
Дар кишвар лоиҳаи густурдае бо унвони “Миллати солими Тоҷикистон” амалӣ мешавад, ки 17 январи соли 2024 оғоз ёфт ва анҷомаш 31 декабри соли 2028 дар назар аст. Аҳамияти лоиҳа дар беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, самтҳо, масоили фарогир ва ҷараёни татбиқи онҳо муҳтавои мусоҳибаи маҷаллаи “Даво”- ро бо мутахассиси лоиҳа оид ба омўзиш Дилшода ҚАЮМОВА ташкил дод.
— Дар ибтидои суҳбат мухтасар аз муҳтавои лоиҳа мегуфтед, ки он ба чӣ хотир таҳия гардид?
— Татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар радифи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ аз ҷониби роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ қадами ҷиддие ба пеш хоҳад шуд. Он ду самти муҳими соҳаи тандурустиро фаро мегирад. Якум, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонии кумаки аввалияи тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ.
Дувум, тақвияти иқтидори миллӣ оид ба омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ. Яъне тақвият додани омодагии муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ҷиҳати пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, то ки дар вазъиятҳои эпидемиявӣ сари вақт ва босамар тадбирҳои муассир роҳандозӣ шаванд.
Лоиҳаи мазкурро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кумаки молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда истодааст, ки аз роҳбарияти Бонки мазкур ва шарикони рушд барои чунин дастгирӣ сипосгузорем.
— Шумо шаҳру навоҳии таҷрибавӣ гуфтед. Лутфан, онҳоро номбар кунед. Ҳамчунин ҷолиб аст, ки дар онҳо кадом тадбирҳои нақшавии лоиҳа пиёда карда мешаванд.
— Баланд бардоштани сифати кумаки аввалияи тиббӣ тавассути тақвияти муассисаҳои КАТС сурат мегирад. Аз ҷумла:
• рушди захираҳои инсонӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос;
• беҳсозии инфрасохтор ва таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тиббии маҳаллӣ.
Лоиҳа дар 25 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла дар 10 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон (Данғара, Ҷ.Балхӣ, Хуросон, Балҷувон, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Леваканд, Бохтар ва Норак), 3 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ (Сангвор, Шаҳринав ва Рашт), 3 ноҳияи ВМКБ (Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнон), 8 шаҳру навоҳии вилояти Суғд (Айнӣ, Ашт, Бустон, Деваштич, Истаравшан, Мастчоҳ, Панҷакент ва Шаҳристон) ва шаҳри Душанбе.
— Омўзиши табибон ва ҳамширагони шабакаи КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ аз рўи ихтисоси «Тибби оилавї» аз самти умдаи лоиҳа маҳсуб меёбад. Чаро маҳз ба ҳамин масъала таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд?
— Дар раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ гузариш ба системаи нави хизматрасонӣ аз рӯйи принсипи тибби оилавӣ, дар ҳолате ки як мутахассис метавонад якчанд мутахассисонро иваз намояд (духтури кӯдакона, духтури бемориҳои дарунӣ, духтури амрози занона), инчунин баҳри кам кардани муроҷиати аҳолӣ ба мутахассисони дигар соҳаҳои маҳдуд аз рӯйи мушкилоти назаррас идома дорад.
Ҳамчунин, бо назардошти таҷрибаи дигар мамлакатҳо барнома ва модулҳои калидӣ, ба монанди тандурустии ҷамъиятӣ, муносибатҳои байниҳамдигарӣ, мушкилоти гендерӣ, ҳолатҳои гендерӣ, ҳолатҳои фавқуллода, назорати калонсолон, кӯдакон, занони қобили таваллуд, бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, бемориҳои чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, равоншиносиро дар бар мегирад.
Мақсади асосии барномаи таълимии давраи тахассусгирии аввалия аз рӯйи ихтисоси тибби оилавӣ ин омодасозии мутахассиси амалияи умумии тиббӣ мебошад, ки дониши амиқ ва малакаи васеъ дошта, нақши омилҳои иҷтимоӣ, равонӣ ва биологии саломатӣ ва бемориро ба инобат мегирад. Барнома дар шаклҳои гуногуни таълим гузаронида мешавад, аз ҷумла лексияҳо, машғулияти амалӣ, семинарҳо, худтайёркунӣ ва имтиҳон.
Агар оддӣ карда гӯем, вақте дар деҳот беморе ба муассисаи КАТС меояд, набояд мутахассиси заруриро наёфта, ночор ба маркази ноҳия, шаҳр ё пойтахти кишвар равад. Он мутахассисоне, ки аз курсҳои шашмоҳаи омӯзишии лоиҳа мегузаранд, ба қавле “табибони универсалӣ” мешаванд ва мушкили чунин корафтодаҳоро дар муассисаи тиббии маҳалли зисташ осон мекунанд. Ғайр аз ин, тибқи лоиҳа муассисаҳои деҳот барои ташхису табобат бо таҷҳизоте таъмин карда мешаванд, ки барои ташхиси зинаи аввал ва расондани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ заруранд. Ҳамчунин, сохтмону таъмири чанд муассиса дар лоиҳа ба назар гирифта шудааст.
— Ба барномаҳои омўзишии шашмоҳа киҳо фаро гирифта мешаванд ва таҳсил чӣ гуна сурат мегирад?
— Фарогирӣ ба омӯзиш бо пешниҳоду дархости роҳбарияти шабакаи муассисаҳои КАТС, назардошти норасоии кадрӣ ва хоҳиши мутахассисони соҳаи маҳдуд, педиатр, терапевт, акушер — гинеколог ихтиёрӣ сурат мегирад. Дар давоми моҳҳои омӯзиш тибқи талабот ва асноди меъёрию ҳуқуқии таълим мутахассисон аз кор озод карда мешаванд.
Қисми аввали рӯз шунавандагон фаъолияти таҷрибавии худро сайқал дода, дар нимаи дуюм бошад, дар семинару лексияҳо иштирок менамоянд. Бо дархости роҳбарияти муассисаи тиббӣ дар баъзе мавридҳо шунавандагон метавонанд қисми таҷрибавиро дар ҷойи кории худ гузаронанд.
Ҳамин тавр, тавассути 24 модул табибони шабакаи КАТС ва 18 модул кормандони миёнаи тиб омӯзонда шуда истодаанд. Дар ҷараёни он масъалаи фаъолияти мутахассисони тибби оилавӣ ҷиҳати пешгирии беморӣ афзалият дорад. Дар семинарҳо ва машғулиятҳои амалӣ ҳолатҳои бештар дучоршаванда, амали мутахассисони тибби оилавӣ, яъне ошкорсозӣ, ташхис, табобат ва гузаронидани тадбирњои барқароркунӣ баррасӣ мегарданд. Бо мақсади самаранокии таълим пеш аз оғози ҳар модул дониши заминавии бозомӯзон, мушкилоти тахассусии онҳо муайян карда мешавад.
— Зимнан, барномаҳои омўзишӣ аз ҷониби киҳо таҳия шуданд? Омўзгорон-тренерон аз муассисаҳои тиббии худи ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд ё аз хориҷа низ ҳастанд?
— Барномаҳоро мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ва кафедраи тибби оилавии Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ таҳия ва бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқа намуда, Вазорати маориф ва илм онҳоро тасдиқ кардааст. Як нуктаро махсус таъкид карданиям. Аз ҳолат ва фаъолияти КАТС сифат ва самараи фаъолияти ҳама соҳаи тандурустӣ, нигоҳдории иқтидори меҳнатии давлат, инчунин масъалаҳои иҷтимоӣ дар сатҳи оила ва гурӯҳҳои осебпазир вобаста аст. Яъне тамоми пешрафти давлату рушди миллат аз солимии аҳли ҷомеа ва ҳифзу таҳкими он маншаъ мегирад. Аз ин сабаб, омӯзиши мутахассисони тибби оилавӣ, такомули муттасили касбии онҳо зери назорати қатъии роҳбарияти вазорати тандурустӣ мебошад. Зимнан, Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ҳар 5 сол аз комиссияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, соҳиби Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мегардад.
Дар ҷавоб ба саволи дигаратон гуфтаниям, ки алҳол ниёз ба даъвати мутахассисони хориҷӣ нест, зеро он нафароне, ки бо муҳассилин машғулият мегузаронанд, дорои дараҷаи баланди касбӣ буда, аз ҳамтоёни хориҷии худ ҳеҷ камие надоранд.
— Боиси ифтихор аст ин. Аз оғози пиёдасозии лоиҳа якуним сол гузашт. Натиҷаҳои ҳосилшуда то чи андоза умедбахшанд?
— Дар ин муддат бори дигар ҳақиқати оддӣ, аммо хеле муҳим собит гашт: дар таҳкими солимии миллат чеҳраи барои ҳамаамон ошною азиз — табиби оилавӣ, ки дар ҳолати худ ё фарзандамон каме таб кардан ё бемор шудан аввал аз вай ёд меорему наздаш бо умеди шифо меравем, ба мадди аввал мебарояд. Махсусан дар деҳот. Яъне дар хатти пеши ҷабҳаи мубориза барои солимии мардуми кишвар маҳз табиби оилавӣ торафт нақши муҳим мебозад, то ки беморӣ сари вақт даво карда шаваду бемор аз доираи маҳалли зист берун набарояд. Ва мо вазифадорем, ки ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ кунем: ҳам аз ҷиҳати шароити кор, ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам моддию маънавӣ. Ва ҳадафи асосии лоиҳа низ маҳз ҳамин аст.
Акнун чанд рақам аз ҷараёни татбиқи лоиҳа ва натиҷаи курсҳои омӯзишӣ. Дар давоми якуним сол 508 корманди тиб дар курсҳои 6 — моҳа омӯзонида шуданд, ки аз ин 145 нафар табиб ва 363 нафар корманди миёнаи тиббӣ мебошад.
Дигар ҷиҳати назаррас воқеан баланд шудани сатҳи дониши таълимгирандаҳост. Ҳамчунин, ҳар кадоми онҳо соҳиби борхалтаҳои тиббӣ гаштанд, ки барои тақвияти фаъолияти минбаъдаашон муҳим аст. Марказҳои тибби оилавӣ бошанд, бо таҷҳизоти компютерӣ, адабиёт ва маводи таълимӣ таъмин карда шуданд.
Илова бар ин бояд таъкид намуд, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳа зиёда аз 40 маркази саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳот таъмир ва навсозӣ карда мешавад.
— Тавре аз нақлатон бармеояд, дар марҳилаи аввал натиҷаҳои пиёдасозии лоиҳа дар ҳақиқат хурсандибахшанд. Лекин чуноне мегўянд, танҳо дар ҷое камбудӣ нест, ки кор нест. Дар ҷараёни ташкили таҳсили табибону кормандони миёнаи тиб чӣ мушкилот ба миён омад, ки рафъи онҳо самараи лоиҳаро афзун месозад?
— Аслан гирем, ягон мушкили воқеан ҷиддӣ ба мушоҳида нарасид. Лекин баъзе масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд. Як мисол меорам. Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояту ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 зерсохтор дорад. Дар 2 маркази тибби оилавӣ хобгоҳ ҳаст. Аз сабабе, ки кормандони тиб аз ноҳияҳои гирду атроф дар ин марказҳо омада мехонанд, барои онҳо шароити хубу мувофиқ барои зист ва таълим бояд бошад, аммо намояндагиҳои марказ, ки дар ноҳияҳо ҷойгир шудаанд, дар тавозуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нестанд. Аз ин лиҳоз, барои таъмири инфрасохтори ин марказҳо мушкилот ба вуҷуд меояд. Барои ин хуб мешуд, ки ҳукуматҳои маҳал дар масъалаи ҳуҷҷатгузории муассисаҳои таълимии тиббӣ мусоидат кунанд.
Омӯзиши табибони оилавӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳукумати маҳаллӣ низ мемонад. Бовар дорем, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ низ дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ табибони оилавиро ҳатман дастгирӣ мекунанд, зеро масъалаи ҳифзи солимии аҳолӣ “кори ману ту” нест, ба он ҳама масъулем.
— Комилан дуруст. Дар татбиқи лоиҳаи ҳаётан муҳими “Миллати солими Тоҷикистон ” барор мехоҳем.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,
«Даво»



