
Дар Беморхонаи байналмилалии Ибни Сино тадқиқоти илмӣ оид ба самаранокии ангиографияи томографии компютерӣ дар муайянсозии шараёнҳои иловагии гурдаҳо гузаронда шуд.
Ангиографияи томографии компютерӣ дар 40 бемори дорои оризаҳои гуногуни қисми шикам сурат гирифт, ки аксари он (80%, б=32) барои ташхиси оризаҳои берун аз гурда (экстрареналӣ) истифода шуданд.
Тибқи тадқиқот шараёнҳои иловагии гурдаҳо дар 33% (б=13) беморон мушоҳида гашт. Аз ҷумла як шараёни иловагӣ (54%,б=7), ду шараёни иловагӣ (23%,б=3), се шараёни иловагӣ (15%,б=2), чор шараёни иловагӣ (8%,б=1). Шараёнҳои иловагии гурда дар самти рости он назар ба чапаш бисёртар (62%,б=8) дида шуданд. Аз нисф зиёди беморони ташхисшударо занҳо ташкил доданд (62%,б=8). Хунтаъминкунии иловагии қутри поёнии гурдаҳо дар 46% (б=6), қутри болоии гурдаҳо дар 54% (б=7) маризон мушоҳида шуд. Нисбат ба ҳавзаки гурдаҳо дар аксари беморон ҷойгиршавии шараёнҳо аз қисми пеши ҳавзак (77%,б=10) ва қисми ками шараёнҳо аз паси ҳавзак (23%,б=3) дида мешаванд. Дар ҳама ҳолати муайяншуда қутри шараёнҳои иловагии гурдаҳо нисбат ба шараёнҳои асосии гурдаҳо хурдтаранд.
Тадқиқот яқин кард, ки ангиографияи томографии компютерӣ усули ташхиси кам — инвазивӣ буда, барои муайян кардани шараёнҳои иловагии гурдаҳо роҳи осони ташхисгузорӣ мебошад, ки натиҷаҳои он бояд барои тафсири минбаъдаи маълумоти клиникӣ истифода шаванд.
Истифодаи густурдаи маълумоте, ки аз ангиографияи томографии компютерӣ дастрас гашт, аз қабили тангии шараёнҳо, нуқсони шараёнҳо ва инчунин бемориҳои девораҳои шараёнҳо барои табобати матлуби беморҳо мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, бояд таъкид намуд, ки АТК нисбат ба ангиографияи рентгении инвазивӣ як қатор афзалият дорад. Аз ҷумла, беморон баъд аз анҷоми ташхис бистарӣ намегарданд, тазриқи маводи контрастӣ ба дохили варид ва ба миқдори кам гузаронида мешавад, инчунин хатари нурҳои рентгенӣ ба онҳо камтар мерасад.
Беҳрӯз ҚАҲҲОРОВ,
духтури радиологии Бемористони
байналмилалии Ибни Сино



