• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Гурда тибби мавлавӣ

от user
в Бемориҳои гурда ва масона
0

Дар баёни ҳисот (санги гурда ва хичак) ва илоҷи он.

  1. Бо тарзи чой бардавом нўшидани решаи марминҷони кўҳӣ, решаи қамчинбутта (муйбофак) барои резонидани сангу қуми гурдаю хичак давои хуб аст.
  2. Истеъмоли «бардавоми пиёзи хом, харбуза, сабзӣ, шибит (укроб), тухми тарбуз, бодоми ширин, олуболу, шалғам, кунҷид, пудинаи кўҳӣ, асал, наъно (пудинаи боғӣ) ва турб, ҳама гуна сангҳои дар гурда ва хичак бударо мерезонад.
  3. Ҳар рўз Ҳафт дирам шибити хушк ва ё чордаҳ дирам шибити тарро, бо ҳар роҳе, ки набошад, биёшоманд. Дар давоми як ҳафта санг ва реги гурдаву хичакро мерезонад.
  4. Ҳар рўз як дирам хокистари чўби ангури сафедро бо об бихўранд, санги масонаро мерезонад.
  5. Ҳар рўз як мисқол самари ғорро (лавровый лист) куфта, бо оби ҷўшомада биёшоманд, сангҳои гурда ва масонаро мерезонад.
  6. Барг, гул ва решаи тари офтобпарастро куфта, фишурда, обашро гирифта, аз он об ду мисқол (ду-се қошуқ) бинўшанд, дар давоми даҳ рўз сангҳои гурда ва хичакро мерезонад.
  7. Ҳар рўз, пайваста ба дувоздаҳ рўз, ду дирам сиёҳдонаро бо об ва асал бихўранд, сангҳои гурда ва хичакро мерезонад.
  8. Ҳар рўз, то ба даҳ рўз, чаҳор дирам кунҷидро кўфта, аз он шира кашанд ва он шираро бо набот ва ё асал биёшоманд, сангҳои гурда ва хичакро мерезонад.
  9. Ҳар рўз, пайваста ба дувоздаҳ рўз, ду-се мисқол равғани бодоми талхро бо обе, ки дар он шибит ҷўшонида шуда бошад биёшоманд, сангҳои гурда ва масонаро мерезонад.
  10. Даруни турби калонро кўфта, асал пур кунанд ва як шабонарўз нигоҳ дошта, баъд он асалро биёшоманд ва ин корро як ҳафта давом диҳанду баъди он ҳар субҳ дар дили наҳор як каф ба миқдори як кашидани нос барин наънои кўфтаро бо як пиёла оби гарми ҷўшомада истеъмол намоянд.
  11. Истеъмоли мо-ул-асал ба газаки гурдаю меъда, хичаку рўда давои хуб мебошад.
  12. Чордаҳ мисқол равғани зайтунро бо шароб ва оби гарм биёшоманд, санги гурда ва хичакро майда карда, дар давоми ҳафта мерезонад.
  13. Даруни тарбузро кофта берун карда, дар он тухми шалғам пур кунанд ва даҳонашро бо пораи турб маҳкам намуда, дар хамир печонда, дар зери оташ бипазанд ва баъд он тухми пухтаро як ҳафта, пай дар пай бо асал бихўранд. Санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
  14. Ҳар рўз даҳ қирот заъфаронро бо асал бихўранд, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад.
  15. Шилми олуболу ва гелосро дар давоми дувоздаҳ рўз бардавом биёшоманд, шифо меёбанд.
  16. Як тўла (як кафи даст) тухми зағирроо дар як ратл оби ҷўшомада тар карда, онро бо тухмаш се рўз бихўранд, ҳама гуна сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
  17. Тухми мавизро дур карда, ба ҷои он дар ҳар адади мавиз як дона мурчи нокуфтаро ҷой карда, хоида бихўранд ва бо он даҳ рўз мудовимат намоянд, санги гурда ва масонаро майда карда, ҳамроҳи пешоб мерезонад.

Боб дар баёни лоғарии гурда (гурдаи фаромада) ва илоҷи он.

Бо сабаби ҳарорати баланди гурда, равғани он гудохта шуда, ҳамроҳи пешоб хориҷ мешавад ва бинобар таҳлил додан ҷавҳари онро коста ва лоғар мегардонад.

Лоғарии гурда аз бисёрии ҷимоъ низ сар мезанад. Аломати ин мариз чунин аст: бисёрии пешоб ва сафедии он, дарди пушт ва камаргоҳ, лоғарии бадан, камии шавҳати боҳ низ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо дарди сар ва хирагии чашм низ рўй медиҳад.

Илоҳи ин мариз:

  1. Хўрдани анҷир, мавизи сиёҳ, бодоми шириндона ва мағзи донаи офтобпараст (ҳалвои офтобпарастӣ) барои гурдаи лоғар нафъовар мебошад.
  2. Мағзи пистаро бо пўсти беруни он якҷоя кўфта, бихўранд, лоғарии гурдаро шифо мебахшад ва гурда равған мебандад.
  3. Ҳар рўз дар давоми чиҳил рўз панҷ мисқол (25 грамм) мағзи тухми кадуро бихўранд, лоғарии гурдаро бартараф мекунад.
  4. Мағзи чормағзро бо асал мураббо карда бихўранд, гурдаи лоғарро фарбеҳ мегардонад.

Аз китоби «Гулчин аз Тибби Мавлавӣ»

 

 

Мақолаи гузашта

Гурда: дард ва дармони он

Мақолаи навбатӣ

Одатҳое, ки ба гурда зарба мезананд.

user

user

Мақолаи навбатӣ
Одатҳое, ки ба гурда зарба мезананд.

Одатҳое, ки ба гурда зарба мезананд.

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ