• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Меъёри зиёди ибупрофен ба дил зарар дорад

от user
в Варзиш ва саломатӣ
0

Кумитаи баҳодиҳии хатар дар бахши назорати фармакологии Агентии маводи дорувории Аврупо дар бораи мавҷуд будани имконияти авҷгирии бемориҳои дилу рагҳо миёни афроди бо меъёри зиёд истифодакунандаи «ибупрофен» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мутахассисони кумитаи мазкур хатар ҳангоми истеъмоли зиёдтар аз 2400 мг дар як рўз сар мезанад. Эҳтимоли авҷгирии бемориҳо аз истеъмоли «ибупрофен» баробар ба зарари истеъмоли дигар доруҳои зиддиилтиҳобӣ, ба монанди «диклофенак» мебошад.

Ин ниҳод тавсия медиҳад, ки духтурон хатари мазкурро ба инобат гирифта, пеш аз муолиҷаи беморон ин нозукиро фаҳмонанд. Алҳол дар Аврупо меъёри истеъмоли «ибупрофен» дар як рўз 1200 мг муайян шудааст, ки ба авҷгирии бемориҳои дилу рагҳо таъсир намерасонад.

С. АМИНИЁН

 

МАШҚҲОИ ҶИСМОНИРО АЗ ХУРДӢ ОҒОЗ КУНЕД

Дар мустаҳкамшавии устухони инсон машғулшавӣ ба варзиш нақши муҳим мебозад. Муҳаққиқони Донишгоҳи Саутгемптон дар ин хусус бо 200 кўдак таҳқиқот гузаронидаанд. Олимон баъди таваллуди ин кўдакон зичии минералии бофтаҳои устухон, шаклу андозаи устухонҳо ва таркиби ҷисми ҳар кадоми онҳоро муайян намуда, дар китоби махсус сабт намуданд. Сипас ҳангоми 6-7 солагии кўдакон ин амалиётро такрор намуданд.

Олимон хулоса карданд, ки ҳар қадар ҳаҷми мушакҳои кўдак калонтар бошад, устухонаш ҳамон қадар мустаҳкамтар мешавад. Зичии бофтаҳои устухон аз миқдори чарб вобастагӣ надорад. Ба ақидаи муҳаққиқ-устухоншинос Робен Мун мустаҳкамии устухонҳо ва андозаи онҳо барои пешгирии остеопороз ва шикастани устухонҳо муҳим аст. Зиёд шудани ҳаҷми устухон ба андозаи 10% раванди авҷгирии остеопорозро 13 сол ба ақиб мепартояд. Аз ин рў, аз овони хурдӣ ба тарбияи ҷисмонӣ диққат додан лозим аст.

Ҳамчунин, витамину минералҳое, ки дар таркиби баъзе маҳсулоти ғизоӣ мавҷуданд, ба мустаҳкамшавии устухонҳо мусоидат мекунанд. Педиатрҳо ба волидайн тавсия медиҳанд, ки пайваста ба кўдакон шир ва дигар маҳсулоти калсийдор бидиҳанд. Магний низ барои мустаҳкамшавии бофтаҳои устухон зарур аст. Элементи мазкур дар донаи каду, шоколади сиёҳ ва бодом зиёд дучор меояд.

 

НЎШОБАҲОИ ГАЗДОР ХАТАРИ САРАТОНРО БЕШТАР МЕКУНАНД

         Имрўз бисёриҳо дар хусуси зарари нўшобаҳои ширини газдор медонанд. Ин нўшобаҳо боиси фарбеҳшавӣ мегарданд, зеро дар таркиби онҳо миқдори қанд хеле зиёд аст.

Чанде пеш олимони Донишгоҳи Ню Йорк боз як зарари нўшобаҳои газдорро ошкор намуданд. Таҳқиқоти олимон муайян кард, ки нўшобаҳои мазкур метавонанд боиси сарзании бемориҳои саратон шаванд. Гази карбонате, ки бо он нўшобаро пур мекунанд, ба ҳолати мағзи сар таъсири манфӣ мерасонад.

Бинобар ин, ҳар қадаре, ки инсон нўшобаҳои газдорро бештар нўшад, ҳамон қадар хавфи сарзании саратони мағзи сар бештар мешавад.

Ҳамчунин, нўшобаҳои газдор бо сабаби дар таркибашон мавҷуд будани моддаи кансерогенӣ аз қабили 4-метилмидазол хатарноканд. Ин яке аз зарарноктарин моддаи рангдиҳанда аст, қариб дар ҳама нўшобаҳои рангдор дучор меояд.

С.САЙФИДДИН

 

Мақолаи гузашта

Дар 6 моҳ 15 кило хароб шудам

Мақолаи навбатӣ

Ниқобҳои ҳуснбахш

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ниқобҳои ҳуснбахш

Ниқобҳои ҳуснбахш

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ