
Асаб аз муҳимтарин системаи организми одам буда, он бо тамоми узвҳо ва бофтаҳои дохилӣ тавъам аст ва ҳатто хурдтарин ноҷўрии он боиси осеби дигар узвҳо мегардад. Коршиносони тиб яке аз авомили маъмули маъюбӣ ва маргро аз осебёбии рагҳои мағзи сар медонанд ва собит шудааст, ки имрўз дар саросари ҷаҳон аз ҳар панҷ як нафар аз дарди сар азият мекашад. Сўҳбатамон бо табиб, ҷарроҳи рагҳои майнаи сар, номзади илми тиб, дотсент Нарзулло РАҲИМЗОДА маҳз ба ҳамин мавзуи муҳим — патологияи майнаи сар бахшида шуд, ки манзуратон мегардонем.
БАЪДИ САРАТОН ДАР ҶОЙИ ДУЮМ…
— Имрӯз дар мамлакати мо низ соҳаи тиб рушди бемайлон дорад ва имкони сари вақт табобат намудани бемориҳои рагҳои майнаи сар фароҳам мебошад. Аслан, мушкили фаъолияти муътадили системаи марказии асаб бо патологияҳои модарзодии инкишоф, ҷароҳатҳои гуногун, нуқсонҳои системаи рагҳои майна пайвандӣ доранд. Патологияи рагҳои майнаи сар аз нигоҳи маргу мир ва маъюбият баъди бемории саратон дар ҷойи дуюм қарор мегирад.
Табиист, ки аксарият ба табиби умумӣ ё ба истилоҳ терапевт муроҷиат мекунанд, ё мустақил аз ҳабҳои оромсозу таскинбахш истифода менамоянд, ки аксаран оқибатҳои хавфнок доранд. Бояд гуфт, ки дард як василаи муҳофизатӣ дар бунияи одам аст ва тариқи он мушкили дар бадан мавҷуда ошкор мешавад, ки онро набояд сарфи назар намуд. Албатта, бепарвоӣ боиси хурӯҷи дард ва оқибатҳои нохуш дар организм мегардад. Аз ин хотир, бо эҳсоси нахустин нишонаҳо муроҷиат ба табиби асабшинос ва ҷарроҳи рагҳои майнаи сар зарур аст.
— Патология ё худ оризаи рагҳои майнаи сар чӣ гуна пайдо мешавад? Оё ин модарзодӣ буда метавонад?
— Ориза ё патологияи рагҳои майнаи сар ба синну сол ва ҳолати шахс вобастагӣ надошта, метавонад дар ҳама гуна ҳолат мушоҳида гардад, масалан, ҳангоми хоб, роҳравӣ, хандидану гап задан, дар фароғат будан сар занад. Ҳатто аз эҳтимол дорад, ки тифли батни модар бо чунин патология таваллуд шавад. Дар таҷрибаи худ бо чунин беморон зиёд вохӯрдаем ва бори охир чанде пеш тифли ҳафтмоҳаеро бо патологияи шараёнҳои майнаи сар — аневризми шараёни мобайнии майнаи сар ҷарроҳӣ кардем, ки ин нуқсаш модарзодӣ буд. Яъне, аз ин далелҳо бармеояд, ки патологияи рагҳои майнаи сар на танҳо дар давоми умр пайдо мешаванд, инчунин модарзодӣ будани он низ собит шудааст. Дар маҷмӯъ, патологияи рагҳои майнаи сар — инсултҳо, аневризмҳо, молформатсияҳо, каверномаҳо ва стенозу оклюзияиҳои шараёнҳои магистралии майнаи сар ва ҳароммағз – аз вайроншавии гардиши хун аст, ки дар натиҷа таъмини дар майнаи сар бо оксиген халалдор мегардад. Ин бемориҳо, аз ҷумла, шараёнҳои майна метавонанд боиси фалаҷ гардидани дасту пой, халали нутқ шаванд ва ҳатто боиси марг шаванд. Аз ин рӯ, сари вақт муроҷиат ба асабшиносу нейроҷарроҳ ва ташхису ҷарроҳӣ кардан ҳаётан муҳим аст.
БО АНАЛГИН КОР БУД НАМЕШАВАД
— Бемориҳои хавфноктарини рагҳои майнаи сарро номбар мекунед?
— Кафидани рагҳои хунгард, ки боиси қатъи таъминоти хун ба қисматҳои майна мегардад. Хунрезиши дохиликосахонагии майнаи сар — ин сактаи мағзи сар ё бо таъбири маъмул инсулт мебошад. Аневризма — васеъшавии девораи рагҳост, ки хатари кафидани рагҳо ва хунравии дохиликосахонагии сарро дорад.
Атеросклероз ё окклюзияи шараёнҳо — танг ё пурра махкамшавии рагҳо аз ҳисоби холестерин бошад, ки гардиши хунро маҳдуд мекунад.
— Аксари мо аз ин хусусияти бемориҳои сар ҳатто тасаввурот надорем. Сарамон дард, ки кард, онро муқаррарӣ пиндошта аналгин ё ситрамон мехурем. Он намудҳои бемории сар,
ки гуфтед, ягон аломати махсус доранд?
— Ба чӣ бояд ҳатман диққат дод? Ба дарди сари ногаҳонӣ ва хеле шадид, ки ба шахс чунин дардро ягон бор эҳсос накардааст. Баъдан, мариз аз заифӣ ё карахтии як тарафи бадан, вайрон шудани нутқ ва биноиш, сарчархӣ ва гум кардани мувозинат шикоят менамояд. Дилбеҳузурӣ, хавфи саръ (эпилепсия), ки аксаран аз хурдсолӣ гирифтори эпилепсия мегарданд ва ин ҳам яке аз нишонаҳои патологияи рагҳои майнаи сар аст, фаромӯшхотирӣ ва асабоният нишонаҳои ин патология мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо бошад, бе ягон аломат аст. Яъне баъди кафидани рагҳои майнаи сар чунин нишонаҳо зоҳир мешавад.
ТАМОКУЮ МАШРУБОТ — ДУШМАНИ МАЙНАИ САР
— Сабаби гирифторӣ ба ин бемориҳо чӣбошад?
— Аслан, нафароне, ки фишорбаландӣ (гипертония), диабети қанд, корҳои вазнини фикрӣ ва ҷисмонӣ, ҳассосияти баланд доранд ва ё сатҳи холестерини хунашон баланд аст, бештар ба ин маризии майнаи сар гирифтор мешаванд. Истеъмоли тамоку, машрубот, ҳамчунин камҳаракатӣ ба чунин оқибати нохуш ва ҳатто марговар оварда метавонад. Бояд таъкид кунам, ки, на ҳамеша дарди сар ё дигар нишонаҳои дар боло зикршуда аломатҳои нуқси рагҳои майнаи сар мешаванд. Афсурдаҳолӣ, ташвишҳои рӯзгор, ноҷурии равонӣ, вазъи бади молиявӣ низ метавонанд дарди сар ангезанд. Ба ҳар сурат, нисбати солимии худ набояд беэҳтиётӣ зоҳир намуд, бахусус, нисбати маризиҳое, ки вобаста ба асаб мебошанд.
— Имрўз тиб басо пеш рафтааст. Аз ҷумла, дар ташхису муолиҷаи бемориҳои мағзи сар. Ба ҳамин нукта рўшанӣ меандохтед.
— Воқеан дуруст зикр кардед. Имруз мо, табибони асабшинос ва нейроҷарроҳон аз асбобу таҷҳизоте истифода мебарем, ки панҷ ё даҳ сол пеш ҳатто орзу карда наметавонистем. Айни замон барои ташхиси бемории рагҳои майнаи сар ҷарроҳи асаб одатан томографияи компютерӣ ё томографияи резонансӣ- магнитӣ – ангиографияро бо истифодаи маводи контрастӣ тавсия медиҳад. Табобат метавонад тариқи доруворӣ ё дар ҳолати вазнин бо ҷарроҳӣ сурат гирад.
Усули дигари ташхис ин ангиографияи селективӣ мебошад. Ҳамчунин, ташхиси ултрасадои допрели шараёнҳои беруна ва дохиликосахонагии сар, ангиография ва санҷишҳои хун низ вазъи беморро бо ҷузъиёт дақиқ нишон медиҳанд.
АЛЛАКАЙ 90 ДАРСАДИ БЕМОРОН ШИФО ЁФТАНД
— Албатта, он намудҳои ташхисе, ки ном бурдед, умеди беморро ба шифо бештар мекунанд. Алъон барои пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори ин беморӣ тибби ватанӣ чӣ дастовардҳо дорад?
— Пажӯҳишу таҳқиқи олимону табибони тоҷик дар ин самти ҳаётан муҳим пайваста сурат гирифта, натиҷаҳои хуб медиҳад. Имрӯз бо корбасти технологияи муосир пешгирӣ ва ташхису табобати ин бемориҳо хеле осон гардидаст. Дар кишвари мо барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои хавфнок ва фоҷеабори патологияи рагҳои майнаи сар аз соли 2019 инҷониб бевосита бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдулло мутахассисони соҳа, табибону ҷарроҳон ба давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Русия ва ИМА барои такмили ихтисос рафта, дар ин самт корҳои илмӣ ва амалӣ анҷом дода истодаанд.
Ман низ аз ин зумра будам ва аз таҷрибаи ҳамкасбони хориҷӣ бархурдор гардида, амалиёти нави ҳозиразамонро азбар намудам. Дар ин муддат аз 210 беморе, ки таҳти назорату табобат ва дар самти корҳои илмӣ қарор доранд, 186 нафарашон баъди ҷарроҳӣ худро хуб ҳис мекунанд. Бояд гуфт, ки аллакай
қариб 90 фоизашон ба ҳаёти муътадили пешина баргашта, фаъолияти хешро давом дода истодаанд. Яъне, натиҷаҳо назаррасанд…
Паймонаи ҶОВИДОН,
«Даво»


