
Қоқу навъе аз гиёҳҳои бисёрсола ва маъмули баҳорӣ буда, гулаш зард аст. Он то 30 — 40 сантиметр қад кашида, 4-5 барги дарозиаш то 30 сантиметр дорад. Қоқу баъди об шудани барф моҳҳои феврал-март сабзида, гули хушбўй мекунад.
Қоқуи шифобахш растании бебаҳост, зеро як қатор моддаҳои кимиёии ҷадвали давриро дар бар мегирад, ба монанди натрий, калий, марганетс, магний, алюминий, оҳан, мис, калсий, инчунин витаминҳои А, С ва гурӯҳҳои В. Қоқу бесабаб “иксири ҳаёт” ном нагирифта, чунки дорои хусусиятҳои қависозии масуният, коҳишдиҳии холестерин, шифои захмҳо, паст кардани диабети қанд мебошад. Инчунин фишори хунро ба эътидол оварда, ба зиёдшавии шири модар мусоидат мекунад.
Синои бузург бо оби қоқуи тару тоза истисқоро табобат мекард, бо “шира”–аш “гул”–и чашмро меравонд. Дар муолиҷаи варами дил ва гурдаҳо аз шарбати қоқу истифода мебурд.
Дар тибби қадим қоқуро барои тоза кардани хун, бартараф намудани тасфи меъда, омоси ҷигар ва талха, заҳролудшавӣ аз неши каждум ва ору истифода мебурданд. Истеъмоли қоқу хунпартоиро қатъ менамояд.
Дар тибби халқии кишварҳои Осиёи Марказӣ қиёми қоқуи хушкро барои дарди меъда ва баровардани санги гурда истифода мебурданд. Барои табобати сулфа баргашро хушк карда ҳамчун тамоку мекашиданд. Марҳами қоқуро барои кандани озахҳо истифода мебаранд. Барги тару тозаи он алайҳи табларза, зардпарвин, гепатит, илтиҳоби роҳҳои пешоб, сил муфид аст. Аз барг, реша ва гулаш шарбат тайёр мекунанд, ки шифобахш аст. Ҳангоми буғумдардӣ барои рафъаш 10 дона гули зарди навшукуфтаи қоқуро соида истеъмол кардан кофист.
Дар тадқиқоти илмии тиббӣ исбот шудааст, ки дору аз қоқу таъсири туршии оби меъдаро зиёд мекунад, инчунин зидди илтиҳоб ва саратон таъсири хуб мерасонад. Шарбати решаи қоқу аз илтиҳобу захми меъда шифо мебахшад. Ҷӯшобаи қоқуро барои кушодани иштиҳо ва рафъи қабзият истифода мебаранд.
Барои ин 1 қошуқ решаи майдакардаи қоқуро дар як истакон 20 дақиқа меҷӯшонанд ва баъди хунук шудан полида, рӯзе 2–4 маротиба пеш аз хӯрок ¼ истакон менӯшанд.Қоқу барои ҳазми хӯрок ҳам фоида дорад. Истеъмоли пайвастаи он равғани баданро об карда, ба харобшавӣ мусоидат мекунад. Барои системаи асаб низ қоқу манфиатбахш аст. Ба дарди мушакҳо шифо бахшида, ҷароҳатҳоро табобат мекунад. Пас аз истеъмоли доруи зиёд баданро аз заҳри он пок месозад.
Дар фасли баҳор аз барги қоқу хуриш тайёр мекунанд, ки он ҷигарро дармон мебахшад. Онҳое, ки хуриши қоқуро мунтазам истифода мебаранд, ранги рӯяшон беҳтар мешавад, пӯста-шон тоза мегардад ва доғҳо мераванд.
Решаи қоқу дорои крахмал ва қанд мебошад, ки онро ҳамчун маҳсулоти парҳезӣ барои диабети қанд, илтиҳоби гурда ва талхадон метавон истифода бурд. Олмониҳо то ҳанӯз қоқуро чун доруи таскинбахш ва хобовар истеъмол мекунанд. Қоқу магний бисёр дорад, бинобар ин барои бемориҳои асаб, дил ва хун давои хуб аст. Он токсинҳоро аз бадан бароварда, кори системаи дилу рагҳоро беҳ ва табъро болида мегардонад.
Ин рустании аз антиоксидантҳо бой муҳофизи организм аз бемории қанд ва саратон мебошад. Ҳамчунин раванди барқароршавиро пас аз сактаи мағз метезонад. Дар нест кардани сангҳои талхадон ва тозасозии рӯдаҳоро метавон истифода бурд. Хокаи решаи қоқу захми сӯхтаро шифо мебахшад.
Мавриди тазаккур аст, ки дар Фаронса, Австрия, Ҳолланд, Олмон, Ҳиндустон,Ҷопон ва ИМА қоқуро дар плантатсияҳои махсус парвариш менамоянд. Дар Фаронса аз ин рустании баҳорӣ барои хуришҳои шифобахш, мураббо ва шароб истифода мебаранд. Баргҳои қоқуи навруста талх нестанд, барои ҳамин аз онҳо хуриш ва чошнӣ тайёр мекунанд. Аз гули он мураббо ва аз решааш нӯшокии хуштаъм тайёр кардан мумкин аст.
Олимон солҳои охир муайян карданд, ки бехи қоқу барои шахсони гирифтори атеросклероз хеле муфид аст.
Питер Гейл, табиби амрикоӣ, муаллифи асари “Манфиати қоқу ба саломатӣ” чунин гуфтааст: “Агар шумо дар ҷустуҷӯи табобати мӯъҷизавӣ бошеду организми худро аз зардпарвин, сангҳои гурда, саратон, диабети қанд, фишорбаландӣ ва дигар бемориҳо ҳифз кардан хоҳед, он гоҳ давои шумо қоқуи шифобахш ҳамчун ғизои ҳаррӯза (хӯрок ё нӯшокӣ) аст ”.
Хуллас, хосиятҳои шифобахши қоқу он қадар зиёд аст, ки метавон ин рустании камназирро давои беҳамто унвон кард.
Майрамой МУҲАММАДИЕВА, МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент”



