
Пӯсти чеҳра дар фасли сармо таваҷҷӯҳи махсусро талаб мекунад. Маҳз дар ин давра метавонад мушкилоти пўст ба монанди сурхшавӣ, ранги аз ҳад зиёди хушкӣ ва ғайра ба вуҷуд ояд. Барои муҳофизат намудани пӯст аз ин мушкилот, метавонед кремҳои серғизоро истифода баред, аммо истифодаи онҳо на ҳама вақт қодир аст, ки пӯстро аз тағйирёбии боду ҳаво пурра муҳофизат намояд. Ниқобҳои серғизо дар фасли зимистон ҳамеша дар ин ҷо ба кумак хоҳанд омад. Таркиботи табиие, ки онҳо дар бар мегиранд, пӯстро бо моддаҳои муфид ғизо дода, ба мустаҳкам кардани он дар давраи зимистон кумак хоҳанд кард.
НИҚОБИ ВИТАМИНӢ
Ниқоби серғизокунандаи пўсти чеҳра. Ин ниқоб барои пӯсти хушк беҳтарин аст. Ба ду қошуқ равғани зайтун якчанд қатра витаминҳои А ва Е (аз дорухона дастрас кардан мумкин) илова намуда, хуб омехта намоед. Пас аз буридани сӯрохиҳо барои чашм докаро бо ин омехта тар намуда, ба муддати 20 дақиқа ба чеҳраатон гузоред. Пас аз гузаштани вақт, равғани боқимондаро метавон бо матои мулоим тоза намуда, бо оби гарм шўед.
НИҚОБҲО АЗ БАНАН
Ҳолати пӯсти ҳассосро беҳтар ва аз пӯстпартоӣ раҳо намуда, чандирии онро баланд, норасоии витаминҳоро пур мекунад. Ниқоб пўсти рӯйро намнокӣ ва нармӣ мебахшад.
Барои тайёр кардани ин ниқоб як дона банани пухташударо гирифта, хуб лат занед. Пасон панҷ қатра шарбати лиму ва тақрибан як қошуқ равғани зайтунро низ илова намоед. Ҳама маҳсулотро омехта намуда, ба пӯсти рӯй молед. Ниқобро дар чеҳра20 дақиқа нигоҳ дошта, сипас бо оби гарм бишӯед.
Зардии тухмро лат зада, банани миёна ва 10 г лаҳмии авокадоро ба ҳам омехта намоед. Таркибро ба пўсти рӯй бо қабати ғафс молед. Пас аз 20 дақиқа ниқобро бишўед.
НИҚОБҲО АЗ ТВОРОГ
Ниқобҳо дар фасли зимистон метавонанд хеле самаранок бошанд, зеро комилан ҳар як маҳсулоти ширӣ аз минералҳо ва аминокислотаҳои барои пӯст зарурӣ бой аст. Барои тайёр кардани ин ниқоб ба ду қошуқи калони творог як зардии тухм ва як қошуқ равғани зайтун илова намуда, то ҳамвор шуданаш хуб омехта намоед. Ниқоби ҳосилшударо ба пўсти рӯйи худ ба муддати 20 дақиқа молед ва сипас бо оби гарм хуб шӯед.
Пӯсти пажмурдашудаи ҳама намудҳои пўстро ниқоби творогӣ тароват мебахшад. Он тавозуни рН-ро барқарор намуда, ранги рӯйро мулоим ва серғизо мекунад. 15 грамм творогро бо 3 қатра равғани эфири бергамот илова намоед. Омехтаро ба пўсти рӯй яксон молед. Ниқобро ба муддати 20 дақиқа нигоҳ дошта, пасон шўед.
АГАР ПЎСТ РАВҒАНИН БОШАД…
Ҷилодиҳии равған, сӯрохиҳои васеъшудаи ҷои рахинак, хуруҷи акне ин зуҳуроти нохуши пӯсти равғанин мебошад. Вай нигоҳубини дурусти мунтазамро талаб мекунад. Ҷузъҳои ниқобҳои чењра бояд дорои хосиятҳои тозакунанда, зиддиилтиҳобӣ ва хушккунанда бошанд.
НИҚОБ АЗ АСАЛ
Зардии тухмро бо 10 г асали дар об гармшуда илова намуда, омехта намоед. 20 грамм ҷави русиро майда карда, бо ҳамон миқдор орди гандум якҷоя намоед. Таркиботи мазкурро омехта намуда, ниқобро барои 15-20 дақиқа ба пўсти чењра молед. Боқимондаҳои омехтаро бо истифода аз салфетка тоза намуда, сипас бо обљўши гули ҳамешабаҳор(календула) бишӯед. Ниқоби мазкур пӯстро мустаҳкам мекунад.
НИҚОБ АЗ САБЗӢ БАРОИ ҲАМА НАМУДИ ПЎСТ
Ниқоби серғизо аз сабзӣ пӯстро дар фасли зимистон ором намуда, ба он нармӣ ва устуворӣ мебахшад. Сабзавоти хомро истифода набаред — он дорои пигменти доимӣ мебошад, ки метавонад рӯйро доғдор кунад.
Сабзавотро буғ намуда, онро бо 5 мл шарбати лимӯ ва равғани тухми гандум омехта намоед. Ниқобро барои 10 — 15 дақиқа ба чењра молед ва баъд бишӯед.
Ҳамаи ниқобҳои серғизокунандаи пешниҳодшудаи рўй кӯмак мекунанд, ки пӯсти шумо ба осонӣ аз сардиҳои зимистон наҷот ёбад ва аз мушкилоти пӯсти хушк халос шавад.


