• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Одатҳое, ки ба гурда зарба мезананд.

от user
в Бемориҳои гурда ва масона
0

Гурда вазифаҳои масъулиятнок, аз қабили поксозии хун аз токсину микроб ва сироятҳо, танзими меъёри обу намак дар организм, эътидоли фишори хун ва ғайраро иҷро мекунад. Мутаассифона, мо бисёр вақт надониста ба ин узви серфаъолият  зарба мезанем. Агар хоҳем, ки гурдаҳоямон солим бимонанд, бояд аз ин одатҳои бад даст кашем.

  1. Алкогол ва тамоку. Дер боз табибон исбот кардаанд, ки истеъмоли машруботи спиртӣ ва тамокукашӣ ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Зеро гурда наметавонад якбора бо миқдори зиёди моддаҳои зарарнок мубориза барад. Ин дар кино аст, ки қаҳрамонон бемалол май менўшанду тамоку мекашанд. Дар асл дилбастагӣ ба алкоголу тамоку душмани саломатӣ ба шумор меравад.
  2. Норасоии хоб. Маҳз шабонгоҳ бофтаҳои гурда таҷдид мешаванд. Агар кас доимо бехобӣ кашад, раванди мазкур пурра нагузашта, боиси вайроншавии фаъолияти гурда мегардад. Аз ин рў дар як шабонарўз 7-8 соат хобидан лозим аст.
  3. Кофеин ба миқдори зиёд. Кофеини таркиби қаҳва, нўшокиҳои энергетикӣ ва чойи аз меъёр зиёд ба чойник андохташуда ба организм, махсусан гурда зарарнок аст. Кофеин хосияти пешобронӣ дошта, ҷисмро беоб мегардонад. Ин боиси вазнинии кори гурдаҳо мегардад.
  4. Камҳаракатӣ. Аксар вақт ҳангоми соатҳо нишаста кор кардан дар гурдаҳо раванди таҳшиншавӣ ба амал меояд. Бо мақсади барқарор кардани ҳаракати муназзами хун ҳар соат каме машқҳои варзиширо ба ҷо овардан лозим аст. Доимо машғул шудан ба машқҳои варзишӣ пайдошавии санг дар гурдаҳоро пешгирӣ менамояд.
  5. Норасоии витамини В6. Бо мақсади фаъолияти аълои гурдаҳо ҳамарўза ба ҳисоби миёна 1,3 милилитр витамини В6 истеъмол кардан лозим аст. Витамини мазкур дар гўшти мурғ, моҳӣ, картошка ва бисёр меваҳо (ғайри ситрусиҳо) мавҷуд аст.
  6. Дурудароз нигоҳ доштани пешоб. Доимо ба вақти тўлонӣ нигоҳ доштани пешоб метавонад боиси норасоии гурда ва нигоҳ дошта натавонистани пешоб гардад. Аз ин рў меъёрро риоя намуда, баъди ҳар 4-5 соат «сабук» шудан лозим аст.
  7. Миқдори зиёди натрий. Манбаи асосии натрий барои инсон намаки ошӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми аз меъёр зиёд истеъмол намудани намак гурда метавонад фаъолияташро пурраву бенуқсон иҷро нанамояд. Меъёри шабонарўзии натрий барои шахси калонсол 5-6 грамм аст. Агар намакро бештар истеъмол кунӣ, зуд ба он омўхта шуда, дигар аз он даст кашидан мушкил мешавад.
  8. Парҳезҳои нозарур. Аз сабаби гуруснагии дарозмуддат равғани бадан об шуда, гурда бе муҳофизат мемонад. Дар натиҷа гурда аз ду ҷониб зиён мебинад. Аз як тараф хунро дуруст филтр карда наметавонад, аз тарафи дигар моддаҳои заруриро наметавонад дастрас намояд.
  9. Зиёд будани сафеда. Сафеда хосияти дар организм мисли чарбҳо ҷамъ ва захира шуданро надорад. Аз ин рў тамоми сафедаҳои зиёдатӣ ва маҳсулоти тақсимшавии он низ сарбориро ба гурда зиёд менамоянд. Агар гурдаҳо саривақт аз уҳдаи берун кардани ин моддаҳо набаромаданд, дар онҳо санг пайдо мешавад.
  10. Кам истеъмол кардани об. Бо мақсади дуруст фаъолият кардани гурдаҳо миқдори кофии обро нўшидан лозим аст. Об баданро аз ҳар гуна моддаҳои нолозим пок месозад. Аз ин рў норасоии об боиси суст фаъолият кардани гурдаҳо мешавад.

 Фароҳамсоз С. Аминиён

 

Мақолаи гузашта

Гурда тибби мавлавӣ

Мақолаи навбатӣ

Дармони санги гурда

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дармони санги гурда

Дармони санги гурда

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ