• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ҷигар ва бемориҳои он

от user
в Бемориҳои эндокринӣ
0

Мусоҳиба бо сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Роғун Қурбоналӣ Хайриддинов доир ба бемории ҷигар, оқибатҳо ва муолиҷаи он.

-Ҷигар дар организми инсон чӣ нақшро мебозад ва чӣ тавр ба маризӣ гирифтор мегардад?

— Ҷигар яке аз узвҳои асосии организм буда, дар ковокии шикам, дар тарафи рости бадани инсон ҷойгир аст. Вазифаҳои ҷигар гуногун аст. Аз ҷумла вазифаи асосии он ҳамчун “лабораторияи ҷисми инсон” ҳазмкунандаи ғизо, безараргардонии моддаҳои зарарнок дар бадан, хун ва ғайра мебошад. Ин беморӣ аз ҷумлаи бемориҳои вазнин буда, табобати саривақтиро талаб мекунад. Беаҳамиятию табобат накардан, тақрибан 20 ё 30 фоизи беморонро ба оризаҳои вазнини ҷигар ё ба саратони ҷигар оварда мерасонад. Ҳоло гирифторони ин намуди беморӣ (яъне дорандаи вирус) дар байни аҳолии рўи замин тақрибан 450-500 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо асоси манбаи сироят мебошанд.

— Кадом вирусҳо бевосита ба вайроншавии кори ҷигар сабаб мешаванд, аломатҳои ин беморӣ чӣ гуна аст?

— Вирусҳои В ва С ба иллатрасонии ҷигар майл доранд. Афзоиши вирусҳо бевосита дар ҳуҷайраи ҷигар баъд аз ворид шудан ҷараён мегирад. Вирусҳо метавонанд берун аз ҳуҷайраҳои ҷигар низ афзоиш ёбанд.Баъд аз ворид шудани вирус аксар гирифторони ин маризӣ солҳои тўлонӣ аз бемории худ пай намебаранд, аммо аз эҳтимол дур нест, ки дар онҳо якбора аломатҳои вазнини гепатит пайдо шавад.

— Ин маризӣ давраҳо ва аломатҳои махсуси худро дорад, оқибати ин беморӣ ба чӣ анҷом меёбад?

— Давраи ниҳоӣ аз 14 то 180 рўз (ба ҳисоби миёна 35 то 60 рўз) давом меёбад. Давраи саршавии беморӣ бошад, гуногун аст. Баъзан ин намуди маризӣ дар шакли бемории зуком, тарбод, илтиҳоби шадиди меъда сар мешавад. Аломатҳои асосии саршавии беморӣ камқувватӣ, сустшавии иштиҳо, қайкунӣ ва ғайра мебошад.

Баъд аз 2 ё 3 ҳафтаи беморӣ пўст зард мешавад. Дар баъзе маризон пўст зард намешавад. Баъд аз пайдошавии зардӣ нишонаҳои камқувватӣ, гум шудани иштиҳо, дард дар атрофи шикам зиёд мешавад. Мумкин аст, ки бемор гирифтори хориши пўст ва қайкунӣ низ шавад. Дар ҳолате ки пўст зард намешавад, ташхис дар асоси нишондодҳои лабораторӣ, яъне баландшавии ферментҳо муайян карда мешавад. Беморӣ метавонад бо сиҳатшавӣ анҷом ёбад ва ё ба оризаҳои шадид, монанди заъфи фаъолияти ҷигар ё ба давраи бемории даврааш аллакай гузашта анҷом ёбад. Агар вирусҳоро пурра бартараф накунед, пас аз чанд сол ба бемории сиррози ҷигар ва ё саратони ҷигар гирифтор шуданатон мумкин аст.

— Пас гирифторони ин маризӣ, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, барои халос шудан аз беморӣ кадом корҳоро иҷро намоянд?

— Гирифторони ин маризӣ бояд зери назари табибон қарор дошта бошанд. Бояд ғизоҳои тезҳазмшаванда истеъмол намоянд. Истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ, кашидани сигор, нос қатъиян манъ аст. Ғизоҳои серравған низ ба чунин беморон тавсия дода намешавад. Аз кори ҷисмонӣ низ бояд худдорӣ кунанд.

Истифодаи ҳар гуна гепатопротекторҳо ва табобати халқӣ, ки фаъолияти ҷигарро беҳтар мекунанд, мумкин аст, лекин онҳо вирусро бартараф намекунанд. Тибби муосир маводи самараноки зиддивирусӣ дорад, ки онҳо метавонанд 90 фоизи вирусҳоро бартараф намоянд.

Шахсоне, ки дар таҳлили хунашон вируси В ва С муайян шудааст, бояд ҳатман ба табибони сироятшинос муроҷиат намоянд.

Суҳбатнигор Зебо Давлатзода

Мақолаи гузашта

Донистан хуб аст

Мақолаи навбатӣ

Зарари нўшобаҳои газдор ба гурда

user

user

Мақолаи навбатӣ
Зарари нўшобаҳои газдор ба гурда

Зарари нўшобаҳои газдор ба гурда

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ