
Дар шуъбаи ангиографияи Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар дастгоҳи муосири Metrum Cryoflex мавриди истифода қарор гирифт. Ин таҷҳизоти нав имкон медиҳад, ки дардҳои музмин дар муҳлати кӯтоҳ ва бо усулҳои муосир бартараф карда шаванд.
Тавре мудири шуъбаи ангиография Раҳимов Фаршед Рустамович иттилоъ дод, дастгоҳи мазкур барои табобати бемороне пешбинӣ шудааст, ки солҳо аз дардҳои музмин, аз ҷумла дар тахтапушт, миён, буғумҳои дасту по ва дарди сар ранҷ мекашанд.
Бо мақсади аз худ намудани усулҳои кор бо таҷҳизоти нав, мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Қазоқистон давоми чор рӯз дар марказ қарор дошта, дар якҷоягӣ бо табибони тоҷик табодули таҷриба анҷом дод. Дар натиҷа, аллакай чандин бемороне, ки аз дардҳои музмин азият мекашиданд, табобат гирифта, вазъи саломатиашон беҳтар гардид.
Дастгоҳи Metrum Cryoflex бо истифода аз ҳарорати паст (аз -73 то -90 дараҷа) усули криоабблатсияро татбиқ намуда, тавассути денерватсия дардро пурра аз байн мебарад. Раванди табобат бо назорати ултрасадо ё ангиография гузаронида шуда, ҳамагӣ 20–30 дақиқаро дар бар мегирад ва бидуни мадҳушкунии бемор анҷом дода мешавад.
Мутахассисон зикр мекунанд, ки қаблан беморон барои сабук кардани дардҳои музмин маҷбур буданд муддати дароз доруҳои бедардкунанда истифода намоянд, ки таъсири муваққатӣ дошт. Бо ҷорӣ гардидани ин технологияи нав, ниёз ба истифодаи доимии чунин доруҳо аз байн меравад.
Ворид гардидани чунин дастгоҳи муосир далели рушди пайвастаи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон буда, имкониятҳои ташхису табобати бемориҳоро дар сатҳи баландтар фароҳам меорад.


