
Оё қоидаҳои санитарии тайёр кардани онҳоро медонед?
Бо фаро расидани мавсими фаровонии меваю сабзавот бештари бонувон мекўшанд, ки анвои мухталифи консерваҳои хонагиро омода намуда, барои фасли зимистон захира созанд. Аммо на ҳама медонанд, ки агар қоидаҳои санитарӣ риоя нашаванд, консерваҳо метавонанд хатарнок ва ҳатто сабаби заҳролудшавии марговар гарданд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд барои пешгирии ҳолатҳои нохуш ба бонувон чанд тавсия медиҳад.
1. Бонка ва сарпўшҳоро хуб шуста, безарар гардонед.Пеш аз истифода ҳар бонка ва сарпӯшро бо оби гарм ва маводи шӯяндаи бехатар (сода) бишӯед. Баъд дар зарфи обдор онҳоро 10-15 дақиқа ҷӯшонед.
2. Танҳо маҳсулоти тару тоза ва бенуқсро истифода намоед. Ҳангоми тайёр кардани мураббо, компот, шарбат, шӯрбодиринг ё дигар анвои консерв, танҳо мева ва сабзавоти солим, накафида ё напӯсидаро истифода баред.
3. Меъёри муайяни гармкуниро риоя кунед.
Ҳар навъи маҳсулот муҳлати муайяни пастеризатсия ва тамъизи (стерилизатсияи) худро дорад:
Компот — 15 дақиқа,
Бодиринг — 20 дақиқа,
Хуришҳои омехта — 30-40 дақиқа.
Гармкунии нокифоя метавонад боиси боқӣ мондани микробҳо гардад.
4. Аз равған ва сиркоҳои бе сертификат истифода набаред. Агар равған ва сирко ба таври ғайрисаноатӣ истеҳсол шуда бошанд, метавонанд дар консерва микробҳои заҳролудро афзоиш диҳанд.
5. Бонкаҳои варамкарда ва бўйнокро ҳеҷ гоҳ истифода накунед. Агар бонка пас аз маҳкам кардан варам кунад ё рангаш дигар шавад, онро ҳатман партоед. Чунки ин нишонаи эҳтимолии заҳролудшавӣ (ботулизм) мебошад.
6. Санаи тайёр шудани консерваро дар рўйи бонка нависед. Муддати нигоҳдории бехатари он то як сол аст. Бонкаҳоро дар ҷойи хунук ва дур аз нури офтоб нигоҳ доред.
7. Пеш аз истеъмол консерваро ҳатман гарм намоед. Хусусан, консерваҳои сабзавотӣ ва омехта бояд пеш аз хӯрдан 10 дақиқа гарм карда шаванд. Ин амал микробҳои эҳтимолиро нобуд мекунад.
ЁДРАС МЕКУНЕМ!
Бемории ботулизм аз бемориҳои бисёр хатарноки сироятист, ки ангезандааш бактерияи Clostridium botulinum мебошад. Агар консерва нодуруст тайёр карда шавад, аз таъсири заҳри ботулинум одам шадидан заҳролуд ва ҳатто ҳалок мегардад. Ин фоҷиаро танҳо бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва гармкунии дуруст метавон пешгирӣ кард.
Бори дигар ёдрас мешавем, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои ботулизм афзуда, дар баъзе ҳолатҳо, мутаассифона, боиси марги шаҳрвандон гардидааст.
АЛОМАТҲОИ БЕМОРӢ:
Дарди шикам, қай ва дилбеҳузурӣ, хушк шудани даҳон, тор кашидани чашмон, дугона дидан, гапзанӣ ва нафаскашии душвор.Агар чунин нишонаҳо дошта бошед, фавран ба духтур муроҷиат кунед!
Ботулизм бемории марговар аст!



