• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Модарон сиҳатии худро эҳтиёт намоянд!

от user
в Модару кӯдак
0

Мусоҳиба бо сартабиби таваллудхонаи шаҳри Кўлоб Ҳалима Гадоева.

— Дар таваллудхонаи шаҳри Кўлоб чанд нафар корманд фаъолият мекунанд ва оё таваллудхона пурра бо мутахассисон таъмин аст?

— Дар таваллудхонаи шаҳри Кўлоб 78 нафар табиб ва ҳамшираи шафқат ва момодояҳо кор мекунанд. То имрўз дар масъалаи норасоии кадрҳо дар таваллудхонаи мо мушкилот вуҷуд надорад. — Иҷроиши Қарори 600 дар таваллудхона чӣ гуна ба роҳ монда шудааст ва аз ҳисоби маблаѓҳои он чӣ корҳо ба сомон расонида мешаванд?

— Дар таваллудхона танҳо шўъбаи гинекология пурра бо Қарори 600 амал мекунад, аммо мо ҳамеша кўшиш менамоем, ки ба ҳамаи занҳое, ки ба таваллудхона меоянд, аз ин ҳисоб кўмак намоем.

Аз ҳисоби Қарори 600 он таҷҳизоте, ки солҳои зиёд корношоям буданд, таъмиру тармим карда шуданд. Ҳамчунин, аз ин ҳисоб 5 адад компютер харидорӣ намудем, ки ҳоло ҳамаи коргузории таваллудхона ба таври компютерӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, ҳамшираҳои шафқатро ба курси омўзиши компютер сафарбар намудем. Аз ин ҳисоб, инчунин ҷевон, яхдон, 5 адад кондитсионер харидорӣ намудем.

Илова бар ин ба маоши кормандони ташхисгоҳ, ки тибқи ин қарор фаъолият мекунанд, 40 фоиз иловапулӣ зам карда шуд.

— Ҳарчанд ки таваллудхона шаҳрӣ буда, барои аҳолии шаҳри Кўлоб муайян шудааст, вале ба он аз дигар ноҳияҳо низ беморон муроҷиат мекунанд. Ҳамин тавр не?

— Оре. Албатта, ҳолатҳое буданд, ки роҳбарияти таваллудхонаи вилоятӣ ва ноҳияҳо даъват карданд, ки таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Кўлоб тамоман беморони ноҳияҳои гирду атрофро қабул накунад, аммо мо табиб ҳастем ва савганди Гипократро хўрдаем, ки ҳама гуна маризе, ки ба мо муроҷиат мекунад, бояд ба ў кўмаки аввалияи тиббиро расонем. Ба ҷуз ин, интихоби беморхона ва табиб имрўз ба дўши худи мариз аст.

Сабаби ба таваллудхонаи мо муроҷиат намудан шояд дар муносибату муомила ва амали хуби табибони мо бошад. Табибон Анзурат Иззатулоева, Шаҳло Бобохонова, Савлатбӣ Неъматова аз зумраи табибони ҷавоне мебошанд, ки аллакай эҳтироми шаҳрвандони шаҳр ва ноҳияҳоро соҳиб шудаанд ва ба корашон арҷ мегузоранд.

Соли 2013-2014 аз сабаби зиёд шудани шумори беморон мо ба ҳукумати шаҳр муроҷиат намудем, ки аз ҳисоби беморхонаи сироятӣ ба мо 15 кати иловагӣ ҷудо намуданд ва ин кори моро хело осон намуд.

— Ба занҳое, ки тафлонашонро пеш аз расидани муҳлати ҳамл таваллуд мекунанд, ё мурда ба дунё меоранд ва ё камхунӣ доранд, чӣ гуна кўмак расонида мешавад?

— Мушкилиҳои зиёде дар байни модарони ҳомила вуҷуд дорад. Фаҳмиши тиббии модарон дар сатҳи паст қарор дорад. Ба онҳое, ки ба таваллудхонаи мо муроҷиат менамоянд, ёрии аввалияи тиббии худро ба тарзи оҷил мерасонем. Дар таваллудхона шуъбаи амрози ҳомила амал менамояд, ки дорои 10 кат буда, дар ҳолати пеш аз муҳлат таваллуд кардани зан тамоми кўмаки аввалия расонида мешавад.

Дар шуъбаи кўдакон чор дастгоҳ мавҷуд аст. Ин дастгоҳҳо барои нигоҳубини кўдакони навзоди норасид истифода мешаванд. Бадбахтӣ дар он аст, ки модарони мо ҳангоми ҳамл ба худ ва саломатии худ он қадар диққат намедиҳанд. Аз ин рў, дар байни онҳо шахсони камхун ва пеш аз муҳлат таваллудкарда низ ба мушоҳида мерасанд. Инчунин кўдакони бо бемории рахит тавлидшуда низ дида мешавад. Ин боиси таассуфи ҳамаи табибон аст, зеро дар ин гуна ҳолатҳо занон бо марг «даст ба гиребон» мешаванд.

Як нукта ташвишовар аст, ки тифлони бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шуда нисбати солҳои пешин зиёд шудааст. Ин пеш аз ҳама, ба никоҳи хешутаборӣ ва муҳоҷирати меҳнатии ҳам мардон ва ҳам занон вобастагӣ дорад. Бо нуқсони модарзодӣ дар соли 2015 12 ва соли 2016 19 тифл ба дунё омадааст. Шумораи занҳои дар синни 18- сола таваллудкарда дар соли 2015 244 нафар ва дар соли 2016 229 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин рў, дар миёни занон бояд корҳои фаҳмондадиҳии зиёд бурд.

Мусоҳиб С. Халилиён, аз шаҳри Кўлоб

Мақолаи гузашта

Тавсияҳо баҳри хонандагон

Мақолаи навбатӣ

Хоб ҳам зебоӣ меоварад

user

user

Мақолаи навбатӣ
Хоб ҳам зебоӣ меоварад

Хоб ҳам зебоӣ меоварад

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ