
Маркази ташхисиву табобатии «Насли солим» яке аз муассисаҳои бонуфузи хусусии вилояти Суғд ба шумор рафта, мақому мавқеи сазоворро касб кардааст. Бино ба иттилои муассис ва роҳбари ин Марказ Шоҳина Гадойбоева, ҳанӯз соли 2020 бо мақсади расонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хусусан, кӯдакону навзодон Маркази мазкур дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт. Дар оғози фаъолият самти асосии он ташхису муолиҷаи бемориҳои кӯдакона ба ҳисоб рафта, духтурони ботаҷрибаи бачагона ба Марказ ҷалб карда шуданд, зеро ҳадафи асосӣ аз ташкили ин Марказ, пеш аз ҳама, дастрасӣ ба ташхису табобати пурраи кӯдакон ба ҳисоб меравад. Дар ин Марказ равоншинос, логопед, асабшинос, гематолог, мутахассиси бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ, амрози дарунӣ, ҳассосиятшинос, сироятшинос, эбиотерапевт, яъне муайянсозии то даҳ намуди аутизм ба кор оғоз намуда, ҳамзамон муолиҷаи маҳсиву варзишӣ ба роҳ монда шудааст.
Бино ба маълумоти Шоҳина Гадойбоева, дар ибтидо Марказ табобатро ба таври рӯзона (амбулаторӣ) ба роҳ монда, давоми як соли фаъолият ба муваффақиятҳо ноил гардид ва сафи муроҷиин хело зиёд гашт. Дар баробари ин маълум гашт, ки мизоҷони зиёди аз шаҳру навоҳии кишвар барои табобат ба Марказ омада на ҳамеша дар шаҳр ҷои хоб ёфта метавонистанд. Аз ин лиҳоз, минбаъд бистарикунонии беморон низ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом ҳамчунин ба тавсеаи муолиҷаи физиотерапевтӣ, варзишӣ ва барқароркунӣ мусоидат намуд.
Тибқи маълумоти муассиси Маркази мазкур ҶДММ “Насли солим” намояндаи расмии ширкати швейтсарии “Phonak Sonova AG” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид ва ҳамакнун бо ифтитоҳи бинои нав ба кӯдакони шунавоияшон паст ташхис ва табобати бемориҳои сурдологиро пешниҳод менамояд. Таъсиси он имкон дод, ки ташхис ва табобати чунин бемориҳо минбаъд дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шавад ва зарурати сафари иҷборӣ ба хориҷи кишвар аз байн равад.
Ҳамчунин, роҳбарияти ширкат бо назардошти дар вилоят афзудани маъюбии кӯдакон корро дар ин самт тавсеа дод. Айни ҳол дар он бемориҳои фалаҷи кӯдакона марҳила ба марҳила табобат карда мешаванд ва беҳтаршавии саломатии онҳо ба чашм мерасад. Дар муассиса муолиҷаи кӯдакон, асосан, бидуни доруворӣ, бо дастгоҳҳои муосир ба таври физиотерапевтӣ сурат мегирад, ки натиҷааш хеле хуб аст.
Аз рӯи барномаи барқарорсозии эрготерапия терапияи ҷисмонии бемориҳои мазкур амалӣ карда мешавад: ҷароҳати таваллудии системаи марказии асаб ва системаи асаби периферӣ ва оқибатҳои онҳо; ДТСП (гемипарез, тетропарез, парапарез, боқимондаҳои шакли апатикӣ); гидротсефалия бо осеби дастгоҳи такягоҳӣ-ҳаракатӣ; микротсефалия бо тетрапарез, парапарез; бемории Даун; зуҳуроти боқимондаи нейроинфексия; зуҳуроти боқимондаи полиродикулоневрит; бемории осеби мағзи сар бо вайроншавии дастгоҳи такягоҳӣ -ҳаракатӣ ва ғайра. Ҳамчунин, барои сулфаи давомдор табобати галатерапия ба роҳ монда шудааст, ки тавассути таҷҳизоти ҳуҷраи физиотерапевтӣ роҳи нафаси кӯдак ба пуррагӣ тоза карда мешавад. Аз ин усули муолиҷа, инчунин занҳои ҳомилае метавонанд истифода кунанд, ки ба онҳо истеъмоли ҳар гуна доруворӣ манъ аст.
— Муассисаи мо намояндаи расмии ширкати швейтсариягии “Phonak Sonova AG” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид ва ҳамакнун бо ифтитоҳи бинои нав ба кӯдакони шунавоиашон паст ташхис ва табобати бемориҳои сурдологиро пешниҳод менамояд. Тавасути ин ширкат ва таҷҳизоти муосир мо беморони шунавоиашон сустро метавонем табобат намоем. Яъне, вақте кӯдаки ношунаво муолиҷа меёбад, дар ҷомеа, албатта, як маъюб кам мешавад. Дастгоҳҳои нави соҳа, ба монанди тимпанометрия ва КСВП, ки асосан барои муайянсозии сатҳи шунавоии кӯдакону наврасон истифода мегардад дар марказ васлу насб гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки тавассути компутер, бе дахолати инсонӣ дараҷанокии шунавоии кӯдак муайян ва табобати он ба роҳ монда шавад, — изҳор намуд ба мо Шоҳина Гадойбоева.
Дар Марказ на танҳо ба кӯдакон, инчунин ба калонсолон ва махсусан ба занон низ хизматрасонии тиббии баланддараҷа ба роҳ монда шудааст. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки сарчашмаи асосии саломатии кӯдак ин модар аст. Дар ин раванд олимони соҳа бар он назаранд, ки ба роҳ мондани табобати экстрагениталии занҳо барои тавлид таъсири калони мусбӣ мерасонад. Яъне занон пеш аз ҳомила ва тамоми давраи ҳомила бояд таҳти назорат ва табобати духтурон қарор гирифта, солимии кӯдак аз батни модар таъмин гардад. Маҳз ин сабаб шуд, ки дар Маркази “Насли солим” марҳилаи дигари фаъолият дар самти ташхису табобати бемориҳои занона ба роҳ монда шавад ва он дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Маркази “Насли солим” бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти аврупоӣ ва дигар кишварҳо таъмин мебошад, зеро талаботи тибби муосир тақозо дорад, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ҳатман таҷҳизоти замонавӣ истифода карда шавад. Ҳамчунин, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони Марказ дар мадди аввал қарор дошта, табибон мунтазам дар кишварҳои хориҷ малакаву маҳорати худро сайқал медиҳанд. “Насли солим” ягона маркази хусусии кӯдакона оид ба хизматрасониҳои амбулаторӣ ва бистарикунонӣ ба ҳисоб рафта, дар оянда роҳбарияти он азми қавӣ дорад, ки намояндагии худро дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ифтитоҳ намояд ва ба ин васила дастрасии тибби муосирро барои ташхису табобати кӯдакону занон фароҳам орад.
Мадина Почоева,
ш. Хуҷанд, вилояти Суғд



