• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Истиқлолият: низоми нави назорат дар соҳаи тандурустӣ

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Истиқлолият – маҳаки иқдомҳои созанда

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ба 9 сентябр рост меояд ва имсол мардуми шарафманди тоҷик 35-солагии онро таҷлил менамоянд, падидаест шоиставу ибратбахш ва омӯхтанӣ, зеро дар як муддати барои таърихи башар кӯтоҳтарин он на танҳо аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт, балки дастовардҳои назаррасу дурахшонеро ба даст овард.

Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, ҳаёти озодонаи ҳар як фарди кишвари азизамонротаъмин менамояд.

Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо қайд намудаанд, ки Истиқлолият – ин рамзи соҳибдавлатӣ, ватандории миллати сарбаланди мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо менамояд.

Имрӯз парчами миллии Тоҷикистони озод дар сафи парчамҳои бузургтарин кишварҳои олам дар саҳнаҳои байналмилалӣ парафшон аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои онро дар саросари олам мешиносанду арҷ мегузоранд ва эҳтироми хоса ба Сарвари он доранд. Пешвои миллати мо низ бо ташаббусҳои бунёдкоронаю созанда ва иқдомҳои тақдирсози башарӣ на танҳо давлати моро ободу зебо ва дӯстдоштанӣ мегардонанд, балки дар раванди ҷаҳонии бунёдкориву созандагӣ саҳми арзанда ва назаррас гузошта, обрӯ ва нуфузи байналмилалии мамлакатамонро рӯз то рӯз боло мебардоранд. Ба шарофати сиёсати дурусти башардӯстонаву сулҳпарварона ва дастовардҳои беназире, ки имрӯз халқи тоҷик ба онҳо пайваста ноил мегардад, ҷумҳурии мо ва Пешвои хирадпешаи он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта мешаванд.

Маҳз, самараи истиқлол буд, ки Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро барои ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст ва мо бояд аз ин ифтихор намуда, барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Бояд таъкид намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави таърихиро дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар боз намуд.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ сохтори назоратиест, ки маҳз дар даврони истиқлолият ташкил гардида, тамоми зинаҳои ҳуқуқии фаъолияти он дар ин солҳо тарҳрезӣ шуданд. Дар ин давра чун яке аз самтҳои муҳим дар соҳаи тандурустӣ низоми нави миллии танзим, назорат ва таъмини сифати доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ, назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба миён омад.

Соли 1992 дар дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ сохторҳои нав -Сарраёсати назорати давлатии сифати маводи доруворӣ, Кумитаи фармакологӣ ва Кумитаи фармакопеӣ таъсис дода шуданд. Соли 1996 Маркази илмии давлатии экспертизаи доруҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон ташкил гардид. Баъдан, маркази мазкур ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва соли 2017 ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табдил дода шуд.

Назорате, ки солимии мардумро ҳифз мекунад

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назорати давлатии фаъолияти тиббию фармасевтӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро роҳандозӣ менамояд.

Яке аз самтҳои калидии фаъолияти Хадамот бақайдгирии давлатии дорувории истеҳсоли ватанию хориҷӣ, ашёи хоми доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, ғизои кўдакона, истеҳсол, фурўш ва аз муомилот бозпас гирифтани маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои таъсири табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда ва ғизои кўдакона мебошад.

Назорати фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон бобати таъмини сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд, вазифаи дигари Хадамот маҳсуб меёбад.

Ташкили таҳияи стандартҳо ҷиҳати расондани кумакҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, экспертизаи хизматрасонии босифати тиббӣ самти дигари кори Хадамот буда, назорати сифати хизматрасониҳои ташхисӣ — озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои ташхиси вазифавӣ, томографияи компютерӣ, томографияи магнитии резонансӣ, ташхиси фаросавтӣ, рентгенӣ ва ғайра низ аз фаъолияти доимии кормандони он мебошад.

Ҳамчунин, Хадамот дар баробари бо мақомоту ташкилот ва муассисаҳои дахлдор ҳамкории ногусастанӣ доштан ҳамчун пойгоҳи таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббӣ ва фармасевтӣ дар тарбияи мутахассисони соҳа нақши бориз мебозад.

Бояд махсус таъкид кард, ки бо ҷорӣ шудани низоми рақамӣ қабули муроҷиати шаҳрвандон осон гардида, онҳо метавонанд фикру андешаҳои худро оид ба сифати хизматрасонии тиббӣ иброз доранд. Бо чунин тамос бо шаҳрвандон мушкили кор ва камбудиҳои соҳа ба осонӣ бартараф хоҳад шуд.

Хулоса, самти фаъолияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ васеъ буда, кормандони соҳа сар аз Дастгоҳи марказии Хадамот, Сарраёсати Хадамот дар вилояти Суғд, Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон, Раёсати Хадамот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз пайи иҷрои рисолати касбии хеш мебошанд.

Таҷҳизоти муосири санҷишӣ — гарави сифат

Рушди низоми назорат бе заминаи муосири лабораторӣ имконнопазир аст. Бояд гуфт, ки солҳои аввали ташаккули низоми миллии назорати тандурустӣ барои таъсиси озмоишгоҳҳо, беҳтар намудани шароити корӣ ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти санҷишӣ тадбирҳои пайваста амалӣ гардиданд.

Аз ин рӯ, дар раванди рушди низоми миллии назорати сифати дору Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ» — и Хадамот мақоми хосаро касб намудааст. Фаъолияти ин ниҳод ба гузарондани санҷишҳои сифати маводи доруворӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, маводи безараргардонӣ, маҳсулоти дигари дар доираи ваколаташ муқарраршуда ва омода намудани маълумоти дахлдор оид ба сифати онҳо равона гардидааст.

Соли 2002 зарурати ҷиддии навсозии пойгоҳи моддию техникии озмоишгоҳ ба миён омад. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва дар доираи Лоиҳаи ислоҳоти низоми тандурустии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ мешуд, соли 2005 ба озмоишгоҳ як қатор таҷҳизоти муосири санҷишӣ дастрас гардид. Дар солҳои минбаъда бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда раванди муҷаҳҳазсозии озмоишгоҳҳои соҳа марҳила ба марҳила идома ёфта, 5 адад озмоишгоҳи самти экспертиза ва санҷиши сифати маҳсулоти фарматсевтӣ ва тиббӣ зиёд гардид.

Яъне, агар дар марҳилаҳои аввал, асосан, санҷишҳои физикию химиявӣ анҷом дода мешуданд, баъдан барои гузарондани санҷишҳои микробиологӣ ва бактериологӣ низ барои кормандони соҳа шароит фароҳам оварда шуд. Ин гуна санҷишҳо нахуст дар озмоишгоҳи марказӣ ва баъдан дар озмоишгоҳҳои минтақавии шаҳри Бохтар ва вилояти Суғд низ роҳандозӣ гардиданд.

Аз хроматографи SHIMADZU то омӯзиш дар хориҷа

Бояд гуфт, ки давраҳои босуръати рушди озмоишгоҳҳо ба истифодаи усулҳои муосири таҳлил ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ пайвастагии ногусастанӣ дорад. Соли 2019 дар озмоишгоҳи марказӣ хроматографи газии истеҳсоли SHIMADZU насб гардид ва барои тарзи истифодабарии он 5 мутахассис ба омӯзиш ҷалб шуданд.

Моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 омӯзиши талаботи амалияи муносиби озмоишгоҳӣ баргузор гардид, ки зиёда аз 25 мутахассиси озмоишгоҳҳои Хадамот иштирок намуда, соҳиби сертификат шуданд. Солҳои 2019-2024 кормандони озмоишгоҳҳо дар барномаҳои омӯзишӣ ва мубодилаи таҷриба дар кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва Туркия ширкат варзиданд.

Аз ҷумла, дар солҳои 2019-2024 дар маҷмӯъ, 12 мутахассиси озмоишгоҳи марказӣ ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия сафар намуда, бо равандҳои истеҳсолӣ, усулҳои муосири санҷиши сифат, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ва усулҳои спектрофотометрӣ ва хроматографӣ ошно шуданд. Таҷрибаи андӯхташуда дар озмоишгоҳҳои марказӣ ва минтақавӣ имрӯз татбиқ гардида истодааст.

Ҳамкориҳо натҷҷа доданд…

Дар доираи ин ҳамкориҳо мутахассисони соҳа дар семинарҳо, тренингҳо ва барномаҳои такмили ихтисос ширкат варзида, дониш ва таҷрибаи андӯхтаашонро дар самтҳои бақайдгирии давлатии доруҳо, назорати сифат, фаъолияти инспексионӣ, амалияҳои муносиби истеҳсолӣ ва лабораторӣ, инчунин назорати фармакологӣ амалӣ месозанд.

Таҷриба ва омӯзиши мутахассисони озмоишгоҳҳо бо иштироки USP ва USAID, инчунин таҷрибаомӯзии мутахассисон дар муассисаҳои хориҷӣ, ки дар боло зикр гардиданд, намунаи равшани ин раванд мебошанд.

Рушди дорусозӣ ва муассисаҳои фармасевтӣ

Натиҷаҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2021-2025 гувоҳи он аст, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ дар самти дорусозӣ низ бемайлон аст. То қабули Барнома дар ҷумҳурӣ 38 корхонаи истеҳсоли дорусозӣ фаъолият дошта, 403 номгӯи дору ва маҳсулоти тиббӣ истеҳсол мешуд. Дар натиҷаи амалисозии Барнома шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ба 71 адад ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаи фармасевтӣ ба 634 номгӯй расидааст.

Солҳои 2021-2025 ба КВД «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ» ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳои Хатлон ва вилояти Суғд буда 58 номгӯи таҷҳизот, молу реагентҳои ташхисӣ ва дигар воситаҳои зарурии лабораторӣ ба маблағи умумии 4 миллиону 929 ҳазору 940 сомонӣ дастрас гардид, ки дар оянда он имкониятҳои гузарондани санҷишҳо ва таъмини эътимоднокии натиҷаҳои лабораториро боз ҳам беҳтар тақвият медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 400 дорухона ва 1 корхонаи истеҳсолии доруворӣ фаъолият мекард, то соли 2026 бошад, шумораи муассисаҳои фарматсевтӣ ба 3500 адад расиданд. Моҳи майи соли равон барномаи нави рушди фармасевтика барои солҳои 2026-2030 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул карда шуд, ки итминон дорем, он ҷаҳиши бузурге дар рушди истеҳсолоти ватанӣ хоҳад шуд.

Бо дилпурию эътимод метавон хулоса кард, ки дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз марҳилаи ташаккули ниҳоди миллӣ то ба сатҳи татбиқи талаботи муосири байналмилалӣ расида, дар таҳкиму ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини бозори фарматсевтӣ бо маҳсулоти босифату бехатар саҳми шоиста мегирад.

Дар интиҳо бо истифода аз минбари маҷаллаи “Даво” кулли ҳамватанон ва ҳамкасбонро ба муносибати 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил ва бо эҳсоси баланди ифтихору шарафмандӣ табрику муборакбод менамоям!

Бигзор ҷашни муқаддаси Истиқлолият барои ҳар як фарди кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва дар кору пайкорашон комёбиҳои беназир оварад. Ҳар рӯзашон пур аз фараҳу шодӣ бошад!

Поянда бод Истиқлолият ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Султон Бекмуродзода,
сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Мақолаи гузашта

«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

Мақолаи навбатӣ

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

user

user

Мақолаи навбатӣ
Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ҷамолиддин Абдуллозода дар Саммити ҷаҳонии сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон суханронӣ намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода дар Саммити ҷаҳонии сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон суханронӣ намуд

23.10.2026
«Қотили хомӯш»: Эҳтиёт аз дуди ангишт

«Қотили хомӯш»: Эҳтиёт аз дуди ангишт

21.10.2026
Ҷаласаи минтақавӣ оид ба омодасозии мутахассисони тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ баргузор гардид

Ҷаласаи минтақавӣ оид ба омодасозии мутахассисони тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ баргузор гардид

20.10.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ