
— Як қошуқи баргу пояи хушкшудаи хори пунба (хори пиразан, гули гавҳарӣ, ганҷи гавҳар, татарник колючий)-ро ба термос андохта, ним истакон оби ҷўш андохта, шаб то саҳар гузоред. Субҳи барвақт пас аз қазои ҳоҷат бо 50- 70 миллилитр давои гарм ҳуқна (клизма) кунед. То 15- 20 дақиқа бо шикам хоб равед. Муҳлати муолиҷа 12 рўз.
— Субҳи барвақт як қошуқча решаи майдакардаи мушхор (лопух)-ро дар як истакон об андохта, гарм печонед ва як соат дам диҳед. Рўзе сеяки истаконӣ аз ин даво се маротиба истеъмол кунед. Муҳлати табобат 10 рўз.
— Ба тариқи дар боло зикршуда аз решаи қоқу даво тайёр кардан низ муфид аст.
— Ду қошуқ гули бобуна (ромашка)- ро дар ду истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Сипас аз дока гузаронида, аз давои мазкур ним истаконӣ рўзе чор маротиба истеъмол кунед. Нўшобаи бобуна оромӣ мебахшад.
— Ҳамарўза бо навбат истеъмол кардани хўриши лаблабу, карами дар намак хобондашуда (квашенная капуста), исфаноҳ (испалок, шпинат), шарбати сабзӣ, анор ва себ низ муфид аст.
— Истеъмоли тамашк (малина) ва марминҷон (ежевика)-и тару тоза низ дар муолиљаи баъзе намудҳои склероз кумак мерасонад.
— Барои гирифторони склероз истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва тамоку қатъиян манъ аст. Истеъмоли ғизои серравған ва шириниҳо низ тавсия дода намешавад.
— Риояи реҷаи хоб ва оромӣ зарурӣ аст. Сайругашт дар ҳавои тоза ба беҳтаршавии ҳолати бемор мусоидат мекунад.
— Як қошуқчаи баргу пояи нозбў (мелисса), нардсунбул (валерианка), решаи гули хайрӣ (алтей) ва пудинаро бо ду қошуқча кокутӣ (душица) омехта намуда, ба он ним литр оби ҷўш бирезед ва гарм печонед. Баъди як соат дам додан рўзе се маротиба (субҳ ним истакон, нимрўзӣ ва шомгоҳои як истаконӣ) аз ин даво истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа ду ҳафта.
— Як қошуқӣ бўимодарон (тысячелистник), бобуна (ромашка) решаҳои лух (аир) ва ширинбия (солодка), муғчаи сафедор (берёзовые почки), гули ҳамешабаҳор (календула), коснӣ (цикорий), чойкаҳак (зверобой), ғозичой (бессмертник), решаи қоқу (одуванчик) ва росан (девясил)-ро бо ҳам омехта кунед. Аз он ду қошуқ гирифта, ба чойникча андозед ва аз болояш ду истакон оби ҷўш резед. Шаб то саҳар дам диҳед. Субҳгоҳон давои мазкурро аз дока гузаронида, рўзе се маротиба ним истаконӣ нўши ҷон кунед.
— Як истакон сирпиёз (чеснок)-и майда резакардаро бо ду истакон асал омехта намуда, рўзе 3-5 маротиба як қошуқӣ истеъмол кунед. Таваҷҷуҳ! Барои ҳар як бемори гирифтори склерози чандгонаӣ интихоби табобат алоҳида аст. Аз ин рў, пеш аз интихоби даво бо духтури табобаткунанда маслиҳат бояд кард. Бо тавсияю маслиҳати духтур метавон аз занбўршифоӣ, ароматерапия (табобат бо хушбўиҳо), ваннаҳои табобатӣ, масҳ бо асал истифода намуд.



