
Ғизои кӯдакон бояд солим ва гуногун бошад, аммо бисёре аз волидон ба онҳо ҳамарӯза таоми маъмулӣ дода, дар фикри дарёфту истифодаи ғизоҳои ғайримуқаррарии бомаззаю фоиданок нестанд. Аз ин рӯ, мо ба модарон ба тариқи тавсия чанд ғизои нав барои фарзанди хурдсолашон пешниҳод мекунем.
Аз рӯйи гуфтаи табибон, чормағз, бодом, фундуки заминӣ (арахис), кеш бо вуҷуди сафеда, витамини Е, калий ва оҳан доштан, яъне ба организм хеле муфид будан метавонанд ангезандаи аллергия шаванд. Лекин тибқи таҳқиқоти охирини Академияи аллергия, зиққи нафас ва иммунологияи ИМА онҳоро ба кӯдакон баъди 6 — моҳагӣ кам-кам додан бехавф аст. Ин ҷо мушкили дигар ҳаст: ҳатто кӯдакони яксола онҳоро бинобар сахтияшон хӯрда наметавонанд. Вале илоҷаш ҳаст ин корро, масалан, гирем чормағзро. Аз он метавонед хамира тайёр кунед, ки ба тифлатон, албатта, пи-санд меояд.
ТАРЗИ ТАЙЁР КАРДАНИ ХАМИРАИ ЧОРМАҒЗ
Як миқдор чормағзро дар варақи пухтупаз (фолга) як қабат чинда печонед ва дар тафдон дар 180 дараҷа гармї 25 дақиқа таф диҳед. Баъд пўсташро људо намуда, дар блендер орд кунед. Сипас каме асал андохта, лат диҳед, ҳамзамон бо қошуқ каме об рехта. Чун хамира табъи дилатон шуд, ба бонка гиред ва дар яхдон гузоред. Онро чанд ҳафта нигоҳ доштан мумкин аст.
Ин ғизо аҷоиб хушхӯру зудҳазм буда, бо он кӯдакатон хурсанд мешавад. Аз бодому фундуку арахису кеш низ ба ҳамин тарз хамира таҳия кардан мумкин аст. Рӯзҳои аввал ба кӯдакатон хамираи чормағзро ба қадри нӯги қошуқча диҳед. Чун дидед, ки ягон аломати аллергия пайдо нашуд, минбаъд миқдори онро ба ним қошуқча расонеду дар рӯйи нон тунук молида диҳед.
Мадинаи ДАВЛАТ, “Даво”



