• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Фишори баланди шараёнро ба ҳоли худаш нагузоред!

от user
в Бемориҳои дилу рагҳо
0

Зери даст будани фишорсанҷ (тинометр) баъзан аз як қуттии пур аз доруҳо дида муҳимтар аст. Атеросклероз, сактаи мағзу сактаи дил, халал ёфтани набзи дил ва кори гурдаҳо аз куҷо ибтидо мегиранд? Омор шаҳодат медиҳад, ки 70 дарсади онҳо аз ин дардҳо дунёро падруд гуфтаанд, дар вақташ аз фишори баланди шараён ранҷу азоб кашидаанд. Маълуму рўшан аст, ки фишор яку якбора “ба боло намеҷаҳад”, онро ё нодида мегиранд, ё чунон ки бисёр мушоҳида мешавад, ба он ҳеҷ аҳамияте намедиҳанд.

То андозае ин як амри тибиӣ низ мебошад: фишори шараён доиман дар як нуқта намеистад, масалан, рўзона ҳамеша нисбат ба шаб боло меравад. Стрессҳо, нооромиҳо, сарбориҳои ҷисмонӣ, як пиёла қаҳва, сигарет муваққатан фишорро боло мебаранд, вале ба саломатӣ чандон хавфу хатаре надоранд. Аммо бисёр муҳим аст, ки ин “боло рафтанҳо” дуру дароз, доимӣ набошад. Инро ҳам ба назар гирифтан лозим аст, ки ба баланд шудани фишор омилҳои гуногуни носозу номусоид, мисли рўзҳои тўфонӣ, боду ҳаво, хастагии аз ҳад зиёд таъсири ногувор доранд. Дар ин гуна ҳолатҳо, тағйири номаълуми фишори шараён, ки аслан одам ба он чандон эътиборе намедод, рагҳо ва дилро ба “бозӣ” медарорад. Аз бисёр фалокатҳо метавон наҷот ёфт, агар он омилҳои номусоидро донӣ, пешгирӣ намоӣ ва чораву тадбире биандешӣ. Саривақт хўрдани доруҳо, зери даст нигоҳ доштани фишорсанҷ аз он ҷумлаанд. Барои он ки нишондоди фишорсанҷ дилпуру боварибахш бошад, донистани баъзе нозукиҳои санҷиши фишор заруру лозиманд.

  • Агар аз фишорбаландӣ ранҷ мекашед, санҷиши он бояд ба таври мунтазам сурат гирад. Фишорро мунтазам санҷида, шумо худро дилпуру хотирҷамъ ҳис мекунед.
  • Фишорро ҳатман дар як вақту соати муайян санҷед, масалан, саҳар ва бегоҳ.
  • Дар вақти санҷидани фишор дар курсӣ озоду бароҳат нишинед, баданро осуда гузоред, ба ифодаи дигар суст намоед, дастро ба рўйи миз гузошта, сипас фишорро санҷед. Ба қадри имкон пешакӣ як чанд бор чуқур нафас гиред ва нафас бароред.
  • Фишорро баъди ним соати нўшидани қаҳва ва ё кашидани сигарет месанҷанд.

Як зумра донишмандону табибон андеша доранд, ки одам набояд аслан ба бемории фишорбаландӣ гирифтор шавад ва ё мабодо мубтало гардад ҳам, роҳи наҷот ҳаст, пас аз муддате истифода кардани доруҳо метавон тадриҷан аз онҳо даст кашид ва даст ба домани машқу кори ҷисмонӣ зад. Ба ирсият пайванд додани он низ чандон заминаи илмӣ надорад, фишорбаландӣ аз амалҳои нодурусти худи инсон сар мезанад. Дар ин бора сухан бисёр аст, шарҳи муфассали онро ба вақти дигар гузошта, феълан як андешаи директори Пажўҳишгоҳи кардиологии ба номи А. Л. Мясникови Федератсияи Русия, доктори илмҳои тиб, профессор Ирина Чазоваро (фарзанди кардиологи машҳури рус, академик Евгений Чазов) мухтасаран меорем, то бошад, ки аз он хулоса барорем ва ба туфайли саъю кўшиш худро аз ин бемори эмин дорем. Ў ба саволи “ба назари шумо кадом омилҳо ба зиёд шудани шумораи гирифторони фишори хун сабаб мешаванд”, чунин посух мегўяд:

Шеваи зиндагӣ, тарзи ҳаёти мо. Мо нодуруст ғизо мехурем, кам ҳаракат мекунем, бисёр асабӣ мешавем. Ҳамаи ин ба саломати бе таъсир намемонад. Агар фарохтар нигарем, ғалаёни хун умуман решаҳои иҷтимоӣ дорад ва метавон онро индиктори ноомади иҷтимоии ҷомеа номид. Тасодуфӣ нест, ки фавт аз бемориҳои дилу рагҳо дар солҳои бўҳронии 90-ум хеле афзуд. Мутаассифона, ғалаёни хун бемории зуком нест, барои он ваксинаи муайяне ихтироъ накардаанд, аз ин рў, хавфи ба он гирифтор шудан дар ҳар кас мавҷуд аст. Аммо, барои он ки лаҳзаи пайдо шудани бемориро ҳарчи дуртар андозем, ман маслиҳат медодам, ки алъон, ҳоли ҳозир шеваи зиндагиямонро таҷдиди назар намоем. Ғизои солиму дуруст хўрдан, ба ҳадди муайян кору машқи ҷисмонӣ кардан, баданро ба ҳолати табииаш гузоштан, дар ҳамоҳангӣ бо худ зистан — ҳамаи инҳо ёрӣ мерасонанд, ки солҳои дароз тану ҷони бардам дошта бошем.

Аз ин гуфтори кўтоҳи донишманди фарзона бармеояд, ки табиби мо пеш аз ҳама худамон ҳастем. Пас, чаро сари гуфтаҳои ў: “Мо нодуруст ғизо мехурем, кам ҳаракат мекунем, бисёр асабӣ мешавем”, ки бешубҳа, натиҷаи омўзишу татқиқотҳо ба мушоҳидаҳои солҳои зиёд аст, наандешем ва тафаккур накунем ва чаро “…алъон, ҳоли ҳозир шеваю тарзи ҳаётамонро диагр насозем!”.

Таҳияи Шервони Умриддин.

Мақолаи гузашта

Тавсия ба беморони қалб

Мақолаи навбатӣ

Безуриётӣ ва табобати он

user

user

Мақолаи навбатӣ
Безуриётӣ ва табобати он

Безуриётӣ ва табобати он

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ