• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Диабети қанд ва систит 

от user
в Маслиҳатхонаи даво
0

Робитаи бемории диабети қанд ва систит аз мавзўи муҳимест, зеро диабети қанд метавонад хатари сироятҳои роҳҳои пешобро зиёд кунад ва муолиҷаи ин бемориҳоро низ мушкил гардонад. Бояд гуфт, ки ин робита ба омилҳои гуногун вобаста аст, аз ҷумла ба ҳолати физиологӣ, системаи иммунӣ ва тағйироти метаболикӣ алоқманданд. Дар зер робита ва омилҳои асосии ин мушкилот васеътар баррасӣ мешаванд.

1. ТАЪСИРИ ДИАБЕТИ ҚАНД БА СИСТЕМАИ ПЕШОБ

Иммунитети заифшуда

Дар беморони диабетӣ гипергликемия (баланд шудани сатҳи глюкоза дар хун) қобилияти ҳуҷайраҳои сафеди хун, аз ҷумла нейтрофилҳо ва макрофагҳоро барои мубориза бо бактерияҳо коҳиш медиҳад. Дар натиҷа, онҳо ба сироятҳои музмин ва шадиди роҳҳои пешоб осебпазир мегарданд.

Глюкозурия (глюкоза дар пешоб)

Дар ҳолати бемории диабети қанди назоратнашаванда сатҳи баланди глюкоза дар пешоб муҳити мусоидеро барои афзоиш ва паҳншавии бактерияҳо, ба монанди Escherichia coli, ки сабаби асосии систит аст, фароҳам меорад.

Нуқсон дар холӣ шудани масона

Бемории диабети қанд метавонад боиси нейропатияи диабетӣ гардад, ки фаъолияти асабҳои назораткунандаи масона ва пешобравро халалдор мекунад. Дар натиҷа, пешоб дар масона боқӣ мемонад, ки ин шароити мусоидро барои сироятҳои бактериалӣ фароҳам меорад.

2. НАВЪҲОИ СИСТИТ ДАР БЕМОРОНИ ДИАБЕТИ ҚАНД

Систити бактериявӣ

Сирояти бактериявии масона, ки аз ҳисоби афзоиши бактерияҳо дар пешоб ба вуҷуд меояд, дар беморони диабетӣ бештар рух медиҳад.

Систити музмин

Дар диабет беморӣ метавонад шакли музмин гирад, зеро ҳолати умумии бемор ва заиф шудани системаи иммунӣ боиси тӯлонитар шудани сироят мегардад.

Эмфизематозӣ (гази) систит

Дар беморони диабетӣ ин шакли нодири систит рух медиҳад, ки бо ҳузури газ дар деворҳои масона хос аст. Ин ҳолат, асосан, аз фаъолияти бактерияҳои тавлидкунандаи газ, ба мисли Clostridium ва Klebsiella, ба вуҷуд меояд ва ҳолати фавқулодаи тиббӣ ба ҳисоб меравад.

3. ОМИЛҲОИ ХАТАРНОК

Занон

Сохтори анатомии занон, ки масофаи кӯтоҳ байни пешобрав ва масона доранд, хатари сироятро зиёд мекунад. Дар диабети қанд ин хатари табиӣ боз ҳам баландтар мешавад.

Синну сол

Дар шахсони синнашон боло, алалхусус занон дар менопауза хатари сироятҳо зиёдтар аст, зеро паст шудани сатҳи эстроген ба муҳофизати табиии роҳҳои пешоб таъсир мерасонад.

Истифодаи катетер

Беморони диабетӣ, ки ба сабаби ҳолатҳои дигар катетер истифода мебаранд, ба хатари бештар барои систит ва сироятҳои роҳҳои пешоб дучор мешаванд.

4. НИШОНАҲОИ СИСТИТ ДАР БЕМОРОНИ ДИАБЕТ

• Дард ва сӯзиш ҳангоми пешобравӣ

• Ниёз ба пешоби зуд-зуд, ҳатто дар миқдори кам

• Пешоби бадбӯй

• Дар ҳолатҳои шадид хун дар пешоб

• Нишонаҳои умумии сирояти шадид, аз ҷумла таб, хастагӣ ва камшавии иштиҳо.

5. ПЕШГИРӢ ВА ИДОРАКУНӢ

Назорати сатҳи глюкоза

Идоракунии қатъии бемории диабети қанд бо истифода аз парҳез, доруҳо ва машқҳо метавонад хатари сироятҳои роҳҳои пешобро коҳиш диҳад.

Истифодаи моеъҳо

Истеъмоли кофии об барои шустани бактерияҳо аз масона ва пешгирӣ аз ҷамъшавии пешоб муҳим аст.

Тоза нигоҳ доштани роҳҳои пешоб

Гигиенаи дуруст, алалхусус дар занон, барои пешгирӣ аз ворид шудани бактерияҳо муҳим аст.

Муолиҷаи барвақт ва дуруст

Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои систит муроҷиат ба духтур ҳатмӣ аст. Барои беморони диабетӣ интихоби антибиотикҳо боэҳтиёт анҷом дода мешавад, зеро онҳо метавонанд ба илтиҳоби шадид ва муқовимат ба доруҳо осебпазир бошанд.

Маҳастӣ Шаропова,

урологи занонаи Бемористони Ибни Сино

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мақолаи гузашта

БИСТАРЗАХМ. Онро чӣ тавр пешгирӣ метавон кард?

Мақолаи навбатӣ

Забон оинаи дард аст

user

user

Мақолаи навбатӣ
Забон оинаи дард аст

Забон оинаи дард аст

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ баргузор гардид

Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ баргузор гардид

01.08.2026
Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

30.07.2026

30.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ