• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

ОРТОПЕД: COVID-19 ба устухону буғумҳо низ таъсир мерасонад

от user
в Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
0

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи ортопедӣ (раддодӣ) – и калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” Юсуф Ҳошимов

 Имрўз мушоҳида мешавад, ки муроҷиати аҳолӣ аз дарди буғумҳо ва умуман, устухон бештар шудааст. Назари Шумо дар ин бора чист?

— Воқеан, солҳои охир аҳолӣ аз бемориҳои буғуми косу рон ва дарди зону бештар шикоят мекунанд. Ба маънои дигар, ин масъала имрўз, дар Тоҷикистон муш­кили рақами як шудааст. Ҳатто 5 соли охир шуъбаи мо аз ҳама зиёд ба иваз кардани буғуму зонуҳо машғул аст. Ин дар ҳолест, ки агар 5 сол пеш мо буғуму зонуҳоро танҳо бо гиёҳҳои шифобахш ва доруҳо муолиҷа мекар­дем, вале имрўз бе ҷарроҳӣ намешавад аз ин бемориҳо халос шуд. Ин мушкил моро маҷбур кард, ки мутахасси­сони худро ба дигар кишварҳо ба бозомўзии ҷарроҳии буғуму зонуҳо равон кунем. Ҳоло мутахассисони шуъба бемамоният метавонанд, ки буғуми зонуҳоро тариқи ҷарроҳӣ иваз кунанд.

Ҳамарўза мо ҳудуди 30-40 нафарро бо бемориҳои буғуми косу рон ва зону қабул мекунем. Аслан, дар гу­заштаи на чандон дур ин бемориҳо бемориҳои хоси синну солӣ ба ҳисоб мерафтанд. Яъне вақте бо гузашти сол буғумҳо хўрда мешаванд, шахс хоҳу нохоҳ ба духтур муроҷиат мекунад. Ҳамчунин, варзишгарон низ аз ин беморӣ азият мекашанд. Онҳо дар натиҷаи фишор ба устухонҳояшон ба ин бемориҳо гирифтор мешаванд.

Андешаи ман чун мутахассис ин аст, ки сабаби зиёд шудани устухондард, пеш аз ҳама, истеъмоли ноду­русти ғизо аст, ки яке аз нишонаҳояш фарбеҳии шахс мебошад, зеро ҳангоме вазн зиёд шуд, он ба буғумҳо­ву зонуҳо фишор меорад.

Бояд таъкид намоям, ки истифодаи нодурусти кон­сентрантҳо низ боиси дарди устухону буғумҳо меша­ванд. Ҳамчунин, сабаби дигар, вайроншавии ҳормонҳои организм аст, ки он ба вайроншавии сатҳи буғуми зону ва косу рон оварда мерасонад. Шахсоне, ки доруҳои ҳормониро зиёд истифода мебаранд, бештар ба ин бе­мориҳо гирифтор мешаванд. Яъне доруҳои ҳормонии зиёд низ устухони одамро холӣ ё “пўк” мекунад.

 Миёни мардум гуфтугузоре ҳаст, ки истеъмоли маҳсулоти ноние, ки дар таркибашон “дрож” доранд, то ҷое ба холӣ ё “пук” шудани устухонҳо оварда мерасонад. Оё ин андеша дуруст аст?

— Рад ва тасдиқи чунин андешаҳо бояд дар асоси хулосаи илмӣ сурат гирад. Мутаассифона, мо чунин озмоишгоҳҳоро надорем ва аз ин хотир, дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

Вале бояд махсус қайд намуд, ки бо омадани бемории коронавирус мо акнун маълум кардем, ки оризаи он дар зону, кос ва устухонҳо низ эҳсос мешавад. Шахсоне, ки гирифтори бемории коронавирус гаштаанд, баъди ду моҳ аз дарди зонуву буғум ва умуман устухонҳо шикоят мекунанд. Масалан, ба мо ҷавоне муроҷиат намуда, аз роҳ гашта натавонистанаш шикоят кард. Вақте акси рентгенӣ бардоштем, мебинем, сараки устухони рон нест.. Ин ба он рабт мегирад, ки вақте шахс ба бемории COVID-19 гирифтор мешавад, дар натиҷаи истеъмоли доруҳои ҳормонии зиёд дард дар устухону буғумҳо пайдо мешавад. Яъне оризаи ин беморӣ то ба устухон расида, онро холӣ ё “пук”, ҳатто нест мекунад. Албатта, тавассути ҷарроҳӣ бо гузоштани маводи пластикӣ мо рони он ҷавонро барқарор намудем. Вале нигарониамон дар ин масъала зиёд аст, зеро ҳанўз оризаҳои бемории коронавирус пурра омўхта нашудаанд.

 Ҳамчун мутахассис, барои пешгирии дарди усту­хонҳо дар истеъмоли ғизо ва бурдани тарзи ҳаёти солим чӣ тавсияҳо медиҳед?

— Аҳолӣ бештар ба варзиши сабук машғул шаванд. Вазнашонро назорат кунанд. Ҳамчунин, бештар маҳсу­лоти ширӣ ва сабзавоту мева истеъмол намоянд.

Ба ғайр аз ин, аз истеъмоли зиёди дору даст кашида, бештар тавассути гиёҳҳои шифобахш, ки дар кишвара­мон зиёд аст, худро муолиҷа намоянд. Ҳамчунин, ме­хоҳам таъкид намоям, ки барои табобати дарди буғумҳо шарт нест, ки сараввал аз дору истифода кард. Бояд нахуст аз физиотерапия, об ва растаниҳои шифобахш оғоз кунем ва агар ҳамаи онҳо таъсир накард, сипас, метавонем ба дору “гузашт”.

Шумо, ки аз ҷумлаи ҷарроҳони моҳири кишвар ҳастед, оё гуфта метавонед, соҳаи ҷарроҳӣ дар Тоҷи­кистон чӣ қадар рушд кардааст?

— Соҳаи ҷарроҳӣ дар кишварамон бо суръати баланд рушд дорад. Ба хусус, дар чанд соли охир навгониҳои зиёде дар ин самт ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, айни замон намудҳои зиёди ҷаррроҳиҳое, ки ба систе­маи такяву ҳаракат вобаста ҳастанд, дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки солҳои пеш мардум барои ҷарроҳии буғуму устухонҳо, махсусан рону кос, зону ва бозу ба хориҷи кишвар мерафтанд. Ҳоло, хушбахтона, соҳаи травматология ва ортопедия дар кишвар дар байни дигар соҳаҳои тиб бамаротиб рушд кардааст ва ин аз рушди бесобиқаи илми тиб дар кишвар дарак медиҳад.

Барои хонандагони мо дар бораи фаъолияти шуъ­баатон маълумот медодед?

— Шуъбаи мо шуъбаи ортопедӣ ё раддодии калонсо­лон ном дошта, аз соли 1969 инҷониб фаъолият меку­над. Он аз 35 кат иборат буда, асосан фаъолияташ ба муолиҷа ва ҷарроҳии дасту пойҳо, буғуму рон, канда шудани мушаку пайвандҳо, умуман системаи ҳаракат нигаронида шудааст. Ҳамчунин, мо устухонҳое, ки каҷ пайванд шудаанд, омосҳои хушсифати устухонҳои дасту пой, осимилитҳои дасту пойу кос ва дигар бемориҳое, ки ба узвҳои ҳаракат вобастагӣ доранд, табобат ме­кунем.

Ҷарроҳӣ бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ гузаронида мешаванд ва мо имкон дорем, буғуми косу рон ва зонуро низ пурра иваз намоем.

Масалан, агар тағояки буғуми зону тамом шуда бо­шад, буғуми зонуро иваз мекунем.

 Шуъба дар оянда чӣ нақшаҳо дорад?

— Дар оянда нақша дорем, ки бо истифода аз дастгоҳи артраскоп бидуни буриш пўстро сурох карда, тамоми буғумҳоро ҷарроҳӣ кунем ва бемор метавонад як рўз пас озод роҳ гардад. Моҳи марти соли равон ин дастгоҳ бояд ба шуъба дастрас шавад. Ҳамчунин, ният дорем, ки ивази буғуми бозу низ дар моҳҳои наздик роҳандозӣ карда шавад.

Ин ҷо бояд махсусан қайд намоям, ки дар моҳи янва­ри соли равон бори аввал дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Маркази илмии саратоншиносӣ буғуми бозуи навра­си 14-сола ҷарроҳӣ карда шуда, ба ҷои он “эндопротез” гузошта шуд. Ҳоло вазъи саломатии наврас хуб аст.

Шуъба дар таъмини дастгоҳ ё мутахассисон чӣ мушкиле дорад?

— Камбудӣ имрўз дар мутахассисон дида намешавад, вале норасоии чанд дастгоҳи муосири тиббӣ дида ме­шавад. Масалан, дастгоҳи ЭОП дар шуъба намерасад. Мо ҳоло пеш аз ҷарроҳӣ рентген мекунем ва ҳамин тариқ, баъди ҷарроҳӣ ҳам, то донем ки чӣ гуна ҷарроҳӣ гузаронидаем. Ин дастгоҳ имконият медиҳад, ки дар як вақт мо рафти ҷарроҳиро назорат кунем.

Мусоҳибон Бибихонум Дарвешзода,

Мазҳаб Ҷумъа

Мақолаи гузашта

“ЛюксФарма” — дорухонаи замонавӣ

Мақолаи навбатӣ

«Шайх Сино» ҳоҷатбарори ҳамагон аст

user

user

Мақолаи навбатӣ
«Шайх Сино» ҳоҷатбарори ҳамагон аст

"Шайх Сино" ҳоҷатбарори ҳамагон аст

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

Ба орд оҳан андохтан чӣ ҳоҷат?

30.07.2026

30.07.2026
Ғадуди сипаршакл:  мушкили пинҳоне, ки ба саломатии занҳо таҳдид мекунад

Ғадуди сипаршакл: мушкили пинҳоне, ки ба саломатии занҳо таҳдид мекунад

28.07.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ