меъдаю рӯда
Тағйири фаъолияти электроэнсефалографӣ ва паст шудани муқовимати ғафсии пӯст
Вайроншавии даҳлези гӯш
Тангшавии рагҳои хунгузар
Хароб шудани рагҳо ва даҳлези дил, гӯш, гулӯ ва бинӣ
Таваллуди пеш аз мӯҳлати тифл
Паст шудани қобилияти омӯзишии кӯдакон
Дар вақти кори фикрӣ таъсири манфии садо рӯшан аст ва агар он баланд бошад, одам ба хатоҳои зиёд роҳ медиҳад.
Ҳудуди иҷозатшудаи садо
Соли 1983, OSHA муддати иҷозатшудаи корро дар сатҳҳои гуногуни шиддат барои садои доимӣ дар асоси dBA эълон кард. Тибқи ин дастур, шиддатнокии иҷозатдодашудаи садо барои 8 соати корӣ 90 дБ мебошад, ки бо ҳар 5 дБ афзоиши шиддатнокии садо вақти таъсири садо бояд ду маротиба кам карда шавад. Дар ҷадвали зер вақти иҷозатдодашуда барои таъсир ба сатҳҳои шиддатнокии гуногун нишон дода шудааст. Ин ҷадвал ҳамчун ҷадвали Rule XdB маълум аст.

Нозим ШОДИЕВ,
мутахассиси гӯшу гулӯ ва бинии
Бемористони Ибни Сино



