
Ихтилоли хоб метавонад аломати маъмултарини ихтилоли равонӣ бошад. Дар ин бора равоншиноси рус Михаил Тетюшкин изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи мутахассис, бехобӣ бештар бо бемориҳои гуногуни равонӣ ҳамроҳ мешавад. Мушкилоти хоб бештар дар гирифторони афсурдаҳолӣ (депрессия), ихтилоли изтироб ва инчунин шизофрения дида мешаванд. Духтур таъкид кард, ки вайроншавии реҷаи хоб қариб дар ҳама гуна ихтилоли равонӣ рух медиҳад, бинобар ин, нишонаи мазкурро нодида гирифтан мумкин нест.
Равоншинос қайд кардааст, ки норасоии хоб на танҳо ба ҳолати равонӣ, балки ба кори бадан дар маҷмӯъ таъсир мерасонад. Хоби нокифоя ё халалдор метавонад ба системаи дилу рагҳо, тавозуни гормоналӣ ва узвҳои ҳозима таъсири манфӣ расонад. Барои кам кардани хатари мушкилоти равонӣ, мутахассис тавсия дод, ки дар як шабонарӯз на камтар аз ҳафт то ҳашт соат хоб бояд кард.
Қаблан равоншинос Дмитрий Исмоилов низ ба алоқа доштани хоб бо вазъи саломатӣ ишора карда буд. Вай иброз доштааст, ки хобҳои мунтазами шабона метавонад нишонаи ихтилоли гуногун, аз ҷумла афсурдаҳолӣ ва бемориҳои дил ва рагҳо бошад. Хобҳои ташвишовар аксар вақт дар пасманзари
стресс, низоъ ва фишори эмотсионалӣ, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, рўй медиҳанд.
С.Наҷмиддинзода



