
Бистарзахм аз масъалаҳои умдаи илми тиб маҳсуб меёбад. Захми бистар захми дардноки пўст буда, бар асари фишори бардавом ба рўйи бадан ва баста шудани рагҳои хунгузари мавзеи муайяни пўст пайдо мегардад. Бистарзахм одатан дар мавзеи устухони кос, шонаҳо, оринҷ, пошна ва пушти сари беморони вазнину заифгаштае мушоҳида мешавад, ки муддати тӯлонӣ ба пушт хоб мераванд. Дар ҳолати якпаҳлў хоб рафтан захмҳо дар мавзеи банду буғумҳои кос ва банду буғуми зонуҳо сар мезананд. Ҳангоми муддати дароз нишаста мондани бемор бистарзахм дар думғоза ва лўндаҳои сурин, агар кўрпаи вазнин фишор орад, дар ангуштони пой пайдо мешавад.
НИГОҲУБИНИ БАДАН ҲАНГОМИ БИСТАРЗАХМ
Барои пешгирии бистарзахм муҳимтарин шарту омил аз соишхурӣ эҳтиёт кардани ҷойҳои нозуки бадан маҳсуб меёбад. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ низ ҳатмист. Тарзи хобравии беморро ҳар 2 соат дигар кардан ба суди пўсти бадан хоҳад шуд.
Ҳангоми пайдошавии бистарзахмҳо қисмҳои осебёфтаи пӯстро бо оби ширгарм саҳару шом шу-ста, бо пахтаи дар маҳлули 10% — и спирти камфорӣ, маҳлули 0,5% — и спирти навшодир ё маҳлули спиртии 1 – 2% таниншуда тоза мекунанд. Ҳамчунин бо пахта масҳи сабук бояд кард. Дар хотир доред, ки маҳси ҷойҳои барҷастагии устухонҳо манъ аст.
Ба бистарзахм онҳое низ мубтало мегарданд, ки гирифтори касалии занбӯруғӣ ва диабети қанд мебошанд.
Дар беморхонаҳо табибону ҳамшираҳо ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ карда, аз роҳҳои дурусту муфиди нигоҳубини беморони вазнин кор мегиранд, то ки онҳо ба бистарзахм гирифтор нашаванд. Аз ин рў, ин мушкил асосан вақти дар хона нигоҳубин кардани касал ба вуқуъ меояд.
Аломатҳои клиникии беморӣ:
сурхшавии пӯст, гиперемияи пӯст, беҳаракатӣ, паридарангӣ, камхунӣ, ҳассосият, депрессия.
Ангезаҳои асосии бистарзахм:
1) фишор, 2) қувваи буранда, 3) соиш.
Омили якуме, ки бештар аз ҳама таъкид мегардад, фишор аст. Дар натиҷаи фишор хӯрдани бадан фишурдашавии бофтаҳои (пӯст, му-шакҳо) миёни қабати болоие, ки ба он такя мекунад ва барҷастагии устухон ба амал меояд. Фишурдашавии бофтаҳои нозук зери таъсири кӯрпаи вазнин, бандинаҳои сахт ё либоси бемор, аз ҷумла пойафзолаш дар ҳолати бе ҳаракат нишастан боз ҳам зиёдтар мегардад.
Омили дуюме, ки мо онро қувваи буранда номгузорӣ кардем, зери фишори номустақим ба вуҷуд меояд. Захмбардории механикии бофтаҳо дар зери таъсири фишори номустақим ба миён меояд.
Омили сеюме, ки аз он қариб ёд намеоранд, соиш аст. Он қабат- қабат ҷудошавии пӯстро ба миён оварда, ба захмбардории сатҳи болоии пўст оварда мерасонад. Соиш ҳангоми таршавии пӯст зиёд мегардад. Ба соишхӯрӣ аз ҳама бештар касалҳое дучор мешаванд, ки пешобро дошта наметавонанд, зиёд арақ мекунанд, тагпўшашон тар ё намиро наҷаббанда (синтетикӣ) мебошад, ё дар руйи плёнка мехобанду дароз мекашанд.
Дигар ангезаҳои бистарзахм инҳоянд: вазн ё харобии аз ҳад зиёди ҷисм; хушкии пӯст ва кафидаҳои дар ин замина баамаломада; нигоҳ дошта натавонистани пешоб ё фазла аз намии аз ҳад зиёд, бемории рагҳо, камхунӣ, маҳдудияти ҳаракати бемор.
ҚОИДАИ НИГОҲУБИНИ ПӮСТИ БЕМОР
Яке аз мақсадҳои нигоҳубин ин нигоҳ доштани тозагии пӯст аст. Пӯсти тоза хуб фаъолият мекунад. Барои ин ҳамарӯза пагоҳӣ ва бегоҳӣ онро шустан лозим аст. Ба чиркиншавии пӯст моеъҳои ғадудҳои равғанбарор ва арақбарор, чанг, махсусан дар хамиҳои зери бағал ва дар чинҳои пистони занон мусоидат мекунанд.
Беморро ҳар ҳафта на камтар яз як бор дар ванна ё душ бо ҳарорати + 37+38 дараҷа шустан лозим аст. Агар бо сабаби беҳаракатӣ ба бемор қабули ванна ё душ номумкин бошад, он гоҳ ғайр аз шустани рӯй, ғусл кардан, шустани дастҳо пеш аз хӯрок ва баъди ҳоҷатхона, ӯро ҳамарӯза қисм ба қисм шустан зарур аст. Дар таги бемор плёнка бо парпечи намногузари истифодааш яккарата меандозанд. Дар зарфи обаш +36…+37 дараҷа гарм сачоқро тар карда, бадани беморро бо тартиби зерин пок месозанд: рӯй, гӯшҳо,гардан, қафаси сина (дар занҳо – чини зери ғадуди сина), зери бағал, тахтапушт, дастҳо, чинҳои қадкашак, шикам, рон, соқи пой, кафи пой.
Баъди шустан хуб хушк намудани пӯст зарур аст. Қисмҳои зери бағал ва чинҳои пӯсти зери ғадудҳои синаро ҳамарӯза шустан лозим аст, махсусан дар одамони фарбеҳе, ки аз бисёр арақ кардан азият мекашанд, чунки дар чунин ҷойҳои пӯст зуд захм пайдо мешавад.
Хуллас, тоза нигоҳ доштани бадан (мӯй, ковокии даҳон, дандонҳо, пӯсти бадан), рӯйҷо ва либоси таг, пойафзол, либос, ҷойи хобу истиқомати бемор аз омилҳои муҳими ҳарчи зудтар шифо ёфтани бемор мебошад.
Зулола ШАРИПОВА,
омўзгори Коллеҷи тиббии
шаҳри Панҷакент


