Яке аз бехмеваҳое, ки бо хусусиятҳои шифобахшии худ дар тибби халқӣ маълум аст, лаблабу мебошад. Ин бехмеваро одатан барои табобати камхунӣ, табларза, бемориҳои меъда ва захмҳои обиладор ва дершифоёбанда истифода мебурданд. Имрўзҳо онро ҳамчун воситаи пешоброн, карахткунанда, пешгирикунандаи газак ва воситаи ислоҳовар (слабительное) ба кор мебаранд.
Ҳангоми ба қабзият, бемории ҷигар ва заҳрадон гирифтор шудан дар як рўз 100-150 грам истеъмол намудани лаблабуи ҷўшонидашуда тавсия дода мешавад. Агар онро бо асал омехта карда, истеъмол намоед, пас таъсири он ду баробар зиёд мегардад.
Афшурдаи худи лаблабу низ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Дар тибби мардуми Тибет афшурдаи лаблабуи тару тозаро барои табобати дарди гулў истифода мекунанд. Барои ин лаблабуро аз турбтарошак гузаронида, афшурдаашро дар як истакон гирифта, ба он як қошуқи калон сирко ва як чумча асали зерфун (липовыи мёд) ҳамроҳ намоед. Бо ин маҳлул дар як рўз шаш маротиба гулўро ғарғара ва як қошуқчаи дигар истеъмол кунед.
бо оби лаблабуи пўсташ тоза накарда варами ғадуди бодомшакли гулў (тонзиллит)-ро табобат мекунанд. Барои ин 1 кг лаблабуро гирифта тоза шуста, дар якљоягӣ бо 2-3 муми хонаи занбўри асал онро майда реза карда, дар 2 литр об зери оташи паст ҷўшонед. Муддати як моҳ ҳар шаб пеш аз хоб бо он гулўро чайқонед. Маҳлулро муддати 3-4 рўз дар яхдон нигоҳ доштан мумкин аст. Пеш аз истифода бурдан ба он як миқдор обро илова намоед.
Шахсоне, ки фишори хунашон баланд аст, афшураи лаблабуро бо асал омехта карда, 3-4 маротиба дар як рўз 1/2 истакон пеш аз хўрок нўшанд. Ин намуди табобатро 4 рўз идома диҳед. Инчунин танҳо афшураи лаблабу низ метавонад фишори хунро паст кунад.
Дар тибби халқии мардуми рус барои бартараф намудани дарди асабҳои нисфи сар (мигрень) пахтаро дар афшураи лаблабу тар кунонда, онро ба гўш мегузоранд. Барои шифо бахшидан ба захмҳое, ки дер сиҳат мешуданд, мисли обиласўхта лаблабуи тару тозаро аз турбтарошак гузаронида, рўйи он мегузоштанд.
Ин намуди бехмеваро ҳатто барои табобати бемории саратон низ истифода мебаранд. Дар китоби духтури маљорӣ А. Ференси «Лаблабуи сурх ҳамчун воситаи табобати бемории саратон» омадааст, ки лаблабуи тару тозаи аз турбтарошак гузаронидашуда ва афшураи он дар якҷоягӣ бо шири кирмакро барои 28 нафаре, ки ба бемории саратони меъда, шуш, рўдаи дувоздаҳангушта, пешобдон гирифтор буданд, истифода бурдаанд, ки он натиҷаи хубе додааст.
Мутахассисони Донишкадаи фармакалогии Будапешт тасдиқ карданд, ки таъсири афшураи тару тозаи лаблабу 3 маротиба бештар аст.