
— Сад грамм шарбати сабр (алоэ) ва 200 грамм асалро бо 200 грамм спирти тиббӣ омехта, се рўз дар ҷойи торик гузоред. Сипас малҳами мазкурро шабона ба ҷойи дардманд молида, бихобед. Муҳлати муолиҷа 10- 12 рўз. Баъди як ҳафта метавонед боз табобатро такрор намоед.
— Шабонгоҳ баргҳои можжевелникро ба оби ҷўш тар карда, баъди каме ширгарм шудан ба ҷойи дардманд гузошта, бо дока печонед.
— 200 грамм барг ва меваи можжевелникро дар 2 литр об 30 дақиқа ҷўшонида, баъди аз дока гузаронидан ба ванна резед. Сипас, давоми 30 дақиқа дар ваннаи ҳарорати обаш 37 дараҷа биншинед.
— Як қошуқ решаи кўфтаи қоқу (одуванчик) — ро ба як истакон оби ҷўш андохта, 15 дақиқа дам диҳед. Сипас, аз дока гузаронида, ним истаконӣ рўзе ду бор дар вақти ғизо хўрдан истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа як моҳ.
— Як қошуқ барги иванчой (кипрей узколистный) — ро ба як истакон оби љўш андохта, 20 дақиқа дам диҳед. Баъдан, давои мазкурро аз дока гузаронида, ним истаконӣ рўзе ду бор истеъмол намоед.
— Баргҳои тару тозаи газна (крапива) — ро кўфта, ба ҷойи дардманд бастан дарди буғумҳоро таскин мебахшад. Ба тарзи дар боло зикршуда аз баргҳои хушки он чой тайёр карда, истеъмол намудан низ нафъ мерасонад. Барги хушккардаи газна дар дорухонаҳо ёфт мешавад.
— Решаи кўфтаи росан (девясил)-ро бо асал якҷоя намуда, ба ҷойи дардманд бибандед.
— Гирифторони артрозро лозим аст, ки аз истеъмоли ғизоҳои серравған ва бирёнӣ худдорӣ намоянд. Гўшти мурғ, заргўш ва моҳӣ манфиат дорад.
— Истеъмоли нони ҷавин, лўбиё, наск, нахўд, чормағзиҳо (махсусан бодом), тухм ва равғани растанӣ ҷисмро бо калтсий ва витаминҳои зарурӣ таъмин мекунад.
ТАВАҶҶУҲ. Пеш аз истифодаи дастурҳои зикршуда бо духтури муолиҷакунанда машварат кардан ҳатмист.
Асадулло АМИНОВ,
табиби мардумӣ,
шањри Душанбе



