
Дар ин синн организми тифлон қуввати ҳазми ҳар гуна ғизоро надорад. Аз ин рӯ, коршиносон падару модаронро пайваста таъкид мекунанд, ки дар ин масъала бепарво нашуда, ба фарзандашон танҳо ғизои солими сабукҳазм диҳанд. Педиатрҳо ба кӯдакони то сесола ин ғизоҳоро манъ мекунанд:
- Ҳасибу ҳасибча
- Гӯшти гӯсфанд
- Харбузаю ангур (шикамро дам кунонда, ба ғадуди зери меъда фишор меоранд).
- Яхмос (ба миқдори зиёд қанд, равған ва иловаҳои зарарнок дорад, ки аллергия меангезанд).
- Асал (агар кӯдак аллергияи ғизоӣ дошта бошад)
- Торт, конфет, шоколад ва дигар шираворӣ
- Нушокиҳои газдор
- Какао
Рӯйхат бо ин тамом намешавад. Дар ёд дошта бошед, ки то яксолагӣ ба кудак помидор зарар дорад (ба гурдаҳо зӯр меорад). Танҳо баъди 1,5-солагӣ каме сирпиёз, пиёз, қаранфули булғорӣ метавон дод.
То 2-солагӣ помидору бодиринги намакӣ (бинобар бактерия доштан) ва чормағз (аллергени сахт) надиҳед.
Қаҳва танҳо баъди 10–12 сола шудани фарзандатон мумкин, ҳамон ҳам баъзан ва ҳамагӣ як финҷон. Ба кӯдак сухариҳои намакӣ, чипс, картошкаи фри, гамбургер ва дигар фастфуд додан мутлақо мумкин нест.
Тибқи тавсияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ба кӯдакони то дусола набояд шакар дода шавад. Аз сесолагӣ на зиёда аз 15 г, дар 4-6-солагӣ то 20 грамм мумкин. Дар таркиби шарбатҳо, пюре, печенйе, кетчупҳо мавҷуд будани шакарро фаромӯш накунед. Шакари зиёд сатҳи глюкозаро дар хун якбора баланд мебардорад, баъд якбора заъфи қувват, димоғсузӣ, ғашёни кӯдак, мушкилоти фикрӣ ва ширинихоҳии вай ба амал меояд. Агар шумо тавсияҳои болоро риоя карда, ба кӯдакатон ғизои солим диҳед, ба мушкилоти номбурда дучор нахоҳед шуд.
Таҳияи Мадинаи ДАВЛАТ



