
Солимии репродуктивӣ яке аз пояҳои асосии солимии ҷомеа ба шумор меравад, ки ба рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт созгор аст. Аз ин рў, ба ин масъалаи бунёдӣ дар кишвари мо низ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, то ки тавассути дастгирию ғамхориҳои рўзафзуну густурда модарон солим бошанду тифли солим ба дунё оранд. Қабул ва дар ҷараёни татбиқ қарор доштани Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» далели рўшани ин гуфтаҳост. Суҳбати мо бо директори Маркази ҷумҳуриявии миллии солимии репродуктивӣ Ҳафиза САИДОВА доир ба рафти пиёдасозии ин барномаҳои муфид ва самараноксурат гирифт.
ВАҚТЕ ҲАДАФҲО АНИҚУ МУШАХХАСАНД
— Ҳафиза Озодовна, вазъи кунунии солимии репродуктивӣ дар ҷумҳуриро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Татбиқи барномаҳое, ки дар ин самт пиёда мешаванд, оё натиҷаҳои чашмдошт дода истодаанд?
— Пеш аз ҳама, зикр кардан мехоҳам, ки чанд сол инҷониб дар ҷумҳурӣ амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» идома дорад, ки муҳимтарин самтҳои фаъолияти Маркази миллии солимии репродуктивиро низ мушаххасу муқаррар кардаанд. Зеро фаъолияти маркази мо маҳз ба ҳифзи солимии модарон, навзодон, кӯдакон ва наврасон нигаронда шудааст.
Барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба стандартҳо, стратегияҳо ва протоколҳои клиникӣ асос ёфтаанд, аз ҷумла баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи солимии модару кўдак, солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ амалӣ карда мешавад.
Айни ҳол хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кўдакон дар асоси стандартҳои байналмилалӣ таҷдид шуда, барномаҳои самарабахши нави иқтисодӣ, инчунин барои таъмин намудани сифати ёрии тиббӣ стандартҳои миллӣ ва протоколҳои нав таҳия ва мавриди татбиқ қарор доранд. Чорабиниҳо дар самти ҳамгироии солимии репродуктивӣ ва танзими оила бо кумаки аввалияи тиббию санитарӣ амалӣ гашта, барои хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ зиёда аз 20 стандарти мутобиқкарда, аз ҷумла ёрии то валодатӣ ҳангоми ҳомилагии физиологӣ, таъмини исқоти ҳамли бехавф ва идоракунии оризаҳо пас аз исқоти ҳамл, хунравӣ дар давраи ҳомилагӣ, валодат ва давраи баъдивалодатӣ, аворизҳои ҳомиладорӣ, скрининги саратони гарданаки бачадон, лейомиомаи бачадон, оид ба истифодаи маводи контрасептивӣ ва ғайра ҷорӣ карда шудааст.
ДАР МАРКАЗҲО 6.5 МЛН ТАШРИФ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
— Тавре аз суханатон бармеояд, дар маркази ин ҳама тадбирҳо Зан — Модар қарор дорад, то ки бо истифодаи кулли имконияту восита фосилаи байни таваллудро риоя намуда, саломат бошаду тифли солим ба дунё орад. Шояд барои тақвияти фикр чанд рақаму далел меоред.
— Бо камоли майл. Айни замон дар кишварамон занони қобили таваллуд, занону духтарони синни 15-49- сола, ки бевосита ба фаъолияти марказҳои солимии репродуктивӣ зич алоқаманданд, 25 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Ҳамасола дар ин марказҳо зиёда аз 6,5 миллион ташриф ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора тақрибан 42 фоизро хизматрасонии контрасептивӣ ва танзими оила, 45 фоизро назорати антенаталӣ ташкил медиҳад, 13 фоиз ба масоили дигари солимии репродуктивӣ вобастагӣ дорад.
Тамоми марказҳои саломатии ҷумҳурӣ бо маводи пешгирандаи ҳамли номатлуб ҳамасола таъмин буда, хизматрасониҳои контрасептивӣ ба аҳолӣ ройгон сурат мегиранд. Шумораи умумии истифодабарони маводи ҳозиразамони пешгирандаи ҳамли номатлуб мунтазам афзоиш ёфта, ба 43 фоиз расидааст.
Таъмини хариди воситаҳои контрасептивӣ яке аз иқдоми муҳим ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидани воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ 25 дарсад аз ҳисоби маблағҳои зарурии молиявӣ ҷудо карда шудааст, ки ҳамасола афзоиши 5 дарсад дар назар дошта шудааст. Айни замон дастрасии хизматрасониҳои банақшагирии оила беҳтар, шумораи исқоти ҳамл кам гашта, сатҳи огоҳии падару модарон боло меравад.
353 ҲАЗОР ҚУТТӢ ТУРШИИ ФОЛАТ ВА ИЛОВАИ ОҲАН
— Хеле хуб. Ҷое кор ҳаст, камбудӣ ё мушкилӣ ҳам ҳаст. Ҳафиза Озодовна, айни замон кадом масъалаи ҳалталаб ҷиҳати солимии репродуктивӣ боиси нигаронии Шумо ва ҳамкоронатон мебошад?
— Пеш аз ҳама, мушкилии камхунии занҳо. Ин масъалаи мубрами ҷаҳонист, зеро дар аксарияти кишварҳои дунё ҳамасола аз 35 то 65 фоизи занони ҳомила аз камхунӣ азият мекашанд.
Аз рӯйи ин нишондод камхунӣ аз норасоии оҳан 90-95 фоизро ташкил дода, афзоиши камхунӣ дар байни занони синну соли репродуктивӣ ба назар мерасад. Тибқи омори расмӣ, камхунӣ дар байни занони синни репродуктивӣ (15-49-сола) дар байни бемориҳои ғайригениталӣ ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар давраи ҳомиладорӣ ин нишондиҳанда метавонад то 33-40% бошад. Ин мушкилӣ на танҳо ба саломатии модар таъсир мерасонад, балки ба рушди ҷанин низ таъсири манфӣ мерасонад ва хатари таваллуди кӯдаки камвазн, норасоии масуният ва мушкилоти дигарро афзоиш медиҳад.
Яке аз роҳҳои муассири ҳалли ин масъала коҳиш додани норасоии микроэлементҳо дар организми зан мебошад, аз ҷумла тавассути туршии фолат ва иловаи оҳан. Аз ин хотир, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати ҳифзи солимии модару кўдак 353 ҳазор қуттӣ маводи сулфати оҳан ва туршии фолат ба ҷумҳурӣ ворид ва ба шаҳру навоҳӣ тақсим карда шуд.
Мушкили дигар, ки боиси нигаронист, ин ҳомиладории бармаҳал ва таваллуд дар оилаҳои ҷавон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумоти охирини Тадқиқоти демографӣ ва саломатӣ (с. 2023), тақрибан 7 фоизи духтарони 17-19 — сола ҳомиладор шудаанд ё аллакай таваллуд кардаанд. Ин нишондиҳанда дар деҳот нисбат ба шаҳр баландтар буда, ҳомиладории бармаҳал хатари зиёд ба саломатии модари ҷавон ва кӯдак (таваллуди бармаҳал, камвазнӣ, камхунӣ ва ғ.) дорад ва аксар вақт ба таҳсили духтарон ва ояндаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дастрасии хизматрасониҳои банақшагирии оила беҳтар, шумораи исқоти ҳамли бехатар кам гашта, сатҳи огоҳии падару модарон боло меравад.
БАХТИ МОДАРӢ — БУЗУРГТАРИН КАРОМАТИ ПАРВАРДИГОР
— Ҳар падару модар дар орзуи бахти фарзандонаш мебошад. Аммо на ҳама ҷавонон, махсусан духтарон, доир ба солимии репродуктивӣ дониши зарурӣ доранд. Ва як қадами хато метавонад зарба ба саломатияшон шаваду бахти оилаи хуб барпо кардану модари хушбахт шуданро зери суол барад. Чӣ маслиҳату панде ба онҳо ҳамчун мутахассис ва модар ба онҳо доданро зарур медонед?
— Модар шудан яке аз зеботарин ва бузургтарин каромати Парвардигор дар ҳаёти ҳар зан мебошад. Духтарони мо бо ҳамин орзуи зиндагисоз ба воя мерасанд, вале ин орзу бояд бо ҳисси масъулият низ тавъам бошад. Зеро фуруғи хонадон зани солиму модари солим аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки аз синни наврасӣ ва ҷавонӣ ба солимии репродуктивӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Барои оилаҳо бошад, маслиҳати банда чунин аст: ҳомиладориро бо маслиҳати табибон ба нақша гиранд, фосилаи байни таваллудро риоя намоянд, дар давоми ҳомиладорӣ қатъиян таҳти назорати табибон қарор гиранд, никоҳи хешутаборӣ ва ҳомиладории бармаҳалро (то 18-солагӣ) пешгирӣ кунанд. Волидон бо фарорасии фурсати зарурӣ бо духтарони худ бояд ошкоро ва маҳрамона дар бораи номи нек, шарму ҳаё, ҳифзи саломатӣ ва масъулияти оиладорӣ ҳарф зананд. Ин яке аз роҳҳои муҳимтарини пешгирии мушкилоти дар боло зикршуда аст.
ДАР МАСИРИ ОЯНДАИ БОЗ ҲАМ ГУВОРО
— Аз суҳбати муфидатон, Ҳафиза Озодовна, шахсан дар ман тасаввури амиқе ҳосил шуд, ки модарони ҷавони тоҷик бо мушкилоти саломатӣ танҳо ва дар нимароҳ нестанд. Онҳо дар ҳимояти давлат қарор дошта, кулли сохтори тандурустӣ, бахусус Маркази солимии репродуктивӣ баҳри солим буданашон ҳама тадбирҳои муассирро пиёда месозанд, то ки ҳам худашон солиму хушбахт бошанду ҳам фарзандонашон.
— Хуб гуфтед. Воқеан чунин аст. Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки солимии репродуктивӣ на танҳо масъалаи тиббӣ, балки масъалаи демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ мебошад. Ҳар оила метавонад бо риояи тавсияҳои мутахассисон саҳми худро баҳри солимии репродуктивӣ, яъне осоиши оила ва некўаҳволии миллат гузорад.
— Ташаккур барои суҳбат. Саломат бошеду дар иҷрои ин ҳама нақшаю ниятҳои муҳиму наҷиб муваффақ!
Фотима ЯҚУБОВА,
махсус барои «Даво»



