
«Ҳар касеро баҳри коре зодаанд» мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Вақте инсон пеши худ мақсад гузошта, талоши расидан ба ҳадаф мекунад, дар зиндагӣ муваффақ шуда, дар ҷомеа мавқеи матлубро соҳиб мегардад, — чунин меандешад ҳамсӯҳбати навбатии мо. Бале, ин аст, хислати одамони наҷиб, ки устоди кори худ ва содиқ ба пешаанд. Юлдош Султонов аз зумраи он нафаронест, ки зиндагии худро, ба қавле бо дастони худ сохтаву бо заҳмати ҳалол ва таҷрибаи андӯхтааш дар касби хеш муваффақу соҳибэҳтиром гаштааст.
ПЎЛОД ЧӢ ТАВР ОБУТОБ ЁФТ?
Ӯ орзуи дорусоз шуданро аз замони наврасӣ дар дил мепарварид ва соли 1971 баъди хатми мактаб ба Институти фарматсевтии Пятигорски Федератсияи Россия дохил шуд. Соли 1976 бо муваффақият онро хатм намуд.
— Баъди баргаштан ба Ватан корро аз дорухонаи марказии ноҳияи Шаҳритус оғоз кардам. Баъдан, пас аз хизмати ҳарбӣ, дар вазифаҳои нозири калони Раёсати идораи дорухонаҳои вилояти Қӯрғонтеппа, дорухонаи №40-и ноҳияи Қубодиён ва дорухонаи ҳамонвақта колхози “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён фаъолияти фармасевтиамро давом додам, — ба ёд меорад Юлдош Султонов.
Аз соли 1976 то соли 1991, яъне кори тӯлонӣ дар як ҷода соҳибтаҷрибааш кард. Ба гуфтае, чун пӯлод дар оташи пеша обутоб ёфт. Сентябри соли 1991 бо ибтикори Юлдош Султонов коргоҳи хурди «Анис» ба кор оғоз намуд, ки асосан, ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои шифобахши ватанӣ, аз қабили ширинбия, амонқара ва ғайра буд ва ба хориҷи кишвар низ содирот мешуд.
— Фаъолияти «Анис» дер давом накард. Бо сабаби нотинҷиҳои маълум робитаҳои мо бо корхонаҳои дорусозии кишварҳои хориҷӣ барҳам хӯрданд. Дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои Ӯзбекистон, шаҳрҳои Шимкенти Қазоқистону Новосибирски Русия, ба ивази дорувории тайёр мо тавонистем танҳо реша, ва баргҳои ширинбияи ҷамъовардаро фиристем, — изҳори таассуф мекунад Юлдош Султонов.
АВВАЛИН ДОРУВОРИИ ВАТАНӢ
Соли 2000 ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои маъруфи дорусозии Москва ва Новосибирск боиси бунёди аввалин корхонаи дорусозӣ дар ноҳияи Қубодиён гардид, аммо азбаски масоҳати он хеле хурд буду барои ривоҷи истеҳсолот шароит чандон мувофиқ набуд, бо хоҳиши соҳибкорони муваффақи шаҳри Турсунзода Юлдош Султонов корхонаро пурра ба шаҳри Турсунзода кӯчонд. Дар бунёд ва фаъ-олияти минбаъдаи он соҳибкорону шахсони воқеӣ, бахусус, Владимир Цой нақши муҳим бозиданд. Дар натиҷа, соли 2001 корхонаи муштараки тоҷикӣ-русӣ ва бритонии «Анисфарм» ба фаъолият оғоз намуд.
Иқтидори истеҳсолии корхона беш аз 3 миллион ампула новокаин, витаминҳо дар шакли ампула, маҳлулҳо барои инфузия (гемодез, хлориди натрий, глюкоза ва ғ) буда, онҳо аз аввалин дорувориҳои истеҳсоли ватанӣ буданд. Ба ин васила 130 сокини маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин кардем, — мегӯяд Юлдош Султонов.
ТАВЛИДИ «ЯСМИНА-МЕД»
20 соли таҷрибаи корӣ дар ҷодаи дорусозӣ ба мавсуф имконият дод, ки корхонаи шахсии доруворӣ созад. Ҳамин тавр, соли 2010 «Ясмина-мед» тавлид ёфт.
— Дар ин муддат, пеш аз ҳама, тавонистем мутахассисони хубро барои
корбасти таҷҳизот ва роҳандозии истеҳсолот ҷалб намоем, зеро аллакай дар ин самт зарурати даъвати мутахассисон аз кишвариҳои хориҷ набуд. Аллакай мутахассисони худӣ омода шуда буданд. Давоми ин солҳо маблағи калон, асосан, барои омода намудани мутахассисони соҳа масраф гардид ва чун натиҷа имрӯз мушкили норасоии кадр дар корхона ҷой надорад. Таҷрибаи андӯхта бароямон фонди тиллоиро тақдим кард, яъне мутахассисони варзидаи соҳаи фармасевтикаро, — изҳори қаноатмандию ифтихор мекунад сарвари ширкати «Ясмина-мед» Юлдош Султонов.
МАКТАБИ АКАДЕМИК САЛОМИДДИН ЮСУФӢ
Алҳол, дар ширкати дорусозии «Ясмина-мед» 55 номгӯй доруворӣ дар 9 намуд истеҳсол мегардад. Хокаҳо барои тайёр кардани суспензия, ампулаҳо барои инфузия, тазриқҳо, ҳаббу қатраҳо барои чашму гӯш ва нӯшобаҳои гуногун аз зумраи маҳсулоти “Ясмина мед” мебошанд. Ҳамчунин, бо истифода аз 10 намуди рустаниҳои шифобахши ватанӣ дору тайёр мекунанд, ки имрӯз дар бозори дохилӣ серхаридор аст.
Дар корхона озмоишгоҳи назоратӣ-таҳлилӣ мавҷуд буда, сифати маҳсулот бо усулҳои кимиёӣ, физикӣ, микробиологӣ ва бо истифода аз тестҳои LAL ва TAL санҷида мешаванд. Ҳамчунин, озмоишгоҳи таҷрибавӣ барои таҳияи технологияи маҳсулоти нав фаъолият дорад.
Агар яке аз муваффақиятҳои ширкат ин тарбияи мутахассисони соҳа бошад, фаъолияти озмоишгоҳи илмӣ-истеҳсолӣ, ки бо таҷҳизоти замонавии аз кишварҳои Россия, Хитой, Япония ва Корея вориднамуда муҷаҳҳаз аст, бурди дигараш аст. Дар ин ҷо таҳти роҳбарии доктори илмҳои фармасевтӣ, академик Саломиддин Юсуфӣ корҳои илмӣ-таҷрибавӣ оид ба таҳияи доруҳои нав ва усулҳои назорати сифати онҳо анҷом дода мешаванд. Солҳои охир ду намуд дору, инчунин усули муайянсозии аслият ва миқдори гранулаҳои амокситсиллин барои суспензия таҳия ва дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуд. Барои ин ихтироот патент ҳам гирифтанд.
Дар озмоишгоҳ на танҳо олимон ба таҳқиқ, таҳлил ва ихтирои нави дорувориҳо сарукор доранд, ҳамчунин он мактаби хубест барои донишҷӯёну унвонҷӯён ва дилбохтагони роҳи илм, ки метавонанд аз таҷрибаи олими номошно Саломиддин Юсуфӣ баҳра баранд. Дар ин ҷо онҳо аз фанни технологияи дорусозӣ, назорати сифати доруҳо ва ташкили истеҳсолоти фармасевтӣ сабақи бевосита мегиранд.
ФАРМАСЕВТ ДОРУСОЗ АСТ!
Юлдош Султонов мегӯяд, ки рушди технологияи муосир ва истифода аз таҷҳизоти замонавӣ кори онҳоро басо осон намудааст. Ҳамин аст, ки истифодаи гиёҳҳои шифобахши диёр барои истеҳсоли доруҳои гуногун торафт меафзояд.
— Мутаассифона, донишҷӯёни донишкадаю донишгоҳҳо бо ихтисоси дорусоз хатм намоянд ҳам, вале аксарият ба дорухонаҳо рафта доруфурӯшӣ мекунанд. Фармасевт дорусоз аст, на доруфурӯш! Вай бояд дар бораи таркиби рустанӣ ё дору, таъиноташ маълумоти мушаххас дошта, бевосита дар истеҳсолот аз давраи аввали ҷамъоварии рустанӣ то коркарду аз он дору сохтан ширкат дошта бошад. Танҳо дар ҳамин сурат дорусози ҳақиқӣ мешавад, — изҳори назар намуд дар анҷоми суҳбатамон Юлдош Султонов.
Ҳар соҳибкор ё худ дорусоз орзу дорад, ки маҳсулоти корхонааш ба дараҷаи брендӣ расида, ба хориҷа низ содир шавад. Дорусози номӣ, номзади илмҳои фармасевтӣ, сардори ширкати “Ясмина мед” Юлдош Султонов низ истисно нест. Ба ӯ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои некаш саломатӣ ва комёбӣ мехоҳем!
Паймонаи ҶОВИДОН,
“Даво”


