Ниқоби лимўгӣ.
Фоидааш: пўстро сафед менамояд, барои аз доғҳо раҳо ёфтани он ёрӣ мерасонад.
Тарзи тайёр намудан: ба як қошуқча оби лиму 50 грам асал, як қошуқ қаймоқ (агар пўст равғанӣ бошад, қаймоқ илова намудан шарт нест) ва каме орд илова карда, омехтаи шавламонанд ҳосил намоед. Ниқобро ба рўятон бимолед ва пас аз 15-20 дақиқа онро шўед.
Дар ёд доред: ниқобҳои сафедкунандаро на субҳ ва ё рўзона, балки бояд бегоҳӣ ва ё шаб молид. Дар ин ҳолат зудтар ба натиљаи дилхоҳ ноил мегардед.
Ниқоб аз зайтун
Фоидааш: мўйҳоро мулоим намуда, ба онҳо намуди солим мебахшад ва тобониашро хуб менамояд.
Тарзи тайёр намудан: равғани зайтунро каме гарм карда, ба реша ва худи мўйҳо хуб бимолед. Сипас бо халтачаи селофанӣ сарро печонида, ниқобро камаш як соат нигоҳ доред. Пас аз гузаштани вақти муайяншуда бо ёрии шампун шўед.
Дар ёд доред: пеш аз шустани сар шампун бимолед ва хуб молиш диҳед, пас шўед. Дар натиља раванди шустани мўйҳо осон мешавад.