• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Бемории ишемиявии дил

от user
в Бемориҳои дилу рагҳо
0

Дил узви мушакию фиброзӣ буда, дар ҷисми инсон вазифаи механикӣ (насос)-ро иҷро мекунад ва дар натиҷаи кашишхурии он хуни артериявӣ (оксиген ва моддаҳои ғизоӣ) ба тамоми узву бофтаҳои организм паҳн шуда, муътадилии кори онҳоро таъмин менамояд.

Дили инсон дар як дақиқа ба ҳисоби миёна 60 – 100 маротиба кашиш мехӯрад, агар кашишхӯрии дилро то 66 – солагӣ ҳисоб кунем, қариб 2,5 миллиардро ташкил мекунад. Дили инсон дар 1 шабонарӯз аз 7000 то 10 000 литр хун ва дар давоми 1 сол қариб 3150000 литр хунро ба рагҳо мепартояд. Худи дил ба воситаи рагҳои коронарӣ бо хун таъмин карда мешавад.

Бемории ишемиявии дил – ин ҳолати патологие мебошад, ки халадоршавии хунгардиши мушаки (миокарди) дилро, ки дар натиҷаи танг ё маҳкам шудани рагҳои коронарӣ ба вуҷуд меояд, ифода мекунад. Агар одӣ карда гӯем, миқдори хуне, ки ба воситаи рагҳои коронарӣ ба миокарди дил ворид мешавад, талаботи дилро ба оксиген миокард қонеъ намекунад. Бемории ишемиявии дил метавонад шадид ва музмин шавад.

Нишондодҳои оморӣ

Бемории ишемиявии дил аз ҷиҳати сабабҳои фавтият ва пастшавии қобилияти корӣ дар байни аҳолии ҷаҳон ҷои якумро ишғол мекунад. Вобаста ба ин бемории ишемиявии дил яке аз мушкилоти асосии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар асри XXI мебошад. Агар фавтияти занону мардонро вобаста ба ин беморӣ аз синнӣ 35 то 44 – сола ҳисоб кунем, қариб 80 дар 100000 нафар, ки муқоиса бо марду зан 5/1 ва ҳамин нишондод дар синни 65 — 74 сола зиёда аз 1800 дар 100000 нафар ва таносуби марду зан 2/1-ро ташкил мекунад.

Сабабҳои беморӣ

Сабабҳои асосии сар задани ин беморӣ аз омилҳои зерин вобаста мебошад: атеросклерози рагҳои коронарӣ, ирсият, сину сол, ҷинс, иқлим ва муҳити зист, одатҳои бад ба монанди сигоркашӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ, истеъмоли аз ҳад зиёди хӯрокҳои равғани ҳайвонотдошта, камҳаракатӣ, фарбеҳӣ, ҳолатҳои нохуби психо-соматикӣ, бемориҳои касбӣ, фишорбаландии шараёнӣ, бемории диабети қанд.

Нишонаҳои беморӣ

Шахсони гирифтори ин беморӣ бисёртар ба нафастангӣ, дарди сӯзишкунанда ва фишордиҳанда дар меҳроби дил ва паси устухони туш бо паҳншавӣ ба китфу дасти чап, байни шонаҳо, зери манаҳ, ки ҳангоми ҳаракат ва ё фаъолияти ҷисмонӣ (баромадан ба зинапояҳо) пайдо мешавад ва ҳангоми каме истироҳат ва ё истеъмоли ҳабби нитроглисерин (зери забон) бартараф мешавад, дилзанӣ, дамкӯтоҳӣ, пастшавии фаъолияти ҷисмонӣ шикоят мекунанд. Ин нишонаҳо вобаста ба сину сол, бемориҳои ҳамрадиф фарқ мекунанд. Масалан, шахсони гирифтори бемории диабети қанд ва ё шахсони синашон аз 65 – сола боло, аз ҳисоби халалдоршавии ҳиссиёти асабиашон дардро пурра ҳис намекунанд. Шахсоне, ки ду ва зиёда аз ин нишонаҳоро дар худашон эҳсос мекунанд ҳатман ба табиби оилавӣ ва ё табиби бемориҳои дил муроҷиат карда аз ташхис гузаранд. Албатта пешгирӣ аз табобат сабуктар аст.

Пешгирӣ ва табобат

Пеш аз ҳама ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва даст кашидан аз омилҳои хатар, ки сабаби бавуҷудоии ин беморӣ мешавад, мебошад.

Машғул шудан ба варзиш: гимнастикаи пагоҳирӯзӣ, бисёртар пиёда роҳ гаштан то 2 — 3 км дар як рӯз, тез роҳравӣ, шиноварӣ, тенис. Интихоби намуди варзиш озод аст ва ҳар намуде, ки худи инсон дар он завқ дорад, машғул шуда метавонад. Варзиш бояд ба ҳадде, ки ба организм ҳаловат мебахшад, иҷро карда шавад ва аз тавонои организм зиёд набошад.

Даст кашидан аз одатҳои бад: сигоркашӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ, истеъмоли барзиёди кофе, чойи аз ҳад сиёҳ.

Истеъмоли дуруст ва саривақтии ғизо: обро бояд 20 дақиқа пеш аз хӯрок ва ё 30 дақиқа пас аз хӯрок нӯшид. Маҳдудияти истеъмоли қабули хӯрокҳои сернамак, серравған ва тезтайёршаванда. Вақти хӯрокхӯрӣ бояд на кам аз 15 — 20 дақиқа бошад. Хӯрокро пурра дар даҳон коркард карда, пасон фурӯ бурдан лозим аст. Миқдори каллорияи дар як рӯз истеъмолшаванда бояд 30% вақти наҳор, 45% дар нисфирӯзӣ ва 25% дар шом истеъмол карда шавад. Истеъмоли барзиёди сабзавот, кабудӣ ва меваҷот тавсия дода мешавад.

Маводҳои тавсияшаванда: истеъмоли гӯшти моҳӣ, асал, равғани аз растанӣ ҳосилшаванда, себ, зардолу, лаблабу, тамашк (малина), гул ва меваи дулона, лубиё…

Табобат дар шароити амбулаторӣ ва статсионарӣ бо маслиҳати мутахассис гузаронида мешавад. Шахсони гирифтори бемории ишемиявии дил дар як сол на кам аз ду маротиба аз ташхиси пурраи тиббӣ бояд гузаранд.

Таҳияи Шервони Умриддин

Мақолаи гузашта

Дармони санги гурда

Мақолаи навбатӣ

Дили худро эҳтиёт намоед

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дили худро эҳтиёт намоед

Дили худро эҳтиёт намоед

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ