• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Табобати чашм бо гиёҳҳои шифобахш

от user
в Гиёҳдармонӣ
0

Муолиҷаи конъюктивит (сурхшавию обрезии чашм)

— Як қошуқ бобунаи хушкро гирифта, ба як истакон оби ҷӯш андозед. Баъди се соат дам додан оби мазкурро ба чашм чаконед. Ё ин ки пахтаи тоза (аз дорухона гирифташуда) — ро ба давои мазкур тар карда, рӯзе 5 маротиба 15-20 дақиқаӣ ба чашм гузоред.

— Як қошуқча чойи хушкро дар як истакон оби ҷӯш ним соат дам дода, пахтаро ба он тар кунеду 15- 20 дақиқаӣ ба чашм гузоред.

— Як бандча шибит (укроп)- ро реза намуда, шарбаташро бигиред. Пахтаро ба шарбати шибит тар намуда, 15 дақиқа ба чашм гузоред.

— Як қошуқӣ тухми шибит, баргу пояи чилбуғум (полевой хвощ), коснӣ (чачараскул, цикорий) ва решаи кӯфтаи гули хайрӣ (алтей)- ро бо ҳам омехта кунед. Аз он як қошуқ гирифта, ба як истакон оби ҷӯш андозед. Баъди хунук шуданаш якчанд қатраашро ба чашм чаконида, сипас пахтаро ба он тар намуда, ба чашм гузоред.

— Ду қошуқча меваи настаран (хулул, хуч, шиповник)-и кӯфташударо ба як истакон об андохта, то ҷӯш омаданаш гарм кунеду аз болои оташ (плитка) бигиред. Баъди хунук шуданаш бо он чашмро тар намоед.

Ин амалро рӯзе чор маротиба такрор кунед.

Давои шабкӯрӣ (куриная слепота)

— Як қошуқ меваи хушки кӯфташудаи настаранро бо ду истакон об 10 дақиқа ҷӯшонед. Сипас 2-3 соат дам дода, чоряки истакон ё ним истаконӣ рӯзе 3-4 маротиба истеъмол намоед.

— Аз 3 то 5 грамм баргҳои хушки қоти сиёҳ (чёрная смородина) — ро дар як истакон оби ҷӯш 30 дақиқа гарм печонида, рӯзе ним истаконӣ ду бор истеъмол кунед.

—  20 грамм баргу меваи хушки қулфинай (земляника) — ро дар як истакон оби ҷӯш 5-10 дақиқа ҷӯшонед. Сипас 2 соат дам дода, як қошуқӣ рӯзе се маротиба истеъмол кунед.

—  6 грамм решаю барги қоқу (одуванчик) — ро дар як истакон об 10 дақиқа ҷӯшонида, 30 дақиқа дам диҳед. Як қошуқӣ рӯзе се маротиба пеш аз ғизо нӯши ҷон кунед.

— 7 грамм газна (крапива)-и хушкро дар як истакон оби ҷӯш гарм печонида ним соат дам диҳед. Як қошуқ, рӯзе се маротиба истеъмол намоед.

-20 грамм гиёҳи хушки роҳдавак (спорыш) — ро дар як истакон оби ҷӯш андохта, 10- 15 дақиқа дам диҳед. Як қошуқӣ рӯзе 3- 4 маротиба нӯши ҷон кунед.

— Як қошуқ баргу пояи лух (аир болотный) — ро дар як истакон оби ҷӯш андохта, 20-30 дақиқа ҷӯшонед. Як қошуқӣ рӯзе 3 маротиба истеъмол кунед.

— Чор қошуқ решаи майдакардаи гандумаҷириқ (гандумак, пырей ползучий) — ро дар 5 истакон об ҷӯшонед. Аз ин даво як қошуқӣ 4-5 маротиба истеъмол бояд кард.

— Қиёми думи шер (настойка пустырник) — ро 30- 40 қатраӣ рӯзе 2-3 маротиба истеъмол кунед.

— Қиёми лимугиёҳи чинӣ (лимонник китайский) — ро, ки дар дорухонаҳо фаровон аст, 20-30 қатраӣ дар нимаи аввали рӯз истеъмол намоед.

— Шарбати сабр (алоэ) — ро, ки дар дорухонаҳо мавҷуд аст, як қошуқӣ рӯзе 2-3 маротиба 20-30 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол намудан нури чашмро афзун мекунад.

Ғизоеҳое, ки биноиро неру мебахшанд

— Истеъмоли ғуҷуммеваҳо, ба монанди қулфинай, қарақот (сиёҳгилаи кабуд, черника), тути хирс (клюква) тақвиятдиҳандаи қувваи биноӣ ба шумор мераванд.

— Истеъмоли доимии сабзӣ, карам, помидор, шалғам ва пиёзи сабз нури чашмро меафзоянд.

— Истеъмоли меваи тару тоза ва ё шарбати ғубайро (рябина), қоти сиёҳ (смородина), ангат (облепиха) ва настаран давои бемориҳои чашманд.

— Аз гиёҳи тару тозаи газна ва қоқу хӯриш (салат) тайёр кардан ва ба шӯлаю мастоба ҳамроҳ кардани онҳо боиси афзоиши нури чашм мешавад.

— Руҳ (цинк) барои пурра ҷабидашавии витаминҳои А ва Е, ки барои қувваи биноӣ заруранд, кумак мерасонад. Элементи мазкур дар кунҷид, чормағз, гӯшти гов, лӯбиёгиҳо, тухм ва чормағзи заминӣ фаровон аст.

— Лютеин барои баланд бардоштани қувваи босира муҳим аст. Гулкарам, испанок (шпинат), помидор, сабзӣ, каду ва тарра (кабачки) аз лютеин бой мебошанд.

— Истеъмоли доимии моҳӣ низ барои тақвияти нури чашм кумак мерасонад.

—  Тухми мурғ манбаи бойи лютеин ва руҳ буда, аз витаминҳои С ва Е низ ғанӣ аст.

— Давоми як моҳ наҳорӣ кардан бо сабзаи гандум ба чашм нур мебахшад.

— Субҳ дили бенаҳор 100-150 грамм лаблабу истеъмол кардан низ қувватдиҳандаи биноӣ аст.

— 10 грамм барги хушки зуф (подорожник) — ро дар зарфи сирнок андохта, як истакон оби ҷӯш андозед. Сипас болояшро пӯшонида, дар оби ҷӯш гузошта, 30 дақиқа ҷӯшонед. Баъдан ширгарм намуда, аз дока гузаронед ва даворо ба зарфи шишагин гиред. Сеяки истакон рӯзе се маротиба 10- 15 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол намоед.

Таваҷҷуҳ! Чашм яке аз узвҳои нозуктарин ба шумор меравад. Аз ин рӯ, пеш аз истифодаи гиёҳдармонӣ бо табиби чашм (офталмолог) маслиҳат кунед.

 Додихудои ҶОМӢ,

табиби мардумӣ,

маҳаллаи Ҳамадонии шаҳри Душанбе

Мақолаи гузашта

Нигоҳубини мўю дастон дар фасли зимистон

Мақолаи навбатӣ

Стресс — асоси бемориҳои асаб ва қалб

user

user

Мақолаи навбатӣ
Стресс — асоси бемориҳои асаб ва қалб

Стресс - асоси бемориҳои асаб ва қалб

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

В Индии родился мальчик с четырьмя руками и ногами

В Индии родился мальчик с четырьмя руками и ногами

27.08.2026
Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон

26.08.2026
Дардҳои рагҳои шарён дармон дорад

Дардҳои рагҳои шарён дармон дорад

26.08.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ